Ифтитоҳи бинои Ҷамоати деҳоти Боқӣ Раҳимзода дар ноҳияи Рашт
13 сентябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бинои Ҷамоати деҳоти Боқӣ Раҳимзодаи ноҳияи Раштро ба истифода доданд.
Зимни шиносоӣ иттилоъ дода шуд, ки бинои Ҷамоати деҳоти Боқӣ Раҳимзода аз ду ошёна иборат буда, барои кормандон дар ҳуҷраҳои барҳаво шароит фароҳам оварда шудааст. Инчунин бино дорои толори барҳаво барои гузаронидани чорабиниҳои гуногун мебошад.
Корҳои сохтмонӣ дар бинои Ҷамоати деҳоти Боқӣ Раҳимзода моҳи майи соли 2023 оғоз гардида, бо маблағгузории Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Рашт ба анҷом расонида шудааст.
Бунёди чунин бинои хуштарҳу замонӣ имкон медиҳад, ки ба корафтодагон хизматрасонӣ дар сатҳи баланд анҷом дода шавад.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон фароҳамшавии шароитро дар сатҳи маҳал барои пешрафти кор муҳим арзёбӣ карда, коргарону мутахассисонро ба иҷрои босифати уҳдадориҳои хизматӣ ҳидоят намуданд.
Ҳамзамон дар назди идораи ҷамоат осорхонаи шоир Боқӣ Раҳимзода бунёд шуда, нимпайкараи ӯ гузошта шудааст, ки ҳар як нафар метавонад бо намунаи ашъор ва зиндагиномаи шоири зиндаёд шинос шавад.
Хабарҳои дигар
Ифтитоҳи бинои Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №54 дар ноҳияи Рашт
13 сентябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар деҳаи Поҷеи поёни Ҷамоати деҳоти Боқӣ Раҳимзодаи ноҳияи Рашт
Ифтитоҳи бинои Ҷамоати деҳоти “Зарафшон” дар ноҳияи Тоҷикобод
Сафари кории Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Тоҷикобод аз ифтитоҳи бинои нави маъмурии Ҷамоати
Ифтитоҳи бинои нави шуъбаи Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи ноҳияи Ховалинг
5 сентябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Ҷамоати шаҳраки Ховалинг бинои маъмурии шуъбаи Агентии суғуртаи
Ифтитоҳи бинои Маркази ташхису табобатӣ ва стоматологӣ дар ноҳияи Мир Саид Алии Ҳамадонӣ
5 сентябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Мир Саид Алии Ҳамадонӣ Бинои маркази ташхису табобатӣ ва
Ифтитоҳи бинои Кумитаи замин ва Корхонаи давлатии фаръии бақайдгирии молу мулки ғайриманқул дар ноҳияи Ховалинг
5 сентябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Ховалинг бинои маъмурии Кумитаи идораи замин ва Корхонаи







