НИШАСТИ МАТБУОТИИ РАИСИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН БАРГУЗОР ГАРДИД
Имрӯз, 12 феврал, раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид дар нишасти матбуотӣ бо иштироки намояндаи воситаҳои ахбори омма натиҷаҳои рушди иқтисодию иҷтимоии вилоятро дар соли 2024 рӯнамоӣ намуданд.
Раиси вилоят таъкид карданд, ки дар ин давра аҳли заҳмати вилояти Хатлон бо мақсади иҷрои дастуру супоришҳои Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, дар доираи барномаю нақшаҳои тасдиқгардида чораҷӯӣ намуда, нишондиҳандаҳои назаррасро ба даст оварданд.
Аз ҷумла, соли 2024 маҷмуи маҳсулоти минтақавӣ ба 42,8 миллиард сомонӣ баробар гардид. Суръати рушди соҳаҳои иқтисодию иҷтимоӣ 8,3% таъмин шуда, ҳиссаи он дар таркиби маҷмуи маҳсулоти дохилии кишвар 27,9 фоизро ташкил дод, ки нисбат ба соли 2023 ба андозаи 6,2 миллиард сомонӣ зиёд мебошад.
Дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон соли гузашта дар доираи нақшаи чорабиниҳои таҷлили ҷашни бузурги миллӣ - 35-солагии Истиқлоли давлатӣ 1663 иншооти ҷашнӣ сохта ба истифода дода шуд, ки баробари 134,1%-и дурнамои солона аст.
Дар доираи омодагиҳо ба ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ, тибқи нақша, дар шаҳру ноҳияҳои вилоят сохтмони 6260 иншоот пешбинӣ гардида, то имрӯз зиёда аз 4 ҳазор биною иншоот ба маблағи умумии 3,3 миллиард сомонӣ мавриди баҳрабардории умум қарор гирифтаанд.
Дар нишасти матбуотӣ инчунин зикр гардид, ки соли 2024 кишоварзони вилоят ҳаҷми маҳсулоти умумии кишоварзиро ба 39,2 миллиард сомонӣ расониданд, ки афзоиши он нисбат ба ҳамин давраи соли 2023-юм 3,4 миллиард сомонӣ мебошад.
- Дар давраи ҳисоботӣ кишоварзони вилоят дар самти истифодаи самараноки замин, беҳтар намудани ҳолати мелиоративӣ, ба гардиши кишоварзӣ ворид намудани заминҳои бекорхобида ва афзун намудани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ корҳои муайянро ба анҷом расониданд, - илова кард раиси вилоят Давлаталӣ Саид. - Ҳиссаи вилояти Хатлон дар истеҳсоли маҷмуи маҳсулоти кишоварзии ҷумҳурӣ ба 53% баробар шуд. Аз ҷумла, афзоиш дар бахши растанипарварӣ 27,4 миллиард сомонӣ (112,6%) ва чорводорӣ 11,8 миллиард сомонӣ (103,2%) таъмин гардид.
Иттилдоъ дода, шуд, ки соли 2024 аз ҷониби соҳибкорони ватандӯст дар вилоят 89 корхона ва коргоҳҳои саноатӣ бо таъсиси зиёда аз 1000 ҷойи нави корӣ сохта ба истифода дода шуд. Шумораи умумии корхонаҳо ба 874 адад расид. Имрӯзҳо дар корхонаҳои саноатии вилоят 185 номгӯи маҳсулот истеҳсол карда мешавад.
- Ин дастовардҳо натиҷаи заҳмати аҳли вилоят ва татбиқи самараноки барномаю нақшаҳои рушди иҷтимоию иқтисодӣ мебошанд, - афзуд раиси вилоят.
