МАРКАЗИ ТЕХНОЛОГИЯИ ИНФОРМАТСИОНӢ ВА КОММУНИКАТСИЯИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН » Раиси вилоят » ШАҲРИТУС: БОЗДИДИ РАИСИ ВИЛОЯТ АЗ ХОҶАГИҲОИ ДЕҲҚОНӢ ВА ҶАРАЁНИ КОРҲОИ СОХТМОНӢ ДАР ИНШООТИ ҶАШНӢ

ШАҲРИТУС: БОЗДИДИ РАИСИ ВИЛОЯТ АЗ ХОҶАГИҲОИ ДЕҲҚОНӢ ВА ҶАРАЁНИ КОРҲОИ СОХТМОНӢ ДАР ИНШООТИ ҶАШНӢ

18-06-2025, 07:27
67
0
Зимни сафари корӣ раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид дар ноҳияи Шаҳритус аз нашъунамои пахта ва дигар зироатҳои кишоварзӣ дар ҷамоати деҳоти ба номи Талбак Садриддинов аз хоҷагии деҳқонии ба номи Исмоили Сомонӣ ва Хуршед дидан намуданд.
Саҳмдорони хоҷагӣ имсол кишти зери плёнкаро ба роҳ монда, интизории онро доранд, ки ҳосили дилхоҳи пахтаро ба даст биёранд. Дар хоҷагиҳои номбурда ҳар як қитъа замин самаранок истифода шуда, кишти ҷуворимакка ва дигар навъи зироатҳоро ба роҳ мондаанд, ки айни ҳол нашъунамои хуб доранд.
Ҳамчунин раиси вилоят аз рафти захираи пиёзи барвақтӣ дидан намуданд. Иттилоъ дода шуд, ки дар ноҳия 385 тонна пиёзи барвақтӣ захира карда шудааст.
Раиси вилоят ба масъулини ноҳия дастур доданд, ки дар ҳамкорӣ бо соҳибкорон ба содирот машғул шаванд.
Ҳамчунин дар доираи ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз рафти сохтмони иншооти таъиноташон гуногун, аз ҷумла фабрикаи паррандпарварӣ барои парвариши 30 ҳазор сар мурғ дидан намуда, ба масъулини корҳои сохтмонӣ дастур дода шуд, ки бо талаботи замони мусоир ва дар муҳлати муайяншуда мавриди истифода қарор дода шаванд.
Ҳамчунин, раиси вилоят аз рафти корҳои сохтмонии корхонаи коркарди пахта барои 13 ҳазор тонна дар мавсим ва аз рафти бунёди корхонаи истеҳсолии масолеҳи сохтмонӣ дидан намуданд.
Ба масъулин дастур дода шуд, ки корҳои сохтмониро дар асоси талаботи мавҷуда ба роҳ монанд.

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 
Хабарҳои дигар
ШИНОСОИИ РАИСИ ВИЛОЯТ АЗ ҶАРАЁНИ КОРҲОИ САҲРОӢ ДАР НОҲИЯИ ҚУБОДИЁН
ШИНОСОИИ РАИСИ ВИЛОЯТ АЗ ҶАРАЁНИ КОРҲОИ САҲРОӢ ДАР НОҲИЯИ ҚУБОДИЁН
Бо мақсади шиносоӣ аз фаъолияти соҳаи кишоварзӣ, самаранок истифода бурдани замин, ҷамъоварӣ намудани ҳосили зироатҳои кишоварзӣ,
НОСИРИ ХУСРАВ: БОЗДИДИ РАИСИ ВИЛОЯТ АЗ САМАРАНОК ИСТИФОДАБАРИИ ЗАМИН ДАР ХОҶАГИҲОИ ДЕҲҚОНИИ “АЪЗАМҶОН-2022” ВА “САМАРИДДИН”
НОСИРИ ХУСРАВ: БОЗДИДИ РАИСИ ВИЛОЯТ АЗ САМАРАНОК ИСТИФОДАБАРИИ ЗАМИН ДАР ХОҶАГИҲОИ ДЕҲҚОНИИ “АЪЗАМҶОН-2022” ВА “САМАРИДДИН”
Имрӯз, 19 март, раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид зимни сафари корӣ дар ноҳияи Қубодиён аз рафти нашъунамои пиёзи барвақтӣ дар хоҷагии деҳқонии
ҚУБОДИЁН: БОЗДИДИ РАИСИ ВИЛОЯТ АЗ НАШЪУНАМОИ ПИЁЗИ БАРВАҚТӢ, СИРПИЁЗ ВА ОҒОЗИ КИШТИ ПУНБАДОНАИ ЗЕРИ ПЛЁНКА
ҚУБОДИЁН: БОЗДИДИ РАИСИ ВИЛОЯТ АЗ НАШЪУНАМОИ ПИЁЗИ БАРВАҚТӢ, СИРПИЁЗ ВА ОҒОЗИ КИШТИ ПУНБАДОНАИ ЗЕРИ ПЛЁНКА
Имрӯз, 19 март, раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид зимни сафари корӣ дар ҷамоати деҳоти Тахти Сангини ноҳияи Қубодиён аз рафти нашъунамои пиёзи
ШАҲРИТУС: ОҒОЗИ КИШТИ ПУНБАДОНАИ ЗЕРИ ПЛЁНКА БО ИШТИРОКИ РАИСИ ВИЛОЯТ
ШАҲРИТУС: ОҒОЗИ КИШТИ ПУНБАДОНАИ ЗЕРИ ПЛЁНКА БО ИШТИРОКИ РАИСИ ВИЛОЯТ
Имрӯз, 19 март, раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид зимни сафари корӣ дар ҷамоати деҳоти Т.Садриддинов ва ҷамоати деҳоти Тоҷдорони ноҳияи Шаҳритус
ҶАЙҲУН. БОЗДИДИ РАИСИ ВИЛОЯТ АЗ ҶАМЪОВАРИИ ҲОСИЛИ САБЗӢ ВА ПИЁЗИ БАРВАҚТӢ
ҶАЙҲУН. БОЗДИДИ РАИСИ ВИЛОЯТ АЗ ҶАМЪОВАРИИ ҲОСИЛИ САБЗӢ ВА ПИЁЗИ БАРВАҚТӢ
13 декабр, раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид бо ҷамъоварии ҳосили сабзӣ ва нашъунамои пиёзи барвақтӣ дар хоҷагии деҳқонии “Меваҳои Истиқлолият”,