Ифтитоҳи Нишони давлатӣ дар маркази ноҳияи Шуғнон
27 июн Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар маркази ноҳияи Шуғнон бо бардоштани парда аз рӯи лавҳаи рамзӣ Нишони давлатиро ифтитоҳ намуданд.
Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нахуст бо нишони арҷгузорӣ ба муқаддасоти миллӣ дар пояи Нишони давлатӣ гулчанбар гузоштанд.
Иншоот дар асоси нақшаи чорабиниҳо ба истиқболи ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бунёд ёфта, сохтмони онро мутахассисони маҳаллӣ дар муҳлати муайянгардида бо сатҳу сифати баланд ба анҷом расониданд.
Иттилоъ дода шуд, ки баландии сутунпояи Нишони давлатӣ 16,30 метр буда, бо истифода аз масолеҳи аълосифат бунёд гардидааст. Саҳн ва атрофи Нишони давлатӣ бо санги хоро зиннат дода шудааст.
Дар майдони Нишони давлатӣ дарахтони ҳамешасабзу сояафкан ва гулу буттаҳои ороишӣ шинонида шуда, барои истироҳату фароғати сокинону меҳмонон шароити форам муҳайё гардидааст.
Иншоот мутобиқ ба меъёрҳои муосир бунёд ёфта, ба макони асосии тамошо, сайру сайёҳат ва фароғати сокинону меҳмонон ва баргузории чорабиниҳои гуногун табдил ёфтааст.
Хабарҳои дигар
Ба истифода додани майдони Нишони давлатӣ дар ноҳияи Рӯшон
12 октябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нахуст дар маркази ноҳияи Рўшон дар вазъияти тантанавӣ майдони
Ифтитоҳи Нишони давлатӣ ва муҷассамаи Шоҳ Исмоили Сомонӣ дар ноҳияи Сангвор
11 сентябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар маркази ноҳияи Сангвор бо бардоштани парда аз рӯйи лавҳаи рамзӣ
Ифтитоҳи Парчам ва Нишони давлатӣ дар ноҳияи Рашт
13 сентябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикитон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар маркази ноҳияи Рашт - шаҳраки Ғарм баъди азнавсозӣ майдони
Ба истифода додани гулгашт ва майдони Парчами давлатӣ дар маркази деҳаи Ғарғараи ноҳияи Данғара
24 май Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар доираи сафари корӣ дар ноҳияи
Ифтитоҳи Пайкараи Шоҳ Исмоили Сомонӣ ва майдони муқаддасоти миллии ноҳияи Рӯшон
26 июн Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар маркази ноҳияи Рӯшон аз руйи пайкараи асосгузори аввалин давлати







