ДАНҒАРА: ИФТИТОҲИ РОҲИ АВТОМОБИЛГАРД АЗ ҶОНИБИ РАИСИ ВИЛОЯТ
19 сентябр, дар доираи сафари кории Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ноҳияи Данғара раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид дар ҷамоати деҳоти Сафобахш роҳи автомобилгарди мумфаршшударо мавриди истифода қарор доданд.
Дар доираи чорабиниҳо бахшида ба ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дастуру супоришҳои Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон роҳи мазкур дар муддати кутоҳ ва мувофиқ ба талаботи замони муосир навсозӣ шуд. Таъмиру навсозии роҳи мошингарди ҷамоати деҳоти Сафобахш боиси хушҳолии сокинон гардид.
Дар маросими ифтитоҳи роҳи дорои аҳамияти маҳаллӣ иттилоъ доданд, ки дарозии он 4 километрро дар бар мегирад.
Корҳои сохтмонӣ дар ин масир соли равон аз тарафи соҳибкорони ватанӣ бо ҷалби аҳолӣ оғоз гардида буд. Қаблан аз таъмирталаб будани роҳ сокинони ин деҳа азият мекашиданд. Бунёди роҳ имкон медиҳад, ки ҳаракати бехатари нақлиёт ва рафтуои сокинон хубтар гардад.
Раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид бунёди роҳи мазкурро аз ҷониби соҳибкорони ватанӣ шоистаи таҳсин хонда, амалӣ намудани иқдомҳои созандагиро нишонаи баланди муҳаббату садоқати сокинон ба ватан номиданд.
Дар доираи чорабиниҳо ба истиқболи сазовор аз ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Данғара бунёду навсозии боз даҳҳо километр роҳҳои дорои аҳамияти маҳаллӣ ба нақша гирифта шудааст. Ин тадбир ба беҳтар шудани вазъи иқтисодиву иҷтимоии сокинони ноҳия боис шуда, мушкилоти рафтуомади мардум, махсусан ронандагонро бартараф хоҳад кард.
Хабарҳои дигар
Оғози сафари корӣ ба ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонии вилояти Хатлон ва ифтитоҳи роҳи мошингарди байни деҳаҳои Файзобод ва Тагноб то маркази ноҳия
5 сентябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо сафари корӣ ба ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ ташриф оварданд.
Ифтитоҳи роҳи мошингарди Ҳусеншайх-Хуррамзамини ноҳияи Данғара
19 сентябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси
Шиносоӣ бо ҷараёни корҳои сохтмонӣ дар роҳи мошингарди Конибодом - Кӯчкаки шаҳри Конибодом
10 сентябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни сафари корӣ ба шаҳри Конибодом бо ҷараёни корҳои сохтмонӣ дар
Боздид аз рафти корҳои сохтмонии роҳи Роғун-Обигарм-Нуробод
Дар доираи сафари корӣ ба ноҳияи Нуробод Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо рафти корҳои сохтмонӣ дар роҳи
ДАНҒАРА: ИФТИТОҲИ БИНОИ МУАССИСАИ ТАҲСИЛОТИ МИЁНАИ УМУМИИ РАҚАМИ 87 ДАР ДЕҲАИ САФОБАХШ
19 сентябр, дар доираи сафари кории Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ноҳияи Данғара раиси вилояти Хатлон




