МАРКАЗИ ТЕХНОЛОГИЯИ ИНФОРМАТСИОНӢ ВА КОММУНИКАТСИЯИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН » Раиси вилоят » ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ ҶАШНИ НАВРӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ДАР МАРКАЗИ МАЪМУРИИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН - ШАҲРИ БОХТАР

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ ҶАШНИ НАВРӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ДАР МАРКАЗИ МАЪМУРИИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН - ШАҲРИ БОХТАР

21-03-2025, 10:43
50
0
Имрӯз, 21 март, бо иштироки раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид ва муовини Сарвазири мамлакат Зиёзода Сулаймон чорабинии идонаи Наврӯзи байналмилалӣ дар маркази маъмурии вилояти Хатлон - шаҳри Бохтар аз намоиши дастовардҳои соҳаҳои гуногун ва дастранҷи ҳунармандони чирадасти шаҳр, ки дар майдони Нишони давлатӣ ороста шуда буд, ҳусни оғоз ёфт.
Инчунин, дар чорабинӣ меҳмонон аз вилояти Сурхондарёи Ҷумҳурии Ӯзбекистон ва дигар роҳбарону фаъолони шаҳри Бохтар аз намоишгоҳи ҳунарҳои мардумӣ, дастранҷи кишоварзону дастоварду комёбиҳои идораву ташкилотҳо ва расму анъанаҳои наврӯзии мардумони гуногунмиллати сокинони шаҳр дидан намуданд.
Эҳёи ин суннати арзишманд дар намоиши молу маҳсулот ва ҳунарҳои мардумӣ, ки аз ҷониби сокинони шаҳри Бохтар пешниҳод гардид, таҷассумгари Наврӯз ва оинҳои хоси ин ҷашни ниёгон буда, бозгӯи зиндагии шоистаи мардуми вилоят мебошад.
Идомаи чорабинии бошукуҳи ҷашни байналмилалии Наврӯз дар майдони варзишгоҳи Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав бо барномаи бошукӯҳи фарҳангию фароғатӣ идома ёфт.
Сараввал раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид ҳамагонро бахшида ба ҷашни Наврӯз табрику муборакбод намуда, зик нмунд, ки ин ҷашни бузург бо шарофати озодиву соҳибистиқлолии Ватани маҳбубамон на танҳо ба мақоми расмӣ соҳиб гардид, балки бо талошҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Ҷаноби Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ҳайси ҷашни эҳёи табиату зебоӣ мақоми байналмилалӣ касб кард ва имрӯз дар саросари олам таҷлил карда мешавад.
- Яке аз рукнҳои маъмулу писандидаи Наврӯз, ки имрӯз сайри ҷаҳон дорад, ба дидори ҳам расидан, дасти сахову меҳр доштан, оғӯши гарм кушодану даст ба дасти ҳам додан ва ғаразу бухлу кинаро аз қалбҳо берун намудан мебошад. Мардум дар ин рӯз хонаву кошонаи худро сафед мекунанд, сару либоси нав мепӯшанд ва то соли оянда беҳбудиҳои зиндагиро орзу менамоянд. Бахшиши гуноҳҳо, навозиши ятимону маъюбон, аёдати калонсолону беморон, хайру саховат ба дармондагону ниёзмандон ва саҳм гузоштан дар корҳои созандагиву ободгарона – донаи умед коштан, ниҳолҳои босамар шинонидан, тозаву озода кардани хонаву ҳавлӣ ва кӯчаву растаҳо, инчунин, либоси тозаи идона ба бар кардан аз ҷумлаи суннатҳои асосии Наврӯз ба шумор мераванд, - афзуд раиси вилоят.
Зикр гардид, ки ҳар яки мо барои пешгирӣ ва бартараф намудани исрофу зиёдаравиҳо ҳангоми гузарондани ҷашну маросими мардумӣ ва тарғибу ташвиқи фарҳанги пурғановати миллӣ ва баланд бардоштани ҳисси ифтихору сарфарозӣ аз истиқлолу озодии Тоҷикистони азиз аз ҳамаи имконияту захираҳои мавҷуда бояд истифода барем.
Сипас, муовини Сарвазири мамлакат Зиёзода Сулаймон доир ба суннату анъанаҳои неки ниёгонамон суханронӣ намуда, ба муносибати тантанаи ҷашни Наврӯзи Аҷам ҳозиринро ва дар симои онҳо тамоми мардуми вилоятро табрику таҳният намуданд.
Дар идомаи чорабинӣ аҳли фарҳанги шаҳри Бохтар барномаи идонаи Наврӯзиро пешкаши меҳмонону иштирокчиён намуданд.

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 
Хабарҳои дигар
НАВРӮЗ, БИЁ, ВАТАН БАРАФРӮЗ!
НАВРӮЗ, БИЁ, ВАТАН БАРАФРӮЗ!
Дар шаҳри Бохтар тантанаҳои наврӯзӣ оғоз гардиданд. Раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид, муовини Сарвазири мамлакат Сулаймон Зиёзода, меҳмонон аз
ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ ҶАШНИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ ДАР МАРКАЗИ МАЪМУРИИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН - ШАҲРИ БОХТАР
ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ ҶАШНИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ ДАР МАРКАЗИ МАЪМУРИИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН - ШАҲРИ БОХТАР
8 сентябр, дар варзишгоҳи Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав бо иштироки Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода ва раиси вилояти
ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ ҶАШНИ САДА ДАР ВИЛОЯТИ ХАТЛОН
ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ ҶАШНИ САДА ДАР ВИЛОЯТИ ХАТЛОН
Бо мақсади амалигардонии Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 2 январи соли 2025 «Ҷадвали баргузории ҷашну солгард, фестивалу намоиш, иду озмунҳои
ҶАЛАСАИ КОРИИ НАЗДИ РАИСИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН
ҶАЛАСАИ КОРИИ НАЗДИ РАИСИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН
Имрӯз, 6 сентябр, дар толори Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон таҳти раёсати раиси вилоят Давлаталӣ Саид ҷаласаи корӣ баргузор
Иштирок дар чорабинии фарҳангиву таърихии “Қалъаи Хуҷанд”
Иштирок дар чорабинии фарҳангиву таърихии “Қалъаи Хуҷанд”
11 апрел Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар маҷмааи фарҳангиву таърихии