РАИСИ ВИЛОЯТ БО ФУТБОЛБОЗОНИ МАҲАЛЛӢ МУЛОҚОТ НАМУДАНД
4 феврал, зимни сафари корӣ раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид дар ҷамоати деҳоти Машъали ноҳияи Вахш дар мусобиқаи футбол бо усули “Ноҳия ба ноҳия” иштирок намуда, бо футболбозон суҳбати самимӣ намуданд.
Зимни суҳбат раиси вилоят зикр намуданд, ки варзиш ба таҳкими тарзи ҳаёти солим ва дӯстӣ миёни наврасону ҷавонон замина гузошта, онҳоро аз хатарҳои терроризму экстремизм эмин нигоҳ медорад.
Раиси вилоят зимни суҳбат таъкид намуданд, ки шумораи ҳарчи бештари ҷавонон ба футбол ҷалб карда шавад, зеро чемпионҳои ояндаи вилояту мамлакат маҳз дар маҳалҳо рушд меёбанд.
Соли 2024 барои рушди соҳаи варзиши вилоят 170 миллион сомонӣ аз ҳисоби буҷети маҳаллӣ маблағгузорӣ гардида, аз ин 47 миллион сомонӣ ба рушди футбол равона карда шудааст, ки 28 фоизи маблағгузории соҳаи варзиши вилоятро ташкил медиҳад.
Давоми соли 2024 аз ҳисоби ҳамаи сарчашмаҳо ба соҳаи футбол 52 миллион сомонӣ (таъмир ва нигоҳдории дастаҳо) масраф гардида, дар муқоиса ба соли 2023 - 37 миллион сомонӣ ё 3,7 баробар зиёд мебошад.
Бояд зикр кард, ки бо мақсади таҳкими тарзи ҳаёти солим, рушди минбаъдаи варзиш ва оммавигардонии он миёни наврасону ҷавонон дар доираи таҷлили ҷашнҳои миллӣ ва санаҳои таърихӣ бо усулҳои “Деҳа ба деҳа”, “Маҳалла ба маҳалла” ва ташкилоту муассисаҳо дар сатҳи дастаҳои вилоятӣ соли сипаригардида 1778 адад мусобиқа бо фарогирии 257810 нафар гузаронида шудааст ва ин иқдом соли ҷорӣ низ идома хоҳад ёфт.
Хабарҳои дигар

Боздид аз Варзишгоҳи марказии ноҳияи Рӯдакӣ бо 8000 ҷойи нишаст
26 октябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз Варзишгоҳи марказии ноҳияи Рӯдакӣ, ки пурра таъмиру навсозӣ

ХОВАЛИНГ: ИФТИТОҲИ ДУ МАЙДОНЧАИ ВАРЗИШИИ БОЛОПӮШИДАИ ФУТБОЛ
5 сентябр, раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид ва раиси Кумитаи ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Зулфиқор Гулаҳмадзода дар

ИФТИТОҲИ МАЙДОНЧАИ БОЗИИ ФУТБОЛ ДАР МАҲАЛЛАИ ХАТЛОНИ ШАҲРИ БОХТАР
Имӯз, 14 декабр, раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид бо раиси шаҳри Бохтар Абдулмаҷид Муминзод майдончаи варзишии футболро дар маҳаллаи

Ифтитоҳи варзишгоҳи марказии ноҳияи Ишкошим бо 4 ҳазор ҷойи нишаст
13 октябр дар идомаи сафари корӣ дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон

Боздид аз варзишгоҳ бо 7 ҳазор ҷойи нишаст баъд аз таъмиру навсозӣ ва ташкили мактаби футбол дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров
18 ноябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар доираи сафари корӣ ба шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд дар деҳоти