Мулоқот бо роҳбарон ва фаъолони ноҳияи Ванҷ
25 июн Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Ванҷ бо роҳбарону фаъолони ноҳия мулоқот намуданд.
Дар вохӯрӣ Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сафари корӣ ба ноҳияи Ванҷро натиҷагирӣ намуда, барои вусъати корҳои ободонӣ ва бо дастовардҳои арзанда истиқбол гирифтани ҷашни умумимиллии 35-солагии Истиқлоли давлатӣ дар назди фаъолон вазифаҳои мушаххас гузоштанд.
Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба сокинону соҳибкорони ҳимматбаланди ноҳияи Ванҷ барои саҳми арзанда дар раванди ободиву пешрафти диёри худ изҳори сипос намуданд.
Таъкид гардид, ки дар доираи нақшаи корҳои ободониву бунёдкорӣ ба истиқболи 35-солагии Истиқлоли давлатӣ то имрӯз дар ҳудуди ноҳияи Ванҷ 84 иншооту биноҳои таъиноти иҷтимоиву истеҳсолӣ бунёду навсозӣ шуда, то таҷлили ҷашн сохтмону ба истифода супоридани боз 38 иншоот бояд таъмин карда шавад.
Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз дастовардҳои сокинон дар самти раҳоӣ аз бунбасти коммуникатсионӣ ёдовар шуда, саҳми сохтмончиёнро дар ин кори муҳим арзанда номиданд.
Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон доир ба дастигирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон давоми солҳои соҳибистиқлолӣ бобати пешрафту тараққиёти ноҳияи Ванҷ андешаронӣ намуда, иброз доштанд, ки аз ҳисоби ҳамаи манбаъҳои маблағгузорӣ барои таъмин кардани рушди иҷтимоӣ ва иқтисодии ноҳияи Ванҷ беш аз 2,7 миллиард сомонӣ равона гардидааст.
Гуфта шуд, ки дар ҳудуди ноҳия 14 лоиҳаи сармоягузории давлатӣ ба маблағи 311 миллион сомонӣ амалӣ гардида, ҳоло барои боз ҳам баланд бардоштани сатҳи некуаҳволии сокинони ноҳия ва ободу пешрафта гардонидани он татбиқи 7 лоиҳаи дигар идома дорад, ки то имрӯз дар доираи онҳо 391 миллион сомонӣ аз худ гардидааст. Лоиҳаҳои зикршуда асосан ба сохтмон ва муҷаҳҳазгардонии мактабҳо, мустаҳкам намудани инфрасохтор ҷиҳати таъмин намудани устувории зидди офатҳои табиӣ, таъминоти барқ дар деҳот ва таҷдиду навсозии роҳҳои мошингард равона шудаанд.
Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тамоми соҳаҳои иқтисоди миллиро дар ноҳия таҳлил намуда, барои минбаъд ҳам идома додани тадбирҳои созанда дар назди вазорату идораҳои дахлдор ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят ва ноҳия вазифаҳои мушаххас гузоштанд.
Аз ҷумла, ба роҳбарони вилоят ва ноҳия якҷо бо вазорату идораҳои марбута супориш дода шуд, ки то солгарди 35-уми истиқлол масъалаи бунёди корхонаҳои саноатиро таъмин намоянд ва барои баланд бардоштани самаранокии таъминоти истифодабарандагон бо неруи барқ ва устувории низом дар ноҳия тадбирҳои зарурӣ андешанд.
Дар робита ба рушди соҳаи кишоварзӣ дастур дода шуд, ки сохторҳои масъул барои ҷалби сармояи дохиливу хориҷӣ баҳри ба роҳ мондани коркарди маҳсулоти кишоварзӣ, ташкили маркази замонавии нигоҳдориву банду басти маҳсулот чораҷӯйӣ намоянд ва ба масъалаи беҳтар намудани ҳолати мелиоративии заминҳои кишоварзӣ, азхудкунии заминҳои нав ва баланд бардоштани ҳосилнокии зироатҳо таваҷҷуҳи зиёд зоҳир намоянд.
Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия якҷо бо сохторҳои дахлдори ҷумҳуриявӣ аз Сарвари давлат супориш гирифтанд, ки барои бартараф намудани мушкилоти мавҷудаи соҳаи маориф чораҳои амалӣ андешанд.
Супоришҳои дигар ҳамчунин барои ба талаботи муосир мутобиқ намудани шароити муассисаҳои соҳа, таъмини онҳо бо таҷҳизоти замонавӣ ва тармими иншооти тандурустӣ дода шуд.
Аз вазъи зудтағйирёбандаи имрӯзаи ҷаҳон ва дигар мушкилоти глобалӣ ёдовар шуда, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон роҳбарону фаъолони ноҳия, раисони ҷамоату маҳаллаҳо, аҳли зиё ва шахсони обрӯманду таҷрибадорро вазифадор намуданд, ки мардум, хусусан, ҷавононро ба таҳкими сулҳу субот, риояи қонунияту тартиботи ҳуқуқӣ, яъне волоияти қонун, корҳои созандагиву ободкорӣ ва сарфаю сариштакорӣ ҳидоят намоянд.
Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон талаб намуданд, ки фаъолон ба анҷом додани амалҳои неки инсонӣ, аз ҷумла дастгирии ятимону маъюбон, оилаҳои камбизоат ва тарбияи дурусти фарзандон эътибори аввалиндараҷа ва доимӣ диҳанд.
Хабарҳои дигар
Мулоқот бо роҳбарон ва фаъолони ноҳияи Ишкошим
13 октябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Ишкошим баъди ифтитоҳи як қатор иншооти таъиноти гуногун
Ифтитоҳи толори варзишӣ дар ноҳияи Ванҷ
25 июн Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар деҳаи Убари даргови деҳоти Маҳмадулло Абдуллоеви ноҳияи Ванҷ толори
Ифтитоҳи 7 муассисаи томактабӣ дар ноҳияи Ванҷ
25 июн Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар идомаи сафари корӣ дар шаҳру ноҳияҳои Вилояти Мухтори Кӯҳистони
Мулоқот бо роҳбарону фаъолон ва сокинони ноҳияи Рӯшон
12 октябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Рӯшон бо роҳбарону фаъолон ва сокинон мулоқот намуданд.
Мулоқот бо роҳбарон ва фаъолони ноҳияи Нуробод
11 сентябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Нуробод бо роҳбарон ва фаъолони ноҳия мулоқоти самимию
























