МАРКАЗИ ТЕХНОЛОГИЯИ ИНФОРМАТСИОНӢ ВА КОММУНИКАТСИЯИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН » Президент » Мулоқот бо ятимон ва нафарони дорои имконияти маҳдуд дар ноҳияи Роштқалъа

Мулоқот бо ятимон ва нафарони дорои имконияти маҳдуд дар ноҳияи Роштқалъа

27-06-2025, 13:06
45
0
26 июн Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Роштқалъа бо 100 нафар ятиму шахсони дорои имконияти маҳдуди то 18-солаи ноҳияҳои Мурғоб, Ишкошим ва Роштқалаъа суҳбати самимӣ анҷом доданд.
Дар доираи сиёсати иҷтимоии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва идомаи ғамхориҳо нисбат ба ятмон аз ҷониби Пешвои миллат ба 100 наврас маҷмуи сару либос, маводи конселярӣ, ширинӣ ва дигар ҳадяҳо тақдим карда шуд.
Пешвои миллат таъкид намуданд, ки дастгирии ятимону бепарасторон ва нафарони дорои имконияти маҳдуд дар меҳвари сиёсати иҷтимоии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор дошта, ҳамеша ба онҳо кӯмакҳои моддию маънавӣ расонда мешавад.
Марҳила ба марҳила таҳким бахшидани фаъолияти муассисаҳои таълимӣ барои ятимону бепарасторон имкон дод, ки сифати нигоҳубин ва таълиму тарбияи онҳо беҳтар гардида, кӯдакону наврасони бо амри тақдир бесаробонмонда таҳти ғамхории давлату Ҳукумати кишвар қарор дода мешаванд, то ин ки дар оянда ҳамчун шахсони комилҳуқуқи ҷомеа ба камол расанд.
Аз чеҳраи ҳар як кудак баръало эҳсос мегардид, ки суҳбату вохӯрии имрӯзаро бесаброна интизор буданд, зеро ба андешаи онҳо суханҳои падаронаи Сарвари давлат ба зиндагии онҳо умеди тоза мебахшад.
Ҳоло дар ноҳияи Роштқалъа наздики 40 ятим ва нафарони дорои имконияти маҳдуд ба қайд гирифта шудаанд, ки ҳамаи онҳо таҳти таваҷҷуҳу ғамхориҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор доранд.
Дар ноҳияи Роштқалъа барои ба таълиму тарбия фаро гирифтани онҳо 1 мактаб-интернати наздимактабӣ мавҷуд буда, дар он ятимону маъюбон ва аз оилаҳои камбизоат нигоҳубин ва ба таълиму тарбия фаро гирифта мешаванд.
Бунёду навсозии мактаб-интернатҳо ва фароҳам овардани шароити замонавии зисту таҳсил барои ятимону бепарасторон намунаи олии дастгириҳои доимии роҳбарияти олии Ҳукумати кишвар дониста мешавад.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни вохӯрӣ бо ин қишри ҷомеа барои аз худ намудани илмҳои муосир, омӯзиши забонҳои хориҷӣ, иштироки фаъолона дар озмунҳои сатҳи ҷумҳуриявӣ ва олимпиадаҳо, ки дар ҷумҳурӣ роҳандозӣ гардиданд, муҳим маънидод намуда, ба масъулон дар самти дуруст ба камол расондани онҳо дастуру тавсияҳо доданд.

 

 

 

 

 

 

 
Хабарҳои дигар
Мулоқот бо ятимон ва кӯдакон имконияташон маҳдуд дар ноҳияи Дарвоз
Мулоқот бо ятимон ва кӯдакон имконияташон маҳдуд дар ноҳияи Дарвоз
25 июн Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Дарвоз бо 100 ятим ва кӯдакони имконияташон маҳдуд аз
Тақдими туҳфа ба ятимон ва маъюбон дар ноҳияи Рӯшон
Тақдими туҳфа ба ятимон ва маъюбон дар ноҳияи Рӯшон
12 октябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар тарабхонаи «Сафина» бо 100 нафар ятимон ва маъюбони ноҳияҳои
Тақдими тӯҳфаҳо ба ятимони кул ва супоридани калидҳои манзилҳои истиқоматӣ ба эҳтиёҷмандон дар шаҳри шаҳри Хуҷанд
Тақдими тӯҳфаҳо ба ятимони кул ва супоридани калидҳои манзилҳои истиқоматӣ ба эҳтиёҷмандон дар шаҳри шаҳри Хуҷанд
Дар идомаи сафари корӣ ба шаҳри Хуҷанд Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Маркази савдо ва хизматрасонии
МУЛОҚОТИ РАИСИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН БО ЯТИМОН ДАР НОҲИЯИ АБДУРАҲМОНИ ҶОМӢ
МУЛОҚОТИ РАИСИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН БО ЯТИМОН ДАР НОҲИЯИ АБДУРАҲМОНИ ҶОМӢ
Имрӯз, 26 декабр, раиси вилояти Хатлон дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ бо як гурӯҳ ятимон дидору мулоқот намуданд. Нахуст раиси вилоят онҳоро ба Соли
ТАҚДИМИ ТУҲФА ВА МУЛОҚОТИ РАИСИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН БО ЯТИМОН ДАР НОҲИЯИ ҶАЛОЛИДДИНИ БАЛХӢ
ТАҚДИМИ ТУҲФА ВА МУЛОҚОТИ РАИСИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН БО ЯТИМОН ДАР НОҲИЯИ ҶАЛОЛИДДИНИ БАЛХӢ
Имрӯз, 30 декабр, раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ бо як гурӯҳ ятимони кулл мулоқот намуда, суҳбати самимӣ оростанд.