Дар нишасти матбуотӣ аз ҷониби хабарнигорон доир ба ҷалби сармояи мустақими хориҷӣ ба иқтисодиёти вилоят, зарурати барқарории маркази барқу гармидиҳӣ дар шаҳри Бохтар, азнавсозии теппаи таърихии “Қӯрғон”, иҷрои муваффақонаи маъракаи даъвати ҷавонон ба сафи Артиши миллӣ, натиҷаҳои усули корбурди фардии “Хона ба хона”, эҳтиёҷот ба бунёди муассисаҳои таълимии таҳсилоти умумӣ ва томактабӣ дар маҳаллу деҳаҳои навбунёд, фарогирии мавҷи радиои вилоят, бартараф намудани мушкилоти вобаста ба таъмини оби полезӣ дар ноҳияҳои Қубодиёну Шаҳритус ва дигар мавзуъҳои экологӣ, кишоварзӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ масъалагузорӣ гардида, аз ҷониби раиси вилоят Давлаталӣ Саид тавзеҳу посухи муфассал дода шуд.
Раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид дар нишасти матбуотӣ аз хабарнигорон барои ҳамкории судманд изҳори сипос намуд.
Зикр гардид, ки нақши журналистон дар инъикоси воқеӣ ва саҳеҳии раванди рушди иқтисодию иҷтимоии вилоят ниҳоят муҳим аст. “Шумо ҳамчун чашму гӯши ҷомеа ба сокинон маълумоти саҳеҳ ва воқеиро мерасонед. Бо заҳмати шумо шаҳрвандон бо фаъолияти мақомоти давлатӣ шинос гардида, ба ахбори муҳим дастрасӣ пайдо мекунанд. Ҳамкории самарабахши мо боиси он гардид, ки дастовардҳо, мушкилот ва роҳҳои ҳалли онҳо мунтазам дар матбуот, телевизион ва шабакаҳои иҷтимоӣ инъикос ёбанд”, – таъкид кард раиси вилоят.
Давлаталӣ Саид хабарнигоронро ба ташаккули афкори созандаи ҷомеа даъват намуда, изҳор дошт, ки расонаҳо бояд ба инъикоси корҳои ободониву созандагӣ, муаррифии ташаббусҳои наҷиб ва рушди тафаккури созанда дар миёни шаҳрвандон таваҷҷуҳи бештар зоҳир намоянд.
- Вилояти Хатлон дар арафаи ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ ба корҳои созандагию бунёдкорӣ авлавияти бештар додааст, - афзуд раиси вилоят. - Дар ин раванд, нақши журналистон дар ҳидоят ва рӯҳбаландии ҷомеа ниҳоят муҳим аст. Мо омодаем ҳамкории худро бо шумо боз ҳам тақвият бахшем.
Хабарҳои дигар
НИШАСТИ МАТБУОТИИ РАИСИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН БАРГУЗОР ГАРДИД
Имрӯз, 9 август, дар маҷлисгоҳи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон нишасти матбуотии раиси вилоят Давлаталӣ Саид бо иштироки беш аз
ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ НАТИҶАҲОИ ИҚТИСОДИЮ ИҶТИМОИИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН ДАР НӮҲ МОҲИ СОЛИ 2024
Имрӯз, 14 октябр, дар маҷлисгоҳи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон ҷаласаи ҷамъбасти натиҷаҳои иҷтимоию иқтисодии вилояти Хатлон
Маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
31 октябр таҳти раёсати Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, Раиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон маҷлиси Ҳукумати
ИҶЛОСИЯИ БИСТУ ДУЮМИ МАҶЛИСИ ВАКИЛОНИ ХАЛҚИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН, ДАЪВАТИ ШАШУМ
Имрӯз, 12 декабр, дар маҷлисгоҳи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон иҷлосияи бистуми Маҷлиси вакилони халқи вилояти Хатлон, даъвати
ПЕШРАВИҲОИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН ВА АФЗОИШИ РУШДИ МИНТАҚАВӢ
Имрӯз, 16 апрел, дар толори Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят бо иштироки раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид ҷаласаи ҷамъбастии натиҷаҳои


















