МАРКАЗИ ТЕХНОЛОГИЯИ ИНФОРМАТСИОНӢ ВА КОММУНИКАТСИЯИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН » Президент » Боздид аз замини наздиҳавлигии сокини деҳаи Рӯшон Додихудо Додихудоев

Боздид аз замини наздиҳавлигии сокини деҳаи Рӯшон Додихудо Додихудоев

26-06-2025, 10:22
55
0
26 июн Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар идомаи сафари корӣ дар ноҳияи Рӯшон бо рафти парвариши маҳсулоти кишоварзӣ дар қитъаи замини наздиҳавлигии сокини деҳаи Рӯшон Додихудо Додихудоев шинос шуданд.
Тавре аён гардид, оилаи Додихудоевҳо 4 садяк замини наздиҳавлигӣ дар ихтиёр дошта, онро самаранок истифода мебаранд. Хусусан пас аз дастуру ҳидоятҳои Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои истифодаи оқилонаи заминҳои наздиҳавлигӣ аъзои ин оила чун дигар мардуми кишвар корро дар самти парвариши маҳсулоти гуногуни кишоварзӣ дар замини наздиҳавлигӣ ҷоннок карда, аз он ҳосили хуб ба даст меоранд.
Ҳоло дар замини наздиҳавлигии оилаи Додихудо картошка, қаламфури булғориву помидор, бодиринг, карам ва дигар намуди зироат нашъунамои хуб дошта, ба ин васила онҳо эҳтиёҷоти оилаи худро бо маҳсулоти худӣ қонеъ месозанд.
Аъзои оила ба Роҳбари давлат иттилоъ доданд, ки ҳамасола аз ҳамин замин то 800 кило картошка ҷамъоварӣ намуда, дар тамоми фасли сол аҳли оилаву хешовандонро бо ин маҳсулот таъмин менамоянд.
Ҳамчунин бо истифода аз меъёрҳои агротехникӣ аъзои оила аз замини наздиҳавлигӣ ҳосили хуби дигар намудҳои маҳсулоти кишоварзиро ба даст меоранд.
Онҳо дар самти парвариши дарахтони мевадиҳанда низ таҷрибаи хуб дошта, бо истифода аз обу хоки ҳосилхез дар назди ҳавлиашон олучаву гелос, зардолу, себ ва навъҳои гуногуни нок шинонидаанд, ки дарахтони он ҳосили хуб доранд. Хусусан дар ҳавлии хоҷагӣ навъҳои гуногуни себ пурбор буда, ба иттилои аъзои оила аз ин ҳисоб низ ҳамасола ҳосили хуб ба даст оварда мешавад.
Дар ҳамин ҷо Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо ҳунари занону бонувони ноҳияи Рӯшон, ки маҳсулоти нонӣ ва таомҳои миллиро пешниҳод намуданд, шинос шуданд.
Бонувони ҳунарманди ноҳия дар намоиш нони танурӣ, чапотӣ, кулча, самбусаи танурӣ ва таомҳои миллии маҳаллӣ, аз қабили ширчой бо чормағз, каду бо чормағз, омоч, атолаи донаки зардолу, оши бурида, кабкшурбо ва оши палавро намоиш доданд.
Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пас аз шиносоӣ бо рафти истифодаи замини наздиҳавлигӣ ва муаррифии таомҳои миллӣ, бо аҳли хонаводаи Додихудо Додихудоев сари дастархон суҳбати озоду самимӣ оростанд.
Ба андешаи Сарвари давлат дар шароити имрӯза бояд ҳар як оилаи кишвар ҳар порча замини корам, бахусус замини наздиҳавлигиро ба манфиат истифода бурда, дар навбати аввал талаботи оилаи худро бо маҳсулоти кишоварзӣ ва дигар маводи хӯрока қонеъ созад ва бо ин васила дар татбиқи яке аз ҳадафҳои стратегии давлат – таъмини амнияти озуқавории кишвар саҳм гузоранд.
Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои самараноку оқилона истифода кардан аз қитъаи замини наздиҳавлигӣ ба аҳли оилаи Додихудоевҳо як миқдор ашёи рӯзғор ҳадя карданд.
 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 
Хабарҳои дигар
БОХТАР. БОЗДИДИ РАИСИ ВИЛОЯТ АЗ ЗАМИНҲОИ НАЗДИҲАВЛИГИИ СОКИНОН
БОХТАР. БОЗДИДИ РАИСИ ВИЛОЯТ АЗ ЗАМИНҲОИ НАЗДИҲАВЛИГИИ СОКИНОН
Имрӯз, 13 апрел, раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид дар маҳаллаи Гулистони шаҳри Бохтар ба хонаи сокинон Бадриддин Маҳмадраҳимов ва Фурқат Қосимов
БОХТАР: БОЗДИДИ РАИСИ ВИЛОЯТ АЗ САМАРАНОК ИСТИФОДАБАРИИ ЗАМИНҲОИ НАЗДИҲАВЛИГӢ
БОХТАР: БОЗДИДИ РАИСИ ВИЛОЯТ АЗ САМАРАНОК ИСТИФОДАБАРИИ ЗАМИНҲОИ НАЗДИҲАВЛИГӢ
Дар асоси дастуру ҳидоятҳои доимии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати
БОЗДИДИ РАИСИ ВИЛОЯТ АЗ САМАРАНОК ИСТИФОДАБАРИИ ҚИТЪАИ ЗАМИНИ НАЗДИҲАВЛИГӢ
БОЗДИДИ РАИСИ ВИЛОЯТ АЗ САМАРАНОК ИСТИФОДАБАРИИ ҚИТЪАИ ЗАМИНИ НАЗДИҲАВЛИГӢ
28 июн, раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид зимни сафари корӣ дар ноҳияи Шамсиддин Шоҳин аз самаранок истифодабарии қитъаи замини наздиҳавлигии
ҶАЙҲУН. БОЗДИДИ РАИСИ ВИЛОЯТ АЗ САМАРОНОК ИСТИФОДАБАРИИ ЗАМИН, ПАРВАРИШИ ПИЛЛА ДАР МАНЗИЛИ ИСТИҚОМАТИИ ШАҲРВАНДОН
ҶАЙҲУН. БОЗДИДИ РАИСИ ВИЛОЯТ АЗ САМАРОНОК ИСТИФОДАБАРИИ ЗАМИН, ПАРВАРИШИ ПИЛЛА ДАР МАНЗИЛИ ИСТИҚОМАТИИ ШАҲРВАНДОН
4 май, раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид зимни сафари корӣ дар деҳаи Тоҷикистони ноҳияи Ҷайҳун ба хонаи сокинон Ҳасанов Собир ва Қаюмов Абдуғаффор
БОЗДИДИ РАИСИ ВИЛОЯТ АЗ САМАРОНОК ИСТИФОДАБАРИИ ЗАМИНИ НАЗДИҲАВЛИГӢ ВА ПАРВАРИШИ ПИЛЛА
БОЗДИДИ РАИСИ ВИЛОЯТ АЗ САМАРОНОК ИСТИФОДАБАРИИ ЗАМИНИ НАЗДИҲАВЛИГӢ ВА ПАРВАРИШИ ПИЛЛА
Имрӯз, 7 май, раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид зимни сафари корӣ дар ноҳияҳои Вахш аз самаранок истифодабарии замини наздиҳавлигӣ ва парвариши