ТАҶЛИЛИ РӮЗИ МОДАР ДАР ХАТЛОН

7-03-2025, 10:14
102
0
Ба муносибати Рӯзи модар дар Театри вилоятии мусиқӣ-мазҳакавии ба номи Ато Муҳаммадҷонови шаҳри Бохтар ҳамоиши бошукӯҳ баргузор гардид.
Дар ин чорабинии идона муовинони раиси вилояти Хатлон Музаффар Мирзозода, Анзурат Абдусаломзода, намояндагони мақомоти иҷроияи маҳаллӣ ва занону модарони фаъоли вилоят иштирок намуданд.
Ҳамоиш бо суханронии Музаффар Мирзозода, муовини якуми раиси вилояти Хатлон, оғоз гардид. Ӯ бо самимият тамоми иштирокчиён, махсусан модарону бонувони шарафманди вилояти Хатлонро аз номи раиси вилояти Хатлон бахшида ба Рӯзи модар табрик намуда, нақши беназири занро дар ҷомеа таъкид кард.
-Зан сарчашмаи зиндагӣ, меҳрубонӣ ва садоқат аст. Бо нерӯи бепоёни худ ӯ чароғи хонадони ҳар як инсон ва тарбиятгари наслҳои солим мебошад. Арҷгузорӣ ба модар ва қадршиносии заҳматҳои ӯ нишонаи маърифати баланд ва фарҳанги волои ҷомеаи мост, -изҳор дошт Музаффар Мирзозода.
Дар идомаи ҳамоиш, бо қадрдонии талошҳои пайвастаи модарон дар рушду пешрафти кишвар, ба як қатор бонувони фаъол сипосномаҳои раиси вилояти Хатлон тақдим гардид. Дар қисмати дуюми чорабинӣ барномаи рангини фарҳангӣ пешкаши иштирокдорон гардид.

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 
Хабарҳои дигар
ХАТЛОН: ТАҶЛИЛИ РӮЗИ ПАРЧАМИ МИЛЛӢ БО РОҲПАЙМОӢ
ХАТЛОН: ТАҶЛИЛИ РӮЗИ ПАРЧАМИ МИЛЛӢ БО РОҲПАЙМОӢ
22 ноябр дар маркази маъмурии вилояти Хатлон – шаҳри Бохтар ба ифтихори Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши мутантани вилоятӣ ва
ПАЁМИ ТАБРИКИИ РАИСИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН ДАВЛАТАЛӢ САИД БА МУНОСИБАТИ РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ОИЛА
ПАЁМИ ТАБРИКИИ РАИСИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН ДАВЛАТАЛӢ САИД БА МУНОСИБАТИ РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ОИЛА
Ҳамдиёрони азиз! Оила ҳамчун ниҳоди иҷтимоӣ дар ташаккули шахсияти инсон аҳамияти муҳим дошта, пойдории он барои рушди босуботи ҷомеа хеле муҳиму
ПАЁМИ ТАБРИКИИ РАИСИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН ДАВЛАТАЛӢ САИД БА МУНОСИБАТИ ИДИ САИДИ ФИТР
ПАЁМИ ТАБРИКИИ РАИСИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН ДАВЛАТАЛӢ САИД БА МУНОСИБАТИ ИДИ САИДИ ФИТР
Ҳамдиёрони азиз! Ҳамаи шуморо бо фарорасии Иди саиди Фитр, ки яке аз суннатҳои муҳимми маънавии мардуми мусулмон ва нишонаи эҳтирому гиромидошти
ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ ҶАШНИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ ДАР МАРКАЗИ МАЪМУРИИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН - ШАҲРИ БОХТАР
ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ ҶАШНИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ ДАР МАРКАЗИ МАЪМУРИИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН - ШАҲРИ БОХТАР
8 сентябр, дар варзишгоҳи Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав бо иштироки Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода ва раиси вилояти
ҶАЛАСАИ ШӮРОИ ВИЛОЯТИИ МУТОБИҚСОЗИЮ МЕТОДӢ ОИД БА ТАЪЛИМ ВА ТАРБИЯИ ҲУҚУҚИ ШАҲРВАНДОН БАРГУЗОР ГАРДИД
ҶАЛАСАИ ШӮРОИ ВИЛОЯТИИ МУТОБИҚСОЗИЮ МЕТОДӢ ОИД БА ТАЪЛИМ ВА ТАРБИЯИ ҲУҚУҚИ ШАҲРВАНДОН БАРГУЗОР ГАРДИД
Имрӯз, 24 июл, бо мақсади татбиқи дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки аз Паёмашон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи