МАРКАЗИ ТЕХНОЛОГИЯИ ИНФОРМАТСИОНӢ ВА КОММУНИКАТСИЯИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН » Президент » Ифтитоҳи боғи фарҳангу фароғатӣ дар ноҳияи Роштқалъа

Ифтитоҳи боғи фарҳангу фароғатӣ дар ноҳияи Роштқалъа

27-06-2025, 13:08
34
0
26 июн Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар деҳаи Анҷини ноҳияи Роштқалъаи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон боғи фарҳангию фароғатии Шоҳдараро, ки бо тарҳи муосир сохта шудааст, мавриди истифода қарор доданд.
Боғи фарҳангию фароғатӣ аз ҷониби Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар масоҳати умумии 1 гектар дар асоси ташаббусҳои Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, дар доираи корҳои ободонию бунёдкорӣ ва омодагӣ ба истиқболи сазовори ҷашни умумимиллӣ – 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бунёд шудааст.
Иншооти фарҳангӣ бо тарҳи муосир ва унсурҳои шаҳрсозии миллӣ бо назардошти талаботи замон ва санъати баланди меъморӣ сохта шудааст.
Дохил ва роҳравҳои боғи навбунёд пурра бо гулу буттаҳои мавсимӣ оро дода шуда, барои хуррамгардонӣ бештар аз 670 бех дарахти ороишию сояафкан шинонида шудааст. Даромадгоҳ ва роҳравҳои он сафолакпӯш гардидааст.
Мувофиқи нақшаи асосии лоиҳа дар ҳудуди боғ таҷҳизоти дилхӯшкунанда барои кӯдакон, расмҳои қаҳрамонҳои филмҳои тасвирӣ, атраксионҳо, саҳна барои гузаронидани чорабиниҳо, ҳайкалчаҳои ҳайвоноти нодир ва нишастгоҳҳо насб гардидааст ва аз ин пас сокинону меҳмонони ноҳия дар ин макон истироҳату фароғати хуш хоҳанд дошт.
Ҳамзамон бо мақсади машғул шудани ҷавонон ба варзиш дар дохили боғ 2 майдончаи варзишӣ барои бозии футбол ва волейболу баскетбол бунёд шудааст. Фароҳам овардани чунин шароит имконият медиҳад, ки наврасону ҷавонон вақти холигии худро босамар гузаронда, ба варзиш машғул шаванд ва аз дигар имкониятҳои боғ самаранок истифода баранд.
Бо мақсади равшаннамоии ҳудуди иншооти мазкур 18 чароғак бо баландии 9 метр ва 70 чароғак бо баландии 3 метр муҷаҳҳаз гардонида шудааст, ки шабонгоҳ намои боғи фарҳангиро боз ҳам дилработар мегардонад.
Инчунин, барои ҳифзу нигоҳдошти гулу буттаҳо ва дарахтони ороишӣ гирду атрофи боғ панҷарабандӣ гардидааст.
Дар рафти корҳои сохтмонии боғи мазкур зиёда аз 70 нафар сокинони маҳаллӣ ва мутахассиони ватанӣ ба кор ҷалб гардиданд.
Аз ин пас боғи мазкур макони баргузории чорабиниҳои фарҳангӣ, ҷашнҳои миллӣ ва дигар тантанаҳо гардида, сокинонро барои боз ҳам дӯст доштани Ватан, пос доштани муқаддасоти миллӣ ва меҳнати софдилона барои рушду ободии сарзамини аҷдодӣ водор менамояд.
Боғи фарҳангию фароғатии Шоҳдара тӯҳфаи арзишманди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба сокинони ноҳияи Роштқалъа дар арафаи ҷашни бузург – Рӯзи Ваҳдати миллӣ мебошад.
 
Хабарҳои дигар
Ба истифода додани марҳилаи дуюми Боғи фарҳангию фароғатӣ ва тақдими туҳфаҳо ба ятимон дар ноҳияи Нуробод
Ба истифода додани марҳилаи дуюми Боғи фарҳангию фароғатӣ ва тақдими туҳфаҳо ба ятимон дар ноҳияи Нуробод
11 сентябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳраки Дарбанди ноҳияи Нуробод марҳилаи дуюми Боғи фарҳангию
Пардабардорӣ аз муҷассамаи Мавлоно Абдураҳмони Ҷомӣ
Пардабардорӣ аз муҷассамаи Мавлоно Абдураҳмони Ҷомӣ
9 ноябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз Боғи фарҳангӣ-фароғатии Абдураҳмони Ҷомӣ, ки таъмиру навсозӣ
ШИНОСОИИ РАИСИ ВИЛОЯТ АЗ НАШЪУНАМОИ БОҒИ ИНТЕНСИВӢ ДАР ХОҶАГИИ ДЕҲҚОНИИ “БОБОИ ШАМС”
ШИНОСОИИ РАИСИ ВИЛОЯТ АЗ НАШЪУНАМОИ БОҒИ ИНТЕНСИВӢ ДАР ХОҶАГИИ ДЕҲҚОНИИ “БОБОИ ШАМС”
28 июн, раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид зимни сафари корӣ дар ноҳияи Шамсиддин Шоҳин бо нашъунамои боғи интенсивии хоҷагии деҳқонии “Бобои Шамс”
ФАРХОР: БОЗДИД АЗ НАШЪУНАМОИ БОҒИ ПИСТА ДАР ХОҶАГИИ ДЕҲҚОНИИ “АБДУҶАББОР”
ФАРХОР: БОЗДИД АЗ НАШЪУНАМОИ БОҒИ ПИСТА ДАР ХОҶАГИИ ДЕҲҚОНИИ “АБДУҶАББОР”
19 июн, раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид дар деҳаи Истиқлоли ҷамоати деҳоти Зафари ноҳияи Фархор бо нашъунамои боғи писта дар хоҷагии деҳқонии
Ифтитоҳи бинои кумитаҳои иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ва шаҳри Хоруғ
Ифтитоҳи бинои кумитаҳои иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ва шаҳри Хоруғ
13 октябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Хоруғ бинои маъмурии кумитаҳои иҷроияи Ҳизби Халқии