МАРКАЗИ ТЕХНОЛОГИЯИ ИНФОРМАТСИОНӢ ВА КОММУНИКАТСИЯИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН » Президент » Ифтитоҳи бинои маъмурии ҷамоати деҳоти Рӯшони ноҳияи Рӯшон

Ифтитоҳи бинои маъмурии ҷамоати деҳоти Рӯшони ноҳияи Рӯшон

12-10-2024, 15:14
78
0
12 октябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар рӯзи нахустини сафари корӣ ба Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон бинои нави маъмурии Ҷамоати деҳоти Рӯшони ноҳияи Рӯшонро ба истифода доданд.
Бино аз ду ошёна ва таҳхона иборат буда, дорои 9 ҳуҷраи корӣ мебошад, ки ҳар яки онҳо бо мизу курсӣ, компютер ва дигар дастгоҳу таҷҳизоти лозимӣ муҷаҳҳаз карда шудааст.
Толори маҷлисӣ бо 40 ҷойи нишаст дар ошёнаи дуюм ҷойгир буда, дар он барои ташкилу баргузор кардани ҷамъомадҳои гуногун шароити мусоид фароҳам мебошад.
Бинои маъмурии деҳоти Рӯшон дар заминаи собиқ бинои ҷамоат, ки бо мурури замон таъмирталаб гардида буд, дар масоҳати умумии 6 садяк замин бо сифати баланд сохта шудааст.
Ҳоло шумораи кормандони ҷамоат беш аз 10 нафарро ташкил менамояд, ки аксари онҳо ҷавононанд.
Ба Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ дода шуд, ки минбаъд бо истифода аз шароиту имкониятҳои фароҳамгардида дар бинои ҷамоат ба сокинони 5 деҳа, ки дар умум беш аз 6 ҳазору 620 нафарро дар бар мегиранд, хизматрасонии босифат расонида мешавад.
Лозим ба таъкид аст, ки асоси рушди ноҳияи Рӯшон ба даврони соҳибистиқлолии кишвар рост меояд ва дар зарфи 33 соли соҳибистиқлолӣ, махсусан чанд соли охир бо бунёди иншооти гуногуни маишӣ сатҳу сифати зиндагии мардум ба маротиб беҳтару хабтар гардидааст.
Кормандони Ҷамоати деҳоти Рӯшон ҷавобан ба ғамхориву дастгириҳои пайвастаи Пешвои миллат минбаъд низ дар татбиқи ҳадафҳои стратегии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, баланд бардоштани сатҳи маърифати аҳолӣ, ҳисси ватандӯстии ҷавонон ва рушди бахшҳои гуногуни иқтисоди миллии ҷумҳурӣ саҳми арзишманд мегузоранд.

 

 

 

 

 
Хабарҳои дигар
Ифтитоҳи бинои Ҷамоати деҳоти “Зарафшон” дар ноҳияи Тоҷикобод
Ифтитоҳи бинои Ҷамоати деҳоти “Зарафшон” дар ноҳияи Тоҷикобод
Сафари кории Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Тоҷикобод аз ифтитоҳи бинои нави маъмурии Ҷамоати
Ифтитоҳи бинои нави шуъбаи Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи ноҳияи Ховалинг
Ифтитоҳи бинои нави шуъбаи Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи ноҳияи Ховалинг
5 сентябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Ҷамоати шаҳраки Ховалинг бинои маъмурии шуъбаи Агентии суғуртаи
Ифтитоҳи «Кӯдакистони – 2»-и деҳоти Барӯшони ноҳияи Рӯшон
Ифтитоҳи «Кӯдакистони – 2»-и деҳоти Барӯшони ноҳияи Рӯшон
12 октябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бинои нави «Кӯдакистони – 2»-и деҳоти Барӯшони ноҳияи Рӯшонро тариқи
Ифтитоҳи бинои Кумитаи замин ва Корхонаи давлатии фаръии бақайдгирии молу мулки ғайриманқул дар ноҳияи Ховалинг
Ифтитоҳи бинои Кумитаи замин ва Корхонаи давлатии фаръии бақайдгирии молу мулки ғайриманқул дар ноҳияи Ховалинг
5 сентябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Ховалинг бинои маъмурии Кумитаи идораи замин ва Корхонаи
Муарифии лоиҳаи бинои Шуъбаи маорифи ноҳияи Лахш
Муарифии лоиҳаи бинои Шуъбаи маорифи ноҳияи Лахш
12 сентябр дар идомаи сафари корӣ дар ноҳияи Лахш Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо гузоштани санги асос ба