ҶАЛАСАИ НАЗОРАТИИ НАЗДИ РАИСИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН
Имрӯз, 12 март, дар маҷлисгоҳи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят бо иштироки раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид ҷаласаи корӣ баргузор гардид.
Дар ҷаласа муовини якуми раиси вилоят, муовинон, роҳбари дастгоҳ, сардорони раёсат ва мудирони шуъбаҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят, роҳбарони ташкилоту муассисаҳои вилоятӣ ва раисони шаҳру ноҳияҳои вилоят иштирок намуданд.
Дар ҷаласаи корӣ аз ҷониби раиси вилоят аз масъулони ташкилоту муассисаҳои вилоятӣ ва раисони шаҳру ноҳияҳо вобаста ба масъалаҳои мубрами давлатӣ ва хизматӣ пурсиш ба амал оварда шуда, оид ба ҳалли онҳо дастуру супоришҳо дода шуд.
Раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид вобаста ба кишти пахта, соҳаи иттилоот, ташвиқу тарғиби дастоварҳои соҳаҳои иҷтимоиву иқтисодӣ, хизматрасонии соҳаи об, ниҳолшинониву кабудизоркунӣ, саноат, андозсупорӣ, вусъати корҳои идеологӣ, дастгирии соҳибкорон, содироти маҳсулоти кишоварзӣ, даъвати ҳарбӣ, омодагии хонандагон ба озмунҳои ҷумҳуриявӣ, баргузории озмуну маҳфилҳо бахшида ба Соли фарҳанги китобхонӣ суханронӣ намуда, ба масъулон ҷиҳати ҳалли мушкилоти ҷойдошта дастуру супоришҳои мушаххас доданд.
Таъкид шуд, ки барои боз ҳам ободу зебо гардонидани вилоят ва сазовор пешвоз гирифтани ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз тамоми захираву имкониятҳои мавҷуда истифода карда, рушди соҳаҳои иқтисодӣ, истеҳсолӣ ва иҷтимоӣ таъмин карда шавад.
Гуфта шуд, ки барои истифодаи самараноки заминҳои кишт, баланд бардоштани ҳосилхезии онҳо, таъмин намудани хоҷагиҳои кишоварзӣ бо тухмии баландсифати зироатҳои кишоварзӣ, бахусус, пахта ва ғалладонагиҳо ва зиёд кардани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ тадбирҳои иловагӣ андешида шавад.
Давлаталӣ Саид, раиси вилояти Хатлон таъкид намуданд, ки фаъолияти гурӯҳҳои корӣ оид ба пешгирии фарҳанги бегонапарастӣ ва муайян намудани ақидаи иҷтимоии оилаҳо бо усули фардии “Хона ба хона” ҷоннок карда шавад. Инчунин, масъулон вазифадор гардиданд, ки дар байни ҷавонон дар самти баланд бардоштани ҳисси миллӣ ва ватандустӣ, ҳифзи марзу буми кишвар ва ҷалби бештари ихтиёриён ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳ ба корҳои таблиғу ташвиқотӣ тақвият бахшида шавад.
Хабарҳои дигар

ҶАЛАСАИ НАЗОРАТИИ НАЗДИ РАИСИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН
Имрӯз, 18 ноябр, дар маҷлисгоҳи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят бо иштироки раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид ҷаласаи корӣ баргузор

ҶАЛАСАИ НАЗДИ РАИСИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН ОИД БА НАТИҶАГИРИИ ДАЪВАТИ БАҲОРӢ ВА ОМОДАГӢ БА ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ
Имрӯз, 13 июн, дар маҷлисгоҳи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон таҳти раёсати Давлаталӣ Саид - раиси вилоят ҷаласа баргузор гардид.

ҶАЛАСАИ КОРИИ РАИСИ ВИЛОЯТ ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ
Имрӯз, 24 январ, раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид дар доираи сафари корӣ дар толори Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб ҷаласаи корӣ

ИҶЛОСИЯИ БИСТУ ЯКУМИ МАҶЛИСИ ВАКИЛОНИ ХАЛҚИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН, ДАЪВАТИ ШАШУМ БАРГУЗОР ГАРДИД
Имрӯз, 30 сентябр, дар маҷлисгоҳи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон иҷлосияи бисту якуми Маҷлиси вакилони халқи вилояти Хатлон,

ҶАЛАСАИ КОРИИ НАЗДИ РАИСИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН БАРГУЗОР ГАРДИД
20 январ, дар толори Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон бо иштироки раиси вилоят Давлаталӣ Саид ҷаласаи корӣ баргузор гардид.