МАРКАЗИ ТЕХНОЛОГИЯИ ИНФОРМАТСИОНӢ ВА КОММУНИКАТСИЯИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН » Президент » Мулоқот бо Президенти Ҷумҳурии Узбекистон Шавкат Мирзиёев

Мулоқот бо Президенти Ҷумҳурии Узбекистон Шавкат Мирзиёев

3-04-2025, 17:07
89
0
3 апрел дар шаҳри Самарқанд дар ҳошияи Ҳамоиши “Осиёи Марказӣ ва Иттиҳоди Аврупо” Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Ҷумҳурии Узбекистон муҳтарам Шавкат Мирзиёев мулоқот намуданд.
Дар вохӯрӣ вазъ ва дурнамои муносибатҳои Тоҷикистону Узбекистон, инчунин масъалаҳои мубрами байналмилалӣ ва минтақавӣ баррасӣ шуд.
Президенти кишвари мо муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз суръати рушди ҳамкорӣ, аз ҷумла дар бахшҳои иқтисодию тиҷоратӣ ва фарҳангию гуманитарӣ изҳори қаноатмандӣ намуданд.
Шавкат Мирзиёев бори дигар аз таассуроташон аз чорабиниҳои чанде пеш дар шаҳри Хуҷанд ёдовар шуда, ба ҷараён ва натиҷаҳои онҳо баланд доданд.
Аз имзои Аҳднома миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Узбекистон дар бораи муносибатҳои ҳампаймонӣ изҳори қаноатмандӣ карда шуд ва бори дигар аҳамияти он дар рушди ҳамкории байнидавлатӣ таъкид гардид.
Ба масоили густариши ҳамкорӣ дар бахшҳои гуногуни саноат, татбиқи имконоти содиротиву сармоягузорӣ ва вусъати робитаҳои байни минтақаҳо таваҷҷуҳи зиёд зоҳир гардид.
Ҳамчунин оид ба дигар мавзуъҳои мавриди таваҷҷуҳи муштарак гуфтугӯи судманд сурат гирифт.

 

 

 
Хабарҳои дигар
Мулоқоту музокироти сатҳи олии Тоҷикистону Узбекистон
Мулоқоту музокироти сатҳи олии Тоҷикистону Узбекистон
Баъди анҷоми маросими истиқболи расмӣ дар Қасри миллат баррасии масоили дӯстию ҳамкории Тоҷикистону Узбекистон дар мулоқоти хосаи Сарони давлатҳо
Мулоқот бо Президенти Ҷумҳурии Узбекистон Шавкат Мирзиёев
Мулоқот бо Президенти Ҷумҳурии Узбекистон Шавкат Мирзиёев
31 март дар шаҳри Хуҷанд мулоқоти Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Ҷумҳурии Узбекистон муҳтарам
Маросими гусели сарони давлатҳои Қирғизистон ва Узбекистон
Маросими гусели сарони давлатҳои Қирғизистон ва Узбекистон
Шоми 31 март пас аз иштирок дар чорабиниҳои фарҳангӣ ба ифтихори ҷашни байналмилалии Наврӯз ва анҷоми сафари корӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон сарони
Иштирок дар Вохӯрии шашуми машваратии сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ
Иштирок дар Вохӯрии шашуми машваратии сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ
9 август дар шаҳри Остонаи Ҷумҳурии Қазоқистон Вохӯрии шашуми машваратии сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ баргузор гардид. Дар Вохӯрии шашуми
Мулоқот бо Президенти Комиссияи Иттиҳоди Аврупо хонум Урсула фон дер Ляйен
Мулоқот бо Президенти Комиссияи Иттиҳоди Аврупо хонум Урсула фон дер Ляйен
3 апрел дар шаҳри Самарқанд дар ҳошияи Ҳамоиши “Осиёи Марказӣ ва Иттиҳоди Аврупо” Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