ТУҲФАҲОИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ БА ЯТИМОНИ КУЛЛ ВА КӮДАКОН АЗ ОИЛАҲОИ НИЁЗМАНДИ НОҲИЯИ АБДУРАҲМОНИ ҶОМӢ ТАҚДИМ ШУДАНД
Давлату Ҳукумати Тоҷикистон сарпарастии ятимонро ба дӯши худ гирифта, то ба ҳаёти мустақилона қадам ниҳодани онҳо барои таълиму тарбия ва ба камол расиданашон тамоми шароити заруриро муҳайё месозад.
Дар арафаи соли нави таҳсили 2024-2025 туҳфаҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба як қатор ятимони кулл ва кӯдакони аз оилаҳои ниёзманди ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ тақдим карда шуд.
Дар баробари оростани дастархон идона ба наврасон, ин ҳадяҳоро, ки аз маҷмӯи сару либоси мактабӣ ва лавозимоти хониш иборат буд, раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид якҷоя бо намояндаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ, раиси Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Низом Мирзозода дастрас намуданд.
Зимни тақдими туҳфаҳо гуфта шуд, ки ғамхорӣ нисбат ба ятимону бепарасторон ва фарзандони оилаҳои камбизоат дар сиёсати иҷтимоии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷойгоҳи махсус дошта, барои беҳтар намудани шароити таҳсил ва зиндагии онҳо пайваста тадбирҳои зарурӣ ва самарабахш андешида мешаванд.
Хабарҳои дигар
ҶОМӢ. БОЗДИДИ РАИСИ ВИЛОЯТ АЗ РАФТИ КОРҲОИ СОХТМОНӢ ДАР ИНШООТҲОИ ҶАШНӢ
16 август, раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид зимни сафари корӣ дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ бо рафти корҳои сохтмонӣ дар иншоотҳои ҷашнӣ шинос
ЁВОН. ТАҚДИМИ ТУҲФАҲО АЗ ҶОНИБИ РАИСИ ВИЛОЯТ БА ЯТИМОН ВА ХОНАНДАГОНИ МАКТАБ-ИНТЕРНАТ
30 май, дар доираи сиёсати инсондӯстона ва хайрхоҳонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон раиси вилояти Хатлон
Рафти семенари омӯзишӣ дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ
Маркази технологияи информатсионӣ ва коммуникатсияи вилояти Хатлон оид ба иҷрои бандҳои 11 ва 12-и Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 29.09.2017
Паёми шодбошӣ ба муносибати иди саиди Фитр
Ҳамватанони азиз! Шоми имрӯз моҳи мубораки Рамазон анҷом меёбад ва фардо иди саиди Фитр фаро мерасад. Ба муносибати ин ойини мубораки диниву





