ШИНОСОИИ РАИСИ ВИЛОЯТ АЗ МАВЗЕЪҲОИ ХУРУҶИ МАЛАХ ДАР НОҲИЯИ ВАХШ
4 феврал, раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид аз мавзеъҳои хурӯҷи малах дар ҷамоати деҳоти Машъали ноҳияи Вахш дидан намуданд.
Иттилоъ дода шуд, ки дар талу теппаҳои ҷамоати мазкур 60000 гектар замини чарогоҳ буда, бештар аз хуруҷи малахи марокашӣ зиён мебинанд.
Бояд зикр намуд, ки корҳои кимиёвӣ бар зиди малахи марокашӣ аз моҳи март оғоз гардида, давоми се марҳила гузаронида мешавад.
Бояд зикр намуд, ки санаи 8 январи соли ҷорӣ бо иштироки раиси вилоят Давлаталӣ Саид аввалин ҷаласаи ситоди корӣ оид ба мубориза бар зидди малах баргузор гардида буд.
Раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид зимни боздид бо мақсади омодагӣ ба мавсими “Мубориза бар зидди малах”, саривақт гузаронидани чорабиниҳо ва дар ин замина муҳофизати майдонҳои кишти зироатҳои кишоварзӣ, чарогоҳҳо ва ҷангалзорҳо аз малахи марокашӣ, инчунин ҳаллу фасл намудани мушкилоту камбудиҳо дар мубориза бар зидди малах ба масъулон супориш доданд.
Ба назари мутахассисон малахи марокашӣ аслан дар минтақаҳои барои гузаронидани коркардҳои кимиёӣ дастнорас тухм гузошта, давра ба давра аз доманакӯҳҳо ба водиҳо ва марзҳои кишоварзии вилояти Хатлон мефароянд.
Ба хотири пешгирӣ аз паҳншавии хуруҷи малахи марокашӣ дар вилояти Хатлон Ситоди мубориза бар зидди малах дар шаҳру ноҳияҳо таъсис дода шуда, то имрӯз аз ҷониби Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон ҷиҳати пешгирӣ аз паҳншавии малах заҳрхимикатҳо, сӯзишворӣ ва дигар воситаҳои зарурӣ дастрас гардидааст.
Роҳбари Филиали Муассисаи давлатии «Экспедитсияи мубориза бар зидди малах» дар вилояти Хатлон вазифадор карда шуд, ки дар муҳлатҳои кутоҳтарин мушоҳидаҳои зимистонаро оид ба муайян намудани мавзеъҳои тухмгузории малах ба анҷом расонанд, дар ҳар як шаҳру ноҳия харитаи мавзеъҳоро муайян ва коркарди техникиро дар ин мавзеъҳо ба роҳ монанд, дар ҳамкорӣ бо сохтори болоии худ ҷиҳати саривақт таъмиру омода кардани техникаю мошинолотҳои корхона ва ба миқдори зарурӣ захира намудани заҳрхимикатҳои сахттаъсир тадбирҳои заруриро амалӣ намоянд.
Хабарҳои дигар
СИТОДИ МУБОРИЗА БАР ЗИДДИ МАЛАХ БАРГУЗОР ГАРДИД
Имрӯз, 8 январ, дар толори Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон бо иштироки раиси вилоят Давлаталӣ Саид ҷаласаи ситоди корӣ оид ба
ҶАЛАСАИ СИТОДИ КОРӢ ОИД БА МУБОРИЗА БАР ЗИДДИ МАЛАХ
Имрӯз, 7 май, дар толори Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон бо иштироки раиси вилоят Давлаталӣ Саид ҷаласаи ситоди корӣ оид ба
ҶАЛАСАИ КОРИИ НАЗДИ РАИСИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН БАРГУЗОР ГАРДИД
20 январ, дар толори Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон бо иштироки раиси вилоят Давлаталӣ Саид ҷаласаи корӣ баргузор гардид.
Ифтитоҳи бинои Шуъбаи минтақавии мубориза бар зидди ҷиноятҳои муташаккили ВКД дар ноҳияи Нуробод
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бинои Шуъбаи минтақавии мубориза бар зидди ҷиноятҳои муташаккили Раёсати
ҶАЛАСАИ КОРИИ РАИСИ ВИЛОЯТ ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ
Имрӯз, 24 январ, раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид дар доираи сафари корӣ дар толори Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб ҷаласаи корӣ








