Оғози сафари корӣ дар ноҳияи Шуғнон
27 июн Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар идомаи сафари корӣ ба Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ба ноҳияи Шуғнон ташриф оварданд.
Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро сокинони сарбаланду меҳмоннавози ноҳияи Шуғнон бо самимияти хоса, рӯҳияи идона ва меҳри беандоза истиқбол гирифтанд.
Барои пазироии меҳмони олиқадр аҳли санъат як барномаи рангини фарҳангӣ дар сатҳи баланд пешниҳод намуданд.
Дар ноҳияи Шуғнон ба истиқболи ҷашни Ваҳдати миллӣ ва 35-умин солгарди Истиқлоли давлатии кишвар тадбирҳои зиёди ободонӣ амалӣ гардида, раванди созандагиҳо вусъати тоза касб мекунад.
Имрӯз симои ноҳияи Шуғнон бо қомат афрохтани иншооти хуштарҳу замонавӣ куллан тағйир ёфтааст.
Хабарҳои дигар
Истиқболи меҳмони олиқадр дар фурудгоҳи муваққатии ноҳияи Рӯшон
12 октябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади шиносоӣ бо вазъи зиндагии мардум, ҷараёни корҳои ободонию
Истиқболи Пешвои миллат дар фурудгоҳи шаҳри Хоруғ
12 октябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар доираи сафари корӣ ба Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ба
Ба истифода додани хатҳои интиқоли барқ, пули мошингузар ва шиносоӣ бо лоиҳаи бинои қасри фарҳанг ва кӯдакистон дар ноҳияи Роштқалъа
12 октябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пас аз ифтитоҳи Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии № 26 бо лоиҳаи
Истиқболи меҳмони олиқадр дар фурудгоҳи ноҳияи Ишкошим
13 октябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар доираи сафари корӣ ба шаҳру ноҳияҳои Вилояти Мухтори Кӯҳистони
Оғози сафари корӣ ба Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон
25 июн Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади шиносоӣ бо вазъи зиндагии мардум, рафти корҳои ободонию













