Мулоқот бо Мушовири Девони Амири Давлати Қатар Холид ибни Муҳаммад Ал-Аттия
23 июн Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Мушовири Девони Амири Давлати Қатар Холид ибни Муҳаммад Ал-Аттияро ба ҳузур пазируфтанд.
Дар мулоқот масоили вобаста ба густариши робитаҳои ду кишвар баррасӣ шуд.
Сарвари давлат Муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сатҳи муносибатҳои Тоҷикистону Қатарро баланд арзёбӣ намуда, аз муҳтавои робитаҳо дар сатҳу зинаҳои гуногун, ба хусус дар сатҳи олӣ, изҳори қаноат намуданд.
Муҳаммад Ал-Аттия, пеш аз ҳама, салому дуруди Амири Давлати Қатарро ба Сарвари давлати Тоҷикистон ироа намуда, аз имкони дидор ва баррасии роҳҳои тавсиаи ҳамкории барои ҳарду кишвар судбахш изҳори хушҳолӣ намуд.
Зимни суҳбат таваҷҷуҳи бештар ба густариши ҳамкорӣ дар бахшҳои тиҷорату иқтисод, сармоягузорӣ, энергетика, истихроҷ ва коркарди маъданҳо, кишоварзӣ ва сайёҳӣ зоҳир гардид.
Рушди ҳамкорӣ дар самтҳои илму маориф ва истифодаи зеҳни сунъӣ низ аз роҳҳои муҳими таҳкими минбаъдаи муносибатҳои ду кишвар номида шуд.
Хабарҳои дигар
Мулоқот бо Амири Давлати Қатар Шайх Тамим ибни Ҳамад Оли Сонӣ
3 октябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Давҳа дар ҳошияи Нишасти сеюми Муколамаи Ҳамкории Осиё
Мулоқот бо Амири Давлати Қатар шайх Тамим ибни Ҳамад оли Сонӣ
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳошияи мубоҳисаҳои Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид бо Амири Давлати
Мулоқот бо Вазири фарҳанги Давлати Қатар Шайх Абдурраҳмон ибни Ҳамад ибни Ҷосим Оли Сонӣ
17 октябр дар Қасри миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Вазири фарҳанги Давлати Қатар Шайх Абдурраҳмон ибни
Мулоқоту музокироти сатҳи олии Тоҷикистону Кувайт
3 ноябр дар Қасри Девони Амир мулоқоту музокироти сатҳи олии Тоҷикистону Кувайт дар вохӯрии хосаи сарони давлатҳо оғоз шуда, бо иштироки ҳайатҳои
Мулоқот бо Сарвазири Шоҳигарии Таиланд хонум Паэтонгтарн Чинаватра
3 октябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Давҳаи Давлати Қатар бо Сарвазири Шоҳигарии Таиланд хонум



