Ифтитоҳи чойхонаи Хатлон дар маркази шаҳри Хоруғ
27 июн Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар маркази шаҳри Хоруғ бинои навбунёди 3-ошёнаи чойхонаи Хатлонро мавриди истифода қарор доданд.
Сохтмони иншооти мазкур дар маркази шаҳри Хоруғ моҳи марти соли 2016 оғоз гардида, моҳи июни соли равон ба итмом расонида шуд.
Бинои навбунёд дар масоҳати умумии 1000 метри мураббаъ дар маркази шаҳр қомат афрохтааст.
Чойхонаи Хатлон дорои меҳмонхонаи замонавӣ буда, дар он 24 ҷойи хоб барои меҳмонону сайёҳон фароҳам оварда шудааст.
Акнун баробари ба истифода додани иншооти иҷтимоиву хизматрасонии мазкур 15 нафар сокинони маҳалӣ бо кори доимӣ таъмин гардид.
Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо чойхона, ки бо шаклу унсурҳои миллӣ, дар фазои озоди хушобу ҳавои ин табиати биҳиштосо, дар болои дарёи Панҷ сохта шудааст, дидан намуданд ва ба корҳои созандагии соҳибкори ватандӯст баҳои баланд доданд.
Атрофи чойхонаи Хатлонро кӯҳҳои сарбафалак ва дарахтони ҳамешасабзи табиӣ ҳусну таровати тоза бахшидааст.
Дарёи Панҷ аз лиҳози экологӣ тоза буда, дорои ду намуди моҳӣ – Карелу Маринка мебошад. Ин имконият фароҳам меоварад, ки ҳангоми истироҳат мизоҷ ва меҳмонону сайёҳон ба моҳигирӣ машғул шуда, истироҳати худро дучанд комил намоянд.
Дар ҳамин ҷо Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо 100 ятими кул ва шахсони имконияташон маҳдуд аз шаҳру ноҳияҳои вилоят мулоқот анҷом доданд.
Вохӯрии Роҳбари давлат бо нафарони бо амри тақдир аз падару модари худ маҳруммонда дар меҳвари таваҷҷуҳ ва пуштибонӣ қарор доштани ятимону ниёзмандон ва шахсони имконияташон маҳдуд аз ҷониби давлату ҳукумат арзёбӣ мешавад.
Зимни мулоқот Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид намуданд, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои таъмини шароити хуб таҳсил ва зиндагии шоистаи онҳо пайваста чораҳои саривақтиву зарурӣ ва муассир меандешад.
Дар ҳамин ҷо аз ҷониби Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои ятимон ва шахсони имконияташон маҳдуд хони идонаи пурнозу неъмат ороста гардид ва онҳо, ҳамчунин, бо туҳфаҳои хотирмон сарфароз гардонида шуданд. Туҳфаҳо аз сару либос, лавозимоти дарсӣ, шириниҳо ва маблағҳои пулӣ иборат буд.
Хабарҳои дигар
Шиносоӣ бо рафти сохтмони Чойхонаи миллӣ дар шаҳри Душанбе
3 июн Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри
Ифтитоҳи Марказҳои фарҳангӣ, савдо ва Шурои иттифоқи касабаи ВМКБ дар шаҳри Хоруғ
27 июн Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар маркази шаҳри Хоруғ иншооти навбунёди 6-ошёнаи Маркази фарҳангӣ,
Ифтитоҳи бинои истиқоматии 10 ошёна дар шаҳри Хоруғ
13 октябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Хоруғ бинои истиқоматии 10 ошёна бо Пентхаусро дар хиёбони
Ифтитоҳи бинои сарраёсати Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон
8 ноябр Президенти Ӌумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Бохтар бинои маъмурии сарраёсати Агентии омори назди
Ба истифода додани бинои истиқоматии 15 ошёна дар шаҳри Хоруғ
13 октябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар хиёбони Шириншоҳ Шоҳтемури шаҳри Хоруғ биноҳои баландошёнаи








