МАРКАЗИ ТЕХНОЛОГИЯИ ИНФОРМАТСИОНӢ ВА КОММУНИКАТСИЯИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН » Раиси вилоят » ДАЪВАТИ БАҲОРИ БА САФИ ҚУВВАҲОИ МУСАЛЛАҲ ДАР ХАТЛОН ДАР РӮЗИ АВВАЛ 100 ФОИЗ ИҶРО ШУД

ДАЪВАТИ БАҲОРИ БА САФИ ҚУВВАҲОИ МУСАЛЛАҲ ДАР ХАТЛОН ДАР РӮЗИ АВВАЛ 100 ФОИЗ ИҶРО ШУД

1-04-2025, 09:15
56
0
Имрӯз, 1 апрел дар вилояти Хатлон даъвати баҳории ҷавонон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо натиҷаи рекордӣ оғоз ёфт. Тибқи иттилои масъулон, нақшаи даъват дар рӯзи аввал пурра иҷро гардида, ҷавонони зиёд бо ҳисси баланди ватандӯстӣ барои адои хизмати ҳарбӣ сафарбар шуданд.
Бори дуюм аст, ки вилояти Хатлон дар таърихи соҳибистиқлолии кишвар тавонист нақшаи даъватро дар рӯзи аввал комилан иҷро кунад. Ин нишондиҳанда аз омодагии баланди ҷавонон ва тақвияти корҳои тарбиявию ватандӯстӣ миёни онҳо шаҳодат медиҳад.
Ба муносибати ин рӯйдоди муҳими сиёсиву иҷтимоӣ, дар шаҳри Бохтар роҳпаймоии ботантана ва чорабинии фарҳангӣ баргузор гардид.
Навдаъватшавандагон аз назди комиссариати ҳарбии вилоят бо парчамҳо ва шиорҳои ватандӯстона раҳсипори варзишгоҳи Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав шуданд. Дар ин роҳпаймоӣ садҳо ҷавонони ихтиёрӣ иштирок карда, омодагии худро барои ҳифзи марзу буми Ватан ба намоиш гузоштанд.
Дар варзишгоҳ маросими бошукӯҳи гусели сарбозон доир гардид. Раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид дар ин чорабинӣ ҳузур дошта, ба ҷавонони навдаъватшуда суханони табрикотӣ гуфт. Ӯ хизмат дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳро яке аз марҳилаҳои муҳими ҳаёти ҳар як ҷавон дониста, таъкид кард, ки ин як мактаби ҷасорат, мардонагӣ ва садоқат ба Ватан мебошад.
Пас аз суханронии раиси вилоят маросими анъанавии нонгазон баргузор шуд. Модарону падарон бо чашмони пур аз ифтихор фарзандони худро барои адои хизмати ҳарбӣ гусел намуда, ба онҳо дуои нек доданд.
Барномаи фарҳангӣ бо иштироки ҳунармандони машҳури вилоят идома ёфт. Баромади овозхонҳо, рақсу сурудҳои ватандӯстона ва саҳнаҳои махсуси театришуда ба чорабинӣ ранги хоса бахшиданд. Ҷавонон бо рӯҳияи баланд ва ифтихор аз Ватан барои адои хизмати ҳарбӣ раҳсипор шуданд.
Тибқи иттилои масъулон, нақшаи даъват дар вилояти Хатлон пурра иҷро гардида, ҳоло омодагӣ барои идомаи сафарбаркунӣ дар дигар манотиқи кишвар идома дорад.

 

 

 

 

 

 
Хабарҳои дигар
ҶАЛАСАИ НАЗДИ РАИСИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН ОИД БА НАТИҶАГИРИИ ДАЪВАТИ БАҲОРӢ ВА ОМОДАГӢ БА ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ
ҶАЛАСАИ НАЗДИ РАИСИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН ОИД БА НАТИҶАГИРИИ ДАЪВАТИ БАҲОРӢ ВА ОМОДАГӢ БА ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ
Имрӯз, 13 июн, дар маҷлисгоҳи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон таҳти раёсати Давлаталӣ Саид - раиси вилоят ҷаласа баргузор гардид.
СУХАНРОНИИ РАИСИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР МАРОСИМИ ТАНТАНАВИИ “РӮЗИ ДАЪВАТШАВАНДА” ШАҲРИ БОХТАР, 2 ОКТЯБРИ СОЛИ 2024
СУХАНРОНИИ РАИСИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР МАРОСИМИ ТАНТАНАВИИ “РӮЗИ ДАЪВАТШАВАНДА” ШАҲРИ БОХТАР, 2 ОКТЯБРИ СОЛИ 2024
Муҳтарам даъватшавандагон, Афсарону сарбозон, Падару модарони гиромӣ! Бо камоли ифтихор Шумо ҷавонони матину қавииродаи Хатлонзаминро барои шарафёб
ПАЁМИ ТАБРИКИИ РАИСИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН ДАВЛАТАЛӢ САИД БА МУНОСИБАТИ РӮЗИ ТАЪСИСЁБИИ ҚУВВАҲОИ МУСАЛЛАҲИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ПАЁМИ ТАБРИКИИ РАИСИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН ДАВЛАТАЛӢ САИД БА МУНОСИБАТИ РӮЗИ ТАЪСИСЁБИИ ҚУВВАҲОИ МУСАЛЛАҲИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
Муҳтарам генералҳо, афсарону сарбозон, собиқадорони Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон! Ҳамватанони азиз! Имрӯз аз таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳи
ПАЁМИ ТАБРИКИИ РАИСИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН ДАВЛАТАЛӢ САИД БА МУНОСИБАТИ РӮЗИ ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН
ПАЁМИ ТАБРИКИИ РАИСИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН ДАВЛАТАЛӢ САИД БА МУНОСИБАТИ РӮЗИ ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН
Ҷавонони саодатманди Хатлонзамин! Ҳамаи шуморо ба ифтихори Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон, ки рамзи эътимоду пуштибонии давлат аз ин қишри фаъолу
ҶАЛАСАИ КОРИИ НАЗДИ РАИСИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН
ҶАЛАСАИ КОРИИ НАЗДИ РАИСИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН
Имрӯз, 28 март, дар толори Кохи фарҳанги шаҳри Бохтар таҳти раёсати раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид ҷаласаи корӣ баргузор гардид.