Сафари корӣ ба Ҷумҳурии Фаронса

8-06-2025, 13:10
82
0
 
8 июн Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои иштирок дар Конфронси сеюми Созмони Милали Муттаҳид оид ба уқёнусҳо ва муаррифии оғози Даҳсолаи байналмилалии амал оид ба илмҳои яхшиносӣ (криосферӣ), солҳои 2025-2034 ба Ҷумҳурии Фаронса сафар карданд.
Сарвари давлати мо муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ин чорабиниҳои байналмилалӣ ба ҳайси роҳбари давлати ташаббускор ва пешоҳанг дар умури ҷаҳонии обу иқлим аз ҷониби роҳбарияти давлати Фаронса ва созмони ЮНЕСКО даъват шудаанд.
Дар фурудгоҳи байналмилалии Душанбе Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, муовини якуми Роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар шахсони расмӣ гусел намуданд.
Дар ин сафар Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро вазири корҳои хориҷӣ, ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои робитаҳои хориҷӣ, вазири энергетика ва захираҳои об, раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зист, директори Агентии обуҳавошиносӣ ва дигар шахсони расмӣ ҳамроҳӣ мекунанд.
Хотиррасон бояд намуд, ки Даҳсолаи байналмилалии амал оид ба илмҳои яхшиносӣ (криосферӣ), солҳои 2025-2034 аз ҷониби СММ бо пешниҳоди якҷояи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Фаронса қабул шудааст.
Хабарҳои дигар
11 октябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои анҷом додани боздиди корӣ ба Туркманистон сафар карданд.
11 октябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои анҷом додани боздиди корӣ ба Туркманистон сафар карданд.
Дар фурудгоҳи байналмилалии Душанбе Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии
Сафари корӣ ба Ҷумҳурии Қазоқистон
Сафари корӣ ба Ҷумҳурии Қазоқистон
28 ноябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои иштирок дар ҳамоиши навбатии Шурои амнияти дастҷамъии Созмони
Сафари корӣ ба Давлати Қатар
Сафари корӣ ба Давлати Қатар
2 октябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои иштирок дар Нишасти сеюми Муколамаи ҳамкории Осиё ба Давлати
Сафари расмӣ ба Давлати Кувайт
Сафари расмӣ ба Давлати Кувайт
3 ноябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои анҷом додани боздиди расмӣ ва иштирок дар Конфронси
Сафари корӣ ба Ҷумҳурии Исломии Эрон
Сафари корӣ ба Ҷумҳурии Исломии Эрон
30 июл Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои боздиди корӣ ба шаҳри Теҳрони