МАРКАЗИ ТЕХНОЛОГИЯИ ИНФОРМАТСИОНӢ ВА КОММУНИКАТСИЯИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН » Раиси вилоят » МУЛОҚОТИ РАИСИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН БО РОҲБАРИЯТИ ҶДММ «АПК АЗЕРПАМБЫГ»-И ҶУМҲУРИИ ОЗАРБОЙҶОН

МУЛОҚОТИ РАИСИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН БО РОҲБАРИЯТИ ҶДММ «АПК АЗЕРПАМБЫГ»-И ҶУМҲУРИИ ОЗАРБОЙҶОН

7-05-2024, 13:40
98
0
Имрӯз дар толори Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон раиси вилоят Давлаталӣ Саид бо роҳбарияти ҶДММ «АПК Азерпамбыг»-и Ҷумҳурии Озарбойҷон мулоқот анҷом доданд.
Дар мулоқот Фахри Мехтиев, директор ҶДММ «АПК Азерпамбыг»-и Ҷумҳурии Озарбойҷон, Гусейн Гафаров, муовини якуми директор, Ниджат Камилли, сардори шуъбаи рушди соҳибкорӣ ва Рафаель Таиров, сарагрономи ширкати мазкур иштирок доштанд.
ҶДММ «АПК Азерпамбыг» 25 майи соли 2018 барои амалӣ намудани фаъолият дар соҳаи пахтакорӣ таъсис дода шудааст. Самти асосии фаъолияти корхона истеҳсоли пахтаи хом, нахи пахта ва маҳсулоти пахтагӣ мебошад.
Дар мулоқот зикр гардид, ки Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон ба таҳким ва густариши робитаҳои дуҷониба, аз ҷумла тавсеаи ҳамкорӣ дар рушди иқтисодии дуҷониба ҳавасманд мебошад.
Раиси вилоят зимни суханронӣ иброз доштанд, ки пахтакорӣ яке аз самтҳои муҳими соҳаи кишоварзии вилоят ба шумор рафта, кишоварзон солона то 300 000 тонна “тиллои сафед” ҷамъоварӣ менамоянд, аммо солҳои охир нархи пахта талаботи деҳқононро қонеъ намесозад.
Зимни мулоқот Фахри Мехтиев, директор ҶДММ «АПК Азерпамбыг»-и Ҷумҳурии Озарбойҷон зикр намуданд, ки шикати мо бузургтарин содиркунанда буда, метавонем пахтаи истеҳсолнамудаи вилоятро аз нархи мавҷуда қиматтар харидорӣ намоем.
Ҷонибҳо ба мувофиқа расиданд, ки дар оянда барои истеҳсоли пахтаи хом, нахи пахта ва маҳсулоти пахтагӣ ҳамкориро шуруъ намоянд.
Бояд зикр намуд, ки дар 3 моҳи аввали соли 2024 гардиши савдои хориҷӣ 120,6 млн. доллари амрикоиро ташкил дода, нисбат ба ҳамин давраи соли 2023-ум 125,1% ё 24,2 млн. доллар зиёд мебошад. Содироти мол бошад, ба 66,2 млн. доллар расида, нисбат ба соли 2023-ум 182,7 % ё 30 млн. доллар зиёд аст.

 

 

 

 

 

 
Хабарҳои дигар
МУЛОҚОТИ РАИСИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН БО САФИРИ ФАВҚУЛОДДА ВА МУХТОРИ ҶУМҲУРИИ ТУРКМАНИСТОН ДАР ТОҶИКИСТОН
МУЛОҚОТИ РАИСИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН БО САФИРИ ФАВҚУЛОДДА ВА МУХТОРИ ҶУМҲУРИИ ТУРКМАНИСТОН ДАР ТОҶИКИСТОН
Имрӯз, 3 май, дар толори Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон раиси вилоят Давлаталӣ Саид бо сафири фавқулодда ва мухтори Туркманистон
ҶАЛАСАИ СИТОДИ КОРӢ ОИД БА МУБОРИЗА БАР ЗИДДИ МАЛАХ
ҶАЛАСАИ СИТОДИ КОРӢ ОИД БА МУБОРИЗА БАР ЗИДДИ МАЛАХ
Имрӯз, 7 май, дар толори Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон бо иштироки раиси вилоят Давлаталӣ Саид ҷаласаи ситоди корӣ оид ба
ЁВОН. БОЗДИД АЗ КОРҲОИ СОХТМОНИИ ХАТТИ НАВИ ИСТЕҲСОЛИ АМСТРОНГ
ЁВОН. БОЗДИД АЗ КОРҲОИ СОХТМОНИИ ХАТТИ НАВИ ИСТЕҲСОЛИ АМСТРОНГ
Имрӯз, 12 апрел, зимни сафари корӣ раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид дар ноҳияи Ёвон аз рафти корҳои сохтмонии хатти нави истеҳсоли амстронг дар
Мулоқоту музокироти сатҳи олии Тоҷикистону Узбекистон
Мулоқоту музокироти сатҳи олии Тоҷикистону Узбекистон
Баъди анҷоми маросими истиқболи расмӣ дар Қасри миллат баррасии масоили дӯстию ҳамкории Тоҷикистону Узбекистон дар мулоқоти хосаи Сарони давлатҳо
Ифтитоҳи корхонаи истеҳсоли равған дар заминаи ҶДММ “Сирдарё” дар шаҳри Хуҷанд
Ифтитоҳи корхонаи истеҳсоли равған дар заминаи ҶДММ “Сирдарё” дар шаҳри Хуҷанд
Дар идомаи сафари корӣ Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Минтақаи саноатии