Мулоқот бо муовини Дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид Владимир Воронков
4 ноябр дар шаҳри Ал-Кувайт Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳошияи Конфронси байналмилалии сатҳи баланд “Тақвияти ҳамкории байналмилалӣ дар самти мубориза бо терроризм ва эҷоди механизмҳои самараноки амнияти сарҳадӣ - Марҳилаи Кувайтии Раванди Душанбе” бо муовини Дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид Владимир Воронков мулоқот намуданд.
Дар вохӯрӣ масоили ҳамкории самарабахши Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Дафтари зиддитеррористии Созмони Милали Муттаҳид, ҳамчунин ҷараёни кори конфронси зикргардида баррасӣ шуд.
Таваҷҷуҳи зиёд ба афзоиши таҳдиду хатарҳо ба амну субот, аз ҷумла терроризму экстремизм ва дигар ҷиноятҳои муташаккили фаромарзии вобаста ба ин зуҳурот зоҳир гардид.
Ҳар ду ҷониб омодагии худро барои таҳкими ҳамкории байналмилалӣ ва минтақавӣ дар мубориза бо хатару таҳдидҳои мазкур изҳор доштанд.
Хабарҳои дигар
Мулоқот бо муовини Дабири кулли СММ Владимир Воронков
23 сентябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Ню-Йорк бо муовини Дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид
Мулоқот бо Муовини Дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид оид ба кор бо Маҷмаи Умумӣ ва мудирияти конфронсҳо Мовсес Абелян
29 июл дар Қасри миллат Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Муовини Дабири кулли
Мулоқот бо Дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид Антониу Гутерриш
23 сентябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Ню-Йорк бо Дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид Антониу
Мулоқот бо Муовини Дабири кулли СММ оид ба масъалаҳои иқтисодӣ ва иҷтимоӣ Ли Ҷунҳуа
11 июн Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳошияи Конфронси сеюми
Иштирок дар Конфронси байналмилалии зидди терроризм дар Кувайт
4 ноябр дар шаҳри Ал-Кувайти Давлати Кувайт Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Конфронси байналмилалӣ оид ба


