МИЁНИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН ВА ВИЛОЯТИ ЛЕНИНГРАДИ РОССИЯ СОЗИШНОМАИ ҲАМКОРӢ БА ИМЗО РАСИД
Бо мақсади рушди ҳамкориҳои миёни вилоятҳо ва баимзорасонии Созишнома байни мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон (Ҷумҳурии Тоҷикистон) ва Ҳукумати вилояти Ленинград (Федератсияи Россия) оид ба ҳамкориҳои байналмилалӣ ва иқтисоди хориҷӣ дар соҳаҳои тиҷоратию иқтисодӣ, илмию техникӣ ва иҷтимоӣ-фарҳангӣ ҳайати вилояти Хатлон таҳти роҳбарии раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид рӯзҳои 21-24 июни ба шаҳри Санкт-Петербурги вилояти Ленингради Федератсияи Россия сафари корӣ анҷом доданд.
Дар бинои ҳукумати вилояти Ленинград мулоқоти ҳайати вилояти Хатлон бо губорнатор Александр Дрозденко баргузор гардид.
Сипас, Созишнома байни Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон (Ҷумҳурии Тоҷикистон) ва Ҳукумати вилояти Ленинград (Федератсияи Россия) оид ба ҳамкориҳои байналмилалӣ ва иқтисоди хориҷӣ дар соҳаҳои тиҷоратию иқтисодӣ, илмию техникӣ ва иҷтимоӣ-фарҳангӣ ба имзо расид.
Ҷонибҳо ҳавасмандии худро ҷиҳати таҳким ва густариши минбаъдаи ҳамкориҳои мутақобилан судманд баён доштанд.
Мақсади Созишнома густариши ҳамкориҳои тиҷоратию иқтисодӣ, илмию техникӣ, иҷтимоию фарҳангӣ ва гуманитарӣ мебошад.
Тасвиби санади мазкур ба вилояти Хатлон имкон медиҳад, ки ҳамкориро бо вилояти Ленинград дар соҳаҳои саноат, савдо, сармоягузорӣ, энергетика, самаранокӣ ва сарфаи нерӯи барқ,
сохтмон, нақлиёт, хоҷагии манзилию коммуналӣ, комплекси агросаноатӣ, рушд ва дастгирии соҳибкории хурду миёна, технологияҳои иттилоотӣ, рақамикунонии иқтисодӣ, васоити ахбори омма, фарҳанг, сайёҳӣ, сиёсати ҷавонон, тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш, тандурустӣ, хизматрасонӣ ва тадбирҳои дастгирии иҷтимоӣ, маориф, илм ва техника ва фаъолияти инноватсионӣ ба роҳ монад.
Хабарҳои дигар
Встреча с Председателем Парламентской ассамблеи ОБСЕ госпожой Пиа Лиисой Каумой
29 апреля во Дворце нации Президент Республики Таджикистан, Лидер нации уважаемый Эмомали Рахмон принял Председателя Парламентской Ассамблеи
ИМЗОИ СОЗИШНОМА БАЙНИ МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН ВА ҲУКУМАТИ ВИЛОЯТИ КИРОВИ ФЕДЕРАТСИЯИ РОССИЯ
Имрӯз, 17 марти соли 2025 дар шаҳри Москваи Федератсияи Россия дар доираи сафари расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам
Гузоштани гулчанбар дар назди оромгоҳи Сарбози номаълум дар шаҳри Москваи Федератсияи Русия
17 март сафари расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Федератсияи Русия бо гузоштани гулчанбар бар пояи
Табрикоти роҳбарони кишварҳои хориҷӣ, роҳбарони созмонҳои байналмилаливу минтақавӣ ва шахсиятҳои маъруф ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба муносибати ҷашни Рӯзи истиқлоли Ҷумҳурии Тоҷикистон
Ба муносибати ҷашни 33-солагии Соҳибистиқлолии давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба унвонии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти
БОХТАР. БОЗДИДИ РАИСИ ВИЛОЯТ АЗ ЗАМИНҲОИ НАЗДИҲАВЛИГИИ СОКИНОН
Имрӯз, 13 апрел, раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид дар маҳаллаи Гулистони шаҳри Бохтар ба хонаи сокинон Бадриддин Маҳмадраҳимов ва Фурқат Қосимов























