МАРКАЗИ ТЕХНОЛОГИЯИ ИНФОРМАТСИОНӢ ВА КОММУНИКАТСИЯИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН » Президент » Ифтитоҳи роҳи маркази ноҳияи Ванҷ то нуқтаи пайвастшавӣ ба шоҳроҳи Душанбе - Кулма

Ифтитоҳи роҳи маркази ноҳияи Ванҷ то нуқтаи пайвастшавӣ ба шоҳроҳи Душанбе - Кулма

25-06-2025, 14:18
45
0
25 июн Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Ванҷи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон нахуст роҳи маркази ноҳия то нуқтаи пайвастшавӣ ба шоҳроҳи Душанбе-Кулмаро ба истифода доданд.
Роҳи мазкур дар доираи татбиқи ҳадафҳо барои ба талаботи байналмилалӣ мутобиқ намудани шароити хизматрасонӣ бунёд шуда, аз ду хатти ҳаракат иборат мебошад ва дар маҷмуъ 16 километрро ташкил медиҳад.
Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид карданд, ки бунёди роҳ ба ташаккули долонҳои нақлиётӣ, рушди устувори иқтисодӣ ва боз ҳам беҳтар намудани шароити зиндагии мардум мусоидат мекунад.
Бунёди истгоҳҳои нақлиётӣ, гузаргоҳ барои пиёдагардон, шинонидани дарахтони ороишию сояафкан ва сабзкорӣ зебогии роҳро таъмин намудааст.
Қисмҳои роҳ дар маҳалҳои аҳолинишин тибқи талабот чароғон карда шудааст, ки шабонгаҳ дар баробари таъмини рӯшноию зебоӣ, ҳамзамон ба осудагию бехатарии мардум мусоидат менамояд.
Бо супориши Роҳбари давлат дар доираи ҳамин лоиҳа 3 километр роҳҳои дохилии ноҳияи Ванҷ низ навсозӣ хоҳад шуд.
Роҳи марказии ноҳия то нуқтаи пайвастшавӣ ба шоҳроҳи Душанбе - Кулма аҳаммияти зиёди иқтисодию иҷтимоӣ дошта, барои баланд бардоштани ҳаҷм ва сифати боркашонию мусофиркашонӣ замина мегузорад. Иҷрои саривақтии супоришҳои Роҳбари давлат имкон фароҳам овард, ки бунёди роҳ дар муҳлати муайянгардида, мутобиқ ба талаботи лоиҳавӣ ба анҷом расонида шавад.
Баъди ифтитоҳи қитъаи роҳ Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таваҷҷуҳи масъулини дахлдори соҳа ва коргарону мутахассисонро ба нигоҳубини дурусти роҳ барои солиёни зиёд ба мардум хизмат расондан ҷалб намуданд.
 
Хабарҳои дигар
Ифтитоҳи роҳи мошингарди Бохтар-Левакант-Данғара ва шиносоӣ бо лоиҳаи бунёди роҳҳои мошингарди Данғара-Гулистон ва Гулистон-Фархор
Ифтитоҳи роҳи мошингарди Бохтар-Левакант-Данғара ва шиносоӣ бо лоиҳаи бунёди роҳҳои мошингарди Данғара-Гулистон ва Гулистон-Фархор
7 ноябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон роҳи мошингарди Бохтар-Левакант-Данғараро ба истифода доданд.
Шиносоӣ бо рафти сохтмони роҳи мошингард аз дарвозаи Ғарбӣ то маҳаллаи Чортути шаҳри Душанбе
Шиносоӣ бо рафти сохтмони роҳи мошингард аз дарвозаи Ғарбӣ то маҳаллаи Чортути шаҳри Душанбе
3 июн Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри
Ифтитоҳи роҳи мошингарди Ҳусеншайх-Хуррамзамини ноҳияи Данғара
Ифтитоҳи роҳи мошингарди Ҳусеншайх-Хуррамзамини ноҳияи Данғара
19 сентябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси
Таҷдиди роҳ ва пули мошингард дар хиёбони Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе
Таҷдиди роҳ ва пули мошингард дар хиёбони Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе
5 декабр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри
Оғози сафари корӣ ба Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон
Оғози сафари корӣ ба Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон
25 июн Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади шиносоӣ бо вазъи зиндагии мардум, рафти корҳои ободонию