МАРКАЗИ ТЕХНОЛОГИЯИ ИНФОРМАТСИОНӢ ВА КОММУНИКАТСИЯИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН » Раиси вилоят » ҚУБОДИЁН: ИФТИТОҲИ БИНОИ ИЛОВАГӢ БО ИШТИРОКИ РАИСИ ВИЛОЯТ ДАР НАЗДИ МУАССИСАИ ТАҲСИЛОТИ МИЁНАИ УМУМИИ №19

ҚУБОДИЁН: ИФТИТОҲИ БИНОИ ИЛОВАГӢ БО ИШТИРОКИ РАИСИ ВИЛОЯТ ДАР НАЗДИ МУАССИСАИ ТАҲСИЛОТИ МИЁНАИ УМУМИИ №19

17-06-2025, 17:25
65
0
Имрӯз, 17 июн, раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид дар ҷамоати деҳоти Вобканди ноҳияи Қубодиён бинои иловагии муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 19-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.
Иншооти мазкур дар доираи корҳои ободонию созандагӣ ба истиқболи ҷашни 35 - солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо саҳми мақомоти иҷроияи маҳалии ҳокимияти давлатии ноҳия, соҳибкорони маҳаллӣ ва аҳолии деҳот бунёд гардида, аз 12 синфхонаи иловагӣ барои 600 нафар дар ду баст иборат мебошад.
Зикр бояд намуд, ки хонандагони муассисаи мазкур аз нарасидани ҷойи нишаст танқисӣ мекашиданд.
Ҳар як синфхона бо мизу курсӣ ва айёниятҳои таълимӣ муҷаҳҳаз гардонида шудааст. Хонандагон имкон доранд, ки дар синфхонаҳои тозаю барҳаво таҳсили илм намоянд.
Раиси вилояти Хатлон зимни вохӯрӣ бо омӯзгорон таъкид намуданд, ки хонандагонро дар рӯҳияи маърифатпарварӣ, инсондӯстӣ ва ватандӯстӣ тарбия намуда, ба онҳо дар омӯзиши фанҳои дақиқ масъулияти баландро дарк намуда, дар оянда ҷавонони болайёқати ҷомеаи имрӯзаро ба воя расонанд.
 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 
Хабарҳои дигар
Ифтитоҳи биноҳои нави иловагии 3 муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ дар ноҳияи Рӯдакӣ
Ифтитоҳи биноҳои нави иловагии 3 муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ дар ноҳияи Рӯдакӣ
26 октябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар назди муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №10 дар деҳаи Мадади
ПАНҶ: ИФТИТОҲИ БИНОИ СИНФХОНАҲОИ ИЛОВАГӢ БАРОИ 200 НАФАР ХОНАНДА
ПАНҶ: ИФТИТОҲИ БИНОИ СИНФХОНАҲОИ ИЛОВАГӢ БАРОИ 200 НАФАР ХОНАНДА
13 декабр, зимни сафари корӣ раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид ва вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Саидзода Раҳим дар деҳаи Вахшони
ҶАЙҲУН: ИФТИТОҲИ СИНФХОНАҲОИ ИЛОВАГӢ БАРОИ 200 НАФАР ХОНАНДА БО ИШТИРОКИ САРВАЗИРИ МАМЛАКАТ
ҶАЙҲУН: ИФТИТОҲИ СИНФХОНАҲОИ ИЛОВАГӢ БАРОИ 200 НАФАР ХОНАНДА БО ИШТИРОКИ САРВАЗИРИ МАМЛАКАТ
2 сентябр, зимни сафари корӣ Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода бо раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид, вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон
ҶОМӢ: ИФТИТОҲИ БИНОИ ИЛОВАГӢ БО ИШТИРОКИ РАИСИ ВИЛОЯТ ДАР НАЗДИ МУАССИСАИ ТАҲСИЛОТИ МИЁНАИ УМУМИИ №15
ҶОМӢ: ИФТИТОҲИ БИНОИ ИЛОВАГӢ БО ИШТИРОКИ РАИСИ ВИЛОЯТ ДАР НАЗДИ МУАССИСАИ ТАҲСИЛОТИ МИЁНАИ УМУМИИ №15
Имрӯз, 24 март, зимни сафари корӣ раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид ва раиси Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
ҲАМАДОНӢ: ИФТИТОҲИ СИНФХОНАИ ИЛОВАГӢ ДАР НАЗДИ МАКТАБИ РАҚАМИ 10
ҲАМАДОНӢ: ИФТИТОҲИ СИНФХОНАИ ИЛОВАГӢ ДАР НАЗДИ МАКТАБИ РАҚАМИ 10
5 сентябр, раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид ва сардори Корхонаи воҳиди давлатии «Роҳи оҳани Тоҷикистон» Комил Мирзоалӣ Ҷурахон дар деҳоти