МАРКАЗИ ТЕХНОЛОГИЯИ ИНФОРМАТСИОНӢ ВА КОММУНИКАТСИЯИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН » Раиси вилоят » КӮЛОБ. ИШТИРОКИ САРВАЗИРИ МАМЛАКАТ ДАР МАЪРАКАИ КИШТИ ПУНБАДОНА ДАР ҶДММ “ПАХТАИ КӮЛОБ”

КӮЛОБ. ИШТИРОКИ САРВАЗИРИ МАМЛАКАТ ДАР МАЪРАКАИ КИШТИ ПУНБАДОНА ДАР ҶДММ “ПАХТАИ КӮЛОБ”

10-04-2025, 07:19
127
0
09.05.2025 Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода, раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид ва дигар шахсони расмӣ дар маъракаи кишти пунбадона дар ҶДММ “Пахтаи Кӯлоб” иштирок намуданд.
ҶДММ “Пахтаи Кӯлоб” бо қарори раиси шаҳри Кӯлоб аз 29 декабри соли 2023, дар асоси якҷоякунии хоҷагиҳои “Хатлон”, “Сабз-Н” ва “Саид Алии Ҳамадонӣ”, дар масоҳати умумии 1894,8 гектар таъсис ёфтааст. Аз он 1824 гектар заминҳои корам мебошанд. Дар мавсими кишти соли 2024 дар майдони 1136 гектар пахта кишт шудааст. Ҳосили миёнаи он 10,6 сентнерро ташкил додааст.
Ҷамъият дар доираи корҳои омодагӣ ба мавсим беш аз 63 адад техника ва таҷҳизоти кишоварзӣ харидорӣ ва ворид намуда, зиёда аз 60 километр заҳбуру заҳкаш ва каналҳоро тоза кардааст.
Ҳамзамон, то имрӯз маблағи умумии сармоягузорӣ дар хоҷагӣ беш аз 35 миллион сомонӣ буда, тамоми андозҳои давлатӣ ба маблағи 2,5 миллион сомонӣ сари вақт пардохт гардидаанд.
Дар корхонаи мазкур 845 нафар корманд бо ҷойи кори доимӣ, мавсимӣ ва маоши муносиб таъмин мебошанд. Кишти саривақтии пахта дар ин замин на танҳо ба таъмини бозори дохилӣ бо ашёи хом мусоидат мекунад, балки ба рушди соҳаи бофандагии ватанӣ низ такони ҷиддӣ мебахшад.

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 
Хабарҳои дигар
КӮЛОБ. БОЗДИДИ ҚОҲИР РАСУЛЗОДА АЗ НАШЪУНАМОИ ПАХТАИ ЗЕРИ ПЛЁНКА ДАР ХОҶАГИИ ДЕҲҚОНИИ «ДАВЛАТ НАЗАР»
КӮЛОБ. БОЗДИДИ ҚОҲИР РАСУЛЗОДА АЗ НАШЪУНАМОИ ПАХТАИ ЗЕРИ ПЛЁНКА ДАР ХОҶАГИИ ДЕҲҚОНИИ «ДАВЛАТ НАЗАР»
9 апрел, дар доираи сафари кории худ ба вилояти Хатлон Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода, раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид ва ҳайати
РАИСИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ БА МАЪРАКАИ ҶАМЪОВАРИИ ПАХТА ҲУСНИ ОҒОЗ БАХШИДАНД
РАИСИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ БА МАЪРАКАИ ҶАМЪОВАРИИ ПАХТА ҲУСНИ ОҒОЗ БАХШИДАНД
Рӯзи 4 сентябр, раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид, вазири нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон Азим Иброҳим, раиси шаҳри Кӯлоб Назарзода Бахтиёр ва дигар
ШАҲРИТУС: ОҒОЗИ КИШТИ ПУНБАДОНАИ ЗЕРИ ПЛЁНКА БО ИШТИРОКИ РАИСИ ВИЛОЯТ
ШАҲРИТУС: ОҒОЗИ КИШТИ ПУНБАДОНАИ ЗЕРИ ПЛЁНКА БО ИШТИРОКИ РАИСИ ВИЛОЯТ
Имрӯз, 19 март, раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид зимни сафари корӣ дар ҷамоати деҳоти Т.Садриддинов ва ҷамоати деҳоти Тоҷдорони ноҳияи Шаҳритус
НОСИРИ ХУСРАВ: БОЗДИДИ РАИСИ ВИЛОЯТ АЗ САМАРАНОК ИСТИФОДАБАРИИ ЗАМИН ДАР ХОҶАГИҲОИ ДЕҲҚОНИИ “АЪЗАМҶОН-2022” ВА “САМАРИДДИН”
НОСИРИ ХУСРАВ: БОЗДИДИ РАИСИ ВИЛОЯТ АЗ САМАРАНОК ИСТИФОДАБАРИИ ЗАМИН ДАР ХОҶАГИҲОИ ДЕҲҚОНИИ “АЪЗАМҶОН-2022” ВА “САМАРИДДИН”
Имрӯз, 19 март, раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид зимни сафари корӣ дар ноҳияи Қубодиён аз рафти нашъунамои пиёзи барвақтӣ дар хоҷагии деҳқонии
ҚУБОДИЁН: БОЗДИДИ РАИСИ ВИЛОЯТ АЗ НАШЪУНАМОИ ПИЁЗИ БАРВАҚТӢ, СИРПИЁЗ ВА ОҒОЗИ КИШТИ ПУНБАДОНАИ ЗЕРИ ПЛЁНКА
ҚУБОДИЁН: БОЗДИДИ РАИСИ ВИЛОЯТ АЗ НАШЪУНАМОИ ПИЁЗИ БАРВАҚТӢ, СИРПИЁЗ ВА ОҒОЗИ КИШТИ ПУНБАДОНАИ ЗЕРИ ПЛЁНКА
Имрӯз, 19 март, раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид зимни сафари корӣ дар ҷамоати деҳоти Тахти Сангини ноҳияи Қубодиён аз рафти нашъунамои пиёзи