МАРКАЗИ ТЕХНОЛОГИЯИ ИНФОРМАТСИОНӢ ВА КОММУНИКАТСИЯИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН » Президент » Ба истифода додани 3 муассисаи таҳсилоти томактабӣ дар ноҳияҳои Роштқалъа ва Ишкошим, оғози сохтмони неругоҳи офтобӣ ва муассисаи таҳсилоти миёна

Ба истифода додани 3 муассисаи таҳсилоти томактабӣ дар ноҳияҳои Роштқалъа ва Ишкошим, оғози сохтмони неругоҳи офтобӣ ва муассисаи таҳсилоти миёна

27-06-2025, 13:02
44
0
26 июн аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои бунёди як неругоҳи офтобӣ дар ноҳияи Шуғнон, муассисаи таълимӣ дар ноҳияи Роштқалъа санги асос гузошта шуда, 3 муассисаи таҳсилоти томактабӣ дар ноҳияҳои Роштқалъа ва Ишкошим ба таври фосилавӣ ба истифода дода шуд.
Инчунин, дар ҳамин рӯз лоиҳаи Неругоҳи офтобии Рож, ки дар Ҷамоати деҳоти Сучони ноҳияи Шуғнон сохта мешавад, муарифӣ гардид. Иншооти энергетикӣ бо иқтидори 3 мегаватт бо ҷалби сармояи хориҷӣ сохта мешавад.
Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон масъулини дахлдори соҳа ва коргарону мутахассисонро барои истифодаи пурраи имкониятҳои табиӣ, иҷрои саривақтии нақшаҳои пешбинишуда ва баланд бардоштани иқтидори истеҳсолии соҳаи энергетика вазифадор намуданд.
Ҳамчунин, дар ҳамин рӯз Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба сохтмони бинои муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №18 оғоз бахшиданд. Муассисаи таълимӣ барои фарзандони сокинони деҳаҳои Даштак ва Ҷангали ноҳияи Роштқалъа сохта мешавад. Иншооти соҳаи маориф аз ду ошёна иборат буда, барои 240 ҷойи нишаст пешбинӣ шудааст.
Бо иштироки Роҳбари давлат 3 кӯдакистон дар ноҳияҳои Роштқалъа ва Ишкошим ба таври фосилавӣ ба истифода дода шуд.
Муассисаи томактабии №2 дар деҳаи Бодом ва Муассисаи томактабии №3 дар деҳаи Риҷезд мавриди истифода қарор гирифт. Ҳарду муассисаи таълимии томактабӣ дар ноҳияи Роштқалъа барои 60 таълимгиранда пешбинӣ шудааст.
Инчунин дар деҳаи Даршайи деҳоти Вахони ноҳияи Ишкошим муассисаи томактабӣ барои 35 кудак ба истифода дода шуд. Имкон пайдо шуд, ки наврасони ин деҳаи дурдаст дар шароити ҷавобгу ба талабот ба таълими томактабӣ фаро гирифта шаванд.
Ҳамчунин, иттилоъ дода шуд, ки ҳоло сохтмони бинои дуошёнаи кӯдакистон барои 150 нафар дар деҳоти Вранги ноҳияи Ишкошим идома дорад.
Роҳбари давлат фарогирӣ бо таълими томактабиро заминаи асосӣ барои ташаккули донишҳои наврасон ва оянда ба камол расидани ҷавонони донишманду хештаншинос муҳим арзёбӣ намуданд.

 

 

 

 

 

 

 
Хабарҳои дигар
Ба истифода додани хатҳои интиқоли барқ, пули мошингузар ва шиносоӣ бо лоиҳаи бинои қасри фарҳанг ва кӯдакистон дар ноҳияи Роштқалъа
Ба истифода додани хатҳои интиқоли барқ, пули мошингузар ва шиносоӣ бо лоиҳаи бинои қасри фарҳанг ва кӯдакистон дар ноҳияи Роштқалъа
12 октябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пас аз ифтитоҳи Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии № 26 бо лоиҳаи
Ифтитоҳи Неругоҳи барқи обии Себзор дар ноҳияи Роштқалъа
Ифтитоҳи Неругоҳи барқи обии Себзор дар ноҳияи Роштқалъа
26 июн Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Роштқалъа Неругоҳи обии Себзорро ифтитоҳ намуданд.
Ба истифода додани Зеристгоҳи барқии 110/35/10 кВ ва 4 неругоҳи барқии обии хурд дар ноҳияи Рӯшон
Ба истифода додани Зеристгоҳи барқии 110/35/10 кВ ва 4 неругоҳи барқии обии хурд дар ноҳияи Рӯшон
26 июн сафари кории Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Рӯшон бо ба истифода додани зеристгоҳи барқии
Ифтитоҳи Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №26 дар ноҳияи Роштқалъа
Ифтитоҳи Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №26 дар ноҳияи Роштқалъа
12 октябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар маркази ноҳияи Роштқалъа бо бардоштани парда аз рӯйи лавҳаи
Ба истифода додани 2 муассисаи таҳсилоти томактабӣ дар ноҳияи Рӯдакӣ
Ба истифода додани 2 муассисаи таҳсилоти томактабӣ дар ноҳияи Рӯдакӣ
26 октябр дар идомаи сафари кории Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомали Рахмон ба ноҳияи Рӯдакӣ бинои зебои Муассисаи