МАРКАЗИ ТЕХНОЛОГИЯИ ИНФОРМАТСИОНӢ ВА КОММУНИКАТСИЯИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН » Раиси вилоят » ПАЁМИ ТАБРИКОТИИ РАИСИ ФЕДЕРАТСИЯИ ФУТБОЛИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН, РАИСИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН ДАВЛАТАЛӢ САИД БА МУНОСИБАТИ РӮЗИ ҶАҲОНИИ ФУТБОЛ

ПАЁМИ ТАБРИКОТИИ РАИСИ ФЕДЕРАТСИЯИ ФУТБОЛИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН, РАИСИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН ДАВЛАТАЛӢ САИД БА МУНОСИБАТИ РӮЗИ ҶАҲОНИИ ФУТБОЛ

25-05-2025, 10:13
88
0
  
Ҳамдиёрони азиз!
Тоҷикистони соҳибистиқлол ҳамчун узви комилҳуқуқи ҷомеаи ҷаҳонӣ имрӯз бо ташаббусҳои созандаи худ дар ҷодаи ҳалли масъалаҳои мубрам ва ҳаётан муҳими сайёра ба ҳайси кишвари пешсаф эътироф гардидааст.
Маҳз бо пешниҳоди ҷониби Тоҷикистон қабул гардидани қатъномаи Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид дар бораи эълон гардидани 25-уми май ҳамчун Рӯзи ҷаҳонии футбол дар соли 2024, барои ҳар як шаҳрванди кишварамон мояи ифтихори баланди ватансозиву ватандорӣ мебошад.
Қабул гардидани ин пешниҳод бори дигар гувоҳӣ медиҳад, ки тоҷикон миллати ташаббускор, пешоҳанг, соҳибтамаддун, бомаърифат, бунёдгару созанда, ҷонибдори сулҳу субот ва осоишу оромӣ дар саросари олам мебошанд.
Дар ин лаҳзаҳои басо фараҳбахш Рӯзи ҷаҳонии футболро ба тамоми мардуми сарбаланду варзишдӯсти вилояти Хатлон сидқану самимона шодбош гуфта, барояшон тансиҳативу хотири ҷамъ, рӯҳияи шикастнопазиру самимияти ватандориро таманно дорам.
Ёдовар бояд гардид, ки санаи 20 майи соли ҷорӣ Президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон, Президенти Ассотсиатсияи футболи Осиёи Марказӣ (CAFA), Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар доираи таҷлил аз Рӯзи ҷаҳонии футбол бо мақсади иштироки чорабиниҳои сатҳи баланд ба ин муносибат ба шаҳри Ню-Йорки ИМА сафар карда, дар тадбирҳои варзишӣ ва фарҳангӣ дар Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид ширкат намуданд.
Мавриди қайд аст, ки бори нахуст Рӯзи ҷаҳонии футбол дар Созмони Милали Мутаҳид истиқбол карда шуда, ташаббускори ин тадбир Президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон муҳтарам Рустами Эмомалӣ иштирок ва суханронӣ намуданд.
Футбол на танҳо як бози аст, балки он ташаккули тарзи ҳаёти солим ва омили асосии пешгирии ҳамагуна зуҳуроти номатлуб ба ҳисоб меравад.
Дар Тоҷикистон, бахусус вилояти Хатлон футбол ҷойгоҳи хосае дорад. Агар назар ба солҳои гузашта кунем, аён мегардад, ки футбол дар ҷомеаи мо дигар на танҳо як намуди варзиш, балки як ҷузъи муҳимми ҳаёти ҷавонон ва фарҳанги миллӣ шудааст.
Имрӯз дар ҳамаи манотиқи вилоят, аз ҷумла дар шаҳрҳои Бохтар, Кӯлоб ва Ёвон мактабҳои махсуси футбол мавриди истифода карор дода шуда, шумораи тамрингарон дар ин муассисаҳо сол то сол афзоиш меёбад.
Бо дастгирӣ ва таваҷҷуҳи махсуси Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, Президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон барои рушди футбол дар вилоят тадбирҳои муассир андешида, дар ин масир иншооти соҳа бо тарҳи муосир бунёду азнавсозӣ гардида истодааст.
Ҳукумати Тоҷикистон дар баробари дигар бахшҳои ҳаётан муҳим барои бунёду навсозии инфрасохтори варзиш тадбирҳои мушаххасро амалӣ намуда истодааст.
Дар даврони Истиқлоли давлатӣ дар саросари кишвар беш аз 7500 майдону майдончаҳои варзиш танҳо барои бозии футбол сохта, ба истифода дода шудаанд. Дар як соли охир дар шаҳру ноҳияҳои мамлакат 101 майдончаи замонавии футбол мавриди истифода қарор дода шуд.
Дар заминаи сиёсати бунёдкоронаи Роҳбарияти Олии сиёсии кишвар танҳо дар доираи истиқбол аз ҷашни фархундаи 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон 261 иншооти соҳаи варзиш ба нақша гирифта шудааст, ки то ин муддат зиёда аз 100 адади он ба истифода дода шудааст.
