ВОСЕЪ:СЕМИНАР-ОМУЗИШ
Бо мақсади иҷрои қарори раиси вилояти Хатлон аз 9 ноябри соли 2022, №333 ҷиҳати татбиқи қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 31 августи соли 2022, №439 «Дар бораи Консепсияи гузариш ба таҳсилоти рақамӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2042» ва нақша чорабинии Маркази технологияи информатсионӣ ва коммуникатсияи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон, барои такмил додани маҳорати касбии омӯзгорон семинар омӯзиш дар мавзуи "Истифодаи самараноки технологияи муосир, видеопроектор ва тахтаи электронӣ дар раванди таълим", инчунин расонидани ёрии методӣ ба омӯзгорони ҷавон оид ба мавзӯҳои нав дар китобҳои дарсии фанни технологияи иттилоотӣ дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №65-и ноҳияи Восеъ баргузор гардид.




