ВОСЕЪ: БОЗДИДИ САРВАЗИРИ МАМЛАКАТ ҚОҲИР РАСУЛЗОДА АЗ ХОҶАГИИ ДЕҲҚОНИИ “ВОСИЛ”
9 апрел, дар доираи сафари кории Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода ва раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид ба ноҳияи Восеъ, ҳайати расмӣ аз фаъолияти хоҷагии деҳқонии “Восил” боздид намуданд.
Гармхонаҳои ин хоҷагӣ бо тарҳи замонавӣ ва ҷавобгӯ ба талаботи муосир дар масоҳати умумии 2 гектар бунёд гардидаанд. Аз ин ҳисоб, 0,08 гектар барои парвариши қулфинай дар гармхона, 0,30 гектар барои дарахтони лиму ва 0,10 гектар барои қулфинайи зери плёнка ҷудо шудааст.
Хоҷагии деҳқонии “Восил” дар самти истифодаи самараноки гармхонаҳо таҷрибаи ғанӣ дошта, дар давоми солҳои охир ба яке аз намунаҳои пешқадам дар минтақа табдил ёфтааст. Аз моҳи декабри соли ҷорӣ то имрӯз маҳсулоти қулфинай ба бозорҳои дохилии ноҳия ва шаҳру ноҳияҳои атроф ба таври мунтазам ба фурӯш бароварда шуда, ба ҳисоби миёна бо нархи 40–45 сомонӣ фурӯхта мешавад. Ин нишондиҳанда далели равшани самаранок истифодабарии гармхона ва ташкили дурусти раванди истеҳсол мебошад.
Масъулини хоҷагӣ иброз доштанд, ки дар асоси сиёсати давлат оид ба рушди соҳаи кишоварзӣ ва истифодаи оқилонаи захираҳои замин, нақша доранд дар оянда масоҳати гармхонаҳоро васеъ намуда, намуди зотҳои нави мева ва сабзавотро ворид намоянд. Ҳамчунин, таваҷҷуҳи хос ба истифодаи технологияҳои обёрии қатрагӣ, рӯёндани ҳосили баланд ва таъмини бозори маҳаллӣ бо маҳсулоти босифат равона гардидааст.
Хабарҳои дигар
ВОСЕЪ: БОЗДИДИ САРВАЗИРИ МАМЛАКАТ ҚОҲИР РАСУЛЗОДА АЗ ХОҶАГИИ ДЕҲҚОНИИ “САЛОМИДДИН”
9 апрел, дар доираи сафари кории Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода ва раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид ба ноҳияи Восеъ, ҳайати расмӣ
КӮЛОБ. БОЗДИДИ ҚОҲИР РАСУЛЗОДА АЗ НАШЪУНАМОИ ПАХТАИ ЗЕРИ ПЛЁНКА ДАР ХОҶАГИИ ДЕҲҚОНИИ «ДАВЛАТ НАЗАР»
9 апрел, дар доираи сафари кории худ ба вилояти Хатлон Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода, раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид ва ҳайати
БОЗДИДИ РАИСИ ВИЛОЯТ АЗ ГАРМХОНАҲОИ ХОҶАГИИ ДЕҲҚОНИИ «ЯХАКПАСТ»
Имрӯз, 18 феврал, раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид зимни сафари корӣ ба ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ аз самаранок истифодабарии замин дар гармхонаҳои
ОҒОЗИ КИШТИ ПАХТА ВА ШИНОСОӢ БО ФАЪОЛИЯТИ ХОҶАГИИ ДЕҲҚОНИИ "ДУБЕДА"
3 апрел, раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид зимни сафари корӣ дар хоҷагии деҳқонии "Дубеда"-и ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ ба кишти пунбадонаи
ПАНҶ. БОЗДИДИ РАИСИ ВИЛОЯТ АЗ САМАРАНОК ИСТИФОДАБАРИИ ЗАМИН ВА ҶАМЪОВАРИИ ҲОСИЛИ КАРТОШКА ДАР ХОҶАГИИ ДЕҲҚОНИИ ДАВРОН
Имрӯз, 16 май, раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид зимни сафари корӣ дар ноҳияи Панҷ аз самаранок истифодабарии замин ва ҷамъоварии ҳосили картошка