Агар дар солҳои аввали соҳибистиқлолии кишвар дар вилоят 26 адад варзишгоҳ ва 1128 майдончаи варзишӣ фаъолият мекард, айни замон 40 варзишгоҳ ва 3211 адад майдончаи варзишӣ пурра ба самти футбол равона гардидааст.
Бо назардошти чунин имкониятҳо дар вилоят гуруҳҳои футболи духтарона ва писарона зиёд гардида, ҳавасмандии наврасону ҷавонон ба риштаи футбол бештар гардидааст.
Футболбозони вилоят дар лигаи олӣ 5 даста, лигаи якум 5 даста ва дар лигаи дуюм 21 даста муваффақона бозӣ доранд, ки нисбат ба соли қаблӣ шумораи дастаҳо дар ҳамаи лигаҳо зиёд гардидаанд.
Дар самти рушди футболи духтарона вилоят нисбатан пешсаф буда, шумораи гуруҳҳои духтарона 21 ададро ташкил медиҳад ва аз ҳама муҳим 35 нафар духтарони хатлонӣ узви дастаҳои мунтахаби бонувони Тоҷикистон мебошанд.
Тақвият бахшидани гуруҳҳои футболи кӯдакону наврасон барои рушди футбол дар вилоят нақши муносиб дорад.
Боиси қаноатмандӣ аст, ки имрӯз дар мактабҳо ва клубҳои варзишии шаҳру ноҳияҳои вилоят, кӯдакону наврасон ва ҷавонон ба футбол ҷалб шудаанд, ки барои ояндаи футболи вилоят муҳиму зарурӣ мебошад.
Мусалам аст, ки бо дастгириҳои ҳамаҷонибаи Президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон, шаҳру ноҳияҳо, соҳибкорони хайрхоҳ ва саховатпеша мусобиқаҳои «Деҳа ба деҳа», «Маҳалла ба маҳалла» бо фарогирии васеи мухлисон баргузор гардида истодааст, ки аз рушду инкишофи футбол дар вилоят дарак медиҳад.
Таҷлили бошукӯҳи Рӯзи ҷаҳонии футбол боиси боз ҳам афзудани нуфузу обрӯи кишвари мо дар арсаи байналмилалӣ гардида, ба рушду инкишофи футбол дар вилоят, инчунин, робитаҳои дӯстонаву ҳамдигарфаҳмӣ миёни сокинони сайёра такону вусъати тоза мебахшад.
Бо эътимоди комил иброз медорам, ки варзишгарони вилояти Хатлон, аз ҷумла футболбозони вилоят дар оянда ба дастовардҳои боз ҳам бузургтар ноил гардида, шарафи варзиши минтақаро боз ҳам баландтар мебардоранд.
Бори дигар Рӯзи ҷаҳонии футболро ба тамоми мардуми сарбаланду саодатпешаи вилояти Хатлон шодбош гуфта, барояшон сиҳативу саломатӣ, комёбиву музаффариятро таманно намуда, ба Тоҷикистони азиз шукуфоӣ ва дастовардҳои навро орзумандам.
Рӯзи ҷаҳонии футбол муборак, ҳамватанони азиз!
Хабарҳои дигар
Паёми шодбошии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ифтихори Рӯзи ҷаҳонии футбол
Паёми шодбошии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ифтихори Рӯзи ҷаҳонии футбол
Ҳамватанони азиз! Мухлисону дӯстдорони варзиши футбол! Ҳамаи шуморо ба ифтихори Рӯзи ҷаҳонии футбол, ки бо ташаббуси Тоҷикистон дар саросари олам
Мулоқот бо Раиси иҷлоси 78-уми Маҷмаи Умумии СММ Деннис Фрэнсис
Мулоқот бо Раиси иҷлоси 78-уми Маҷмаи Умумии СММ Деннис Фрэнсис
11 июн Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар доираи Конфронси сеюми
ПАЁМИ ТАБРИКИИ РАИСИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН ДАВЛАТАЛӢ САИД БА МУНОСИБАТИ РӮЗИ ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН
ПАЁМИ ТАБРИКИИ РАИСИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН ДАВЛАТАЛӢ САИД БА МУНОСИБАТИ РӮЗИ ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН
Ҷавонони саодатманди Хатлонзамин! Ҳамаи шуморо ба ифтихори Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон, ки рамзи эътимоду пуштибонии давлат аз ин қишри фаъолу
Паёми шодбошӣ ба муносибати Рӯзи парчами давлатӣ
Паёми шодбошӣ ба муносибати Рӯзи парчами давлатӣ
Ҳамватанони азиз! Ҳамаи шуморо ба ифтихори Рӯзи парчами давлатӣ, ки рамзи соҳибихтиёрӣ, ваҳдату ягонагӣ ва сарфарозии миллати куҳанбунёдамон
Паёми шодбошӣ ба муносибати Рӯзи ваҳдати миллӣ
Паёми шодбошӣ ба муносибати Рӯзи ваҳдати миллӣ
Ҳамватанони азиз! Рӯзи ваҳдати миллӣ барои ҳар яки мо – сокинони Тоҷикистон санаи муборак ва таърихӣ ба ҳисоб меравад. Таҷлили ин ҷашни сарнавиштсоз