ДАНҒАРА: ИФТИТОҲИ БИНОИ МУАССИСАИ ТАҲСИЛОТИ МИЁНАИ УМУМӢ ДАР ДЕҲАИ ОСТОНА
Дар доираи сафари кории Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ноҳияи Данғара, дар ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти ноҳия як қатор иншооти гуногун мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт.
19 сентябр, раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид ва вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҳим Саидзода дар деҳаи Остонаи ҷамоати деҳоти Лолазори ноҳияи Данғара бинои муассисаи таҳсилоти миёнаи умумиро ба истифода доданд.
Иншоот дар доираи тадбирҳои созандагӣ ба истиқболи ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар заминаи ҳамкориҳо бо шарикони рушд сохта шудааст.
Аз деҳаи Остона то маркази ҷамоат 24 км ва то маркази ноҳия 31 км буда, аҳолиаш зиёда аз 3000 нафарро дар бар мегирад ва мушкили норасоии муассисаи таълимӣ мавҷуд буд.
Бинои муассисаи нави таълимӣ дуошёна буда, барои 600 хонанда дар ду баст пешбинӣ гардидааст.
Муассисаи замонавии таълимӣ аз 10 синфхонаи барҳаво, аз ҷумла кабинетҳои фаннии химия, физика, математика, синфхонаҳои технологияи таълими меҳнат барои писарон ва духтарон, синфхонаҳои компютерӣ, китобхонаву толори барҳавои хониш, ҳуҷраҳои корӣ барои омӯзгорон ва дигар иншооти ёрирасон мебошад.
Ҳадаф аз бунёд ва ба истифода супоридани муассисаи нави таълимӣ беҳтар намудани сатҳу сифати таҳсилот, ҷорӣ кардани усулҳои нави таълим ва тарбияи хонандагони болаёқат дар руҳияи донишомӯзӣ ва ватандӯстӣ мебошад.
Корҳои сохтмонӣ дар иншооти соҳаи маориф соли 2021 оғоз гардида, он дар заминаи амалишавии Лоиҳаи «Дастгирии татбиқи Стратегияи миллии рушди маориф" аз ҷониби Гурӯҳи татбиқи лоиҳаи “Таҷдид ва идомаи сохтмони мактабҳои миёна" бо ҷалби мутахассисони ҶДММ “Сохтмон Ваҳдат” бунёд карда шудааст. Дар рафти сохтмон беш аз 30 нафар ба кор ҷалб гардида, бо маоши хуб таъмин буданд.
Раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид зимни шиносоӣ бо синфхонаҳои муассисаи нави таълимӣ ба сифати корҳои сохтмонӣ баҳои баланд доданд. Зимни суҳбат омӯзгоронро барои соҳибмаълумот намудани насли наврас, дар руҳияи хештаншиносӣ ба камол расондани онҳо даъват намуда, хонандагонро бештар барои аз худ кардани донишҳои муосир, махсусан омӯзиши забонҳои хориҷӣ ва технологияи нав ҳидоят карданд.
Хабарҳои дигар
ДАНҒАРА: ИФТИТОҲИ БИНОИ МУАССИСАИ ТАҲСИЛОТИ МИЁНАИ УМУМӢ ДАР ДЕҲАИ ОЛАМАФРӮЗ
19 сентябр, дар доираи сафари кории Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ноҳияи Данғара бо иштироки раиси
ДАНҒАРА: ИФТИТОҲИ БИНОИ МУАССИСАИ ТАҲСИЛОТИ МИЁНАИ УМУМИИ РАҚАМИ 46 ДАР ДЕҲАИ САФЕДСАНГ
Дар доираи сафари кории Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ноҳияи Данғара, дар ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти ноҳия
ДАНҒАРА: ИФТИТОҲИ БИНОИ МУАССИСАИ ТАҲСИЛОТИ МИЁНАИ УМУМИИ РАҚАМИ 87 ДАР ДЕҲАИ САФОБАХШ
19 сентябр, дар доираи сафари кории Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ноҳияи Данғара раиси вилояти Хатлон
ДАНҒАРА: ГУЗОШТАНИ САНГИ АСОС ВА ОҒОЗИ КОРҲОИ СОХТМОНИИ МУАССИСАИ ТАҲСИЛОТИ МИЁНАИ УМУМӢ ДАР ДЕҲАИ СОМОН
19 сентябр, дар доираи сафари кории Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ноҳияи
ХОВАЛИНГ: ИФТИТОҲИ БИНОИ ИЛОВАГӢ ДАР НАЗДИ МАКТАБИ РАҚАМИ 15
5 сентябр, раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид ва раиси Кумитаи ҷавонон ва вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Саидзода Раҳим Ҳамро



