Гузоштани санги асос ба марҳилаи дуюми корхонаи ҶДММ Сипар Групп дар ноҳияи Данғара
16 май дар деҳоти ба номи Исмат Шарифи ноҳияи Данғара Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба оғози сохтмони марҳилаи дуюми корхонаи ҷамъу васл ва истеҳсоли мошинҳои гуногунтамғаи зиреҳпӯш ва таҷҳизоти ҳарбии Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди Сипар Групп санги асос гузоштанд.
Корхонаи мазкур ба амалишавии «Барномаи саноатикунонии босуръати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2020-2025» мусоидат намуда, ба татбиқи ҳадафи чоруми миллӣ – саноатикунонии босуръати кишвар нигаронида шудааст.
Ба Пешвои миллат муҳтарам Эмомали Раҳмон иттилоъ дода шуд, ки масоҳати умумии майдони корхонаи саноатӣ 40 гектарро ташкил намуда, ба фаъолият оғоз намудани он имкон фароҳам меорад, то қисмате аз эҳтиёҷоти кишвар ба техникаву лавозимоти ҳарбӣ аз ҳисоби истеҳсоли ватанӣ бароварда шавад. Ҳамчунин, муҳим аст, ки 120 сокини маҳалӣ бо кори доимӣ таъмин мегарданд.
Зимни суҳбат бо масъулини соҳа ва роҳбарияти корхона Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои боз ҳам афзун намудани ҳаҷми истеҳсолот ва намудҳои маҳсулот, ба талаботи замон мутобиқ сохтани сифати онҳо ва ҳамзамон ба роҳ мондани омӯзишу омодасозии мутахассисони маҳаллӣ ба онҳо дастуру тавсияҳои мушаххас доданд.
Хабарҳои дигар
Боздид аз корхонаи дӯзандагии Тоҷикистону Корея ҶДММ “Ориён Ҷей Текстайл” ва гузоштани санги асоси марҳилаи дуюм
9 сентябр дар доираи сафари корӣ ба вилояти Суғд Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар маҳаллаи Темурмалики
Боздид аз рафти корҳои сохтмонии марҳилаи дуюми корхонаи «Муосир» дар деҳаи Ғиҷоваки ноҳияи Данғара
19 сентябр дар деҳаи Ғиҷоваки деҳоти Пушинги ноҳияи Данғара Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси Маҷлиси
Ифтитоҳи корхонаи ашёи рӯзгори ҶДММ Ситора саноат дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров
29 март Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров Корхонаи истеҳсоли ашёи рӯзгори ҷамъияти
Гузоштани санги асос ба бунёди коргоҳи дару тиреза ва панелҳои алюминии ҶДММ Куруши Кабир Индастри дар ноҳияи Данғара
16 май Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни сафари корӣ ба ноҳияи Данғараи вилояти Хатлон дар деҳоти Корез
Ифтитоҳи корхонаи ҶДММ Оксус Интеразия ва шиносоӣ бо лоиҳаи бунёди корхонаи ҶДММ Сомон Фуд Хатлон дар МОИ “Данғара”
16 май Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар идомаи сафари кории худ ба ноҳияи Данғараи вилояти Хатлон дар






