БОХТАР: ИФТИТОҲИ МУАССИСАИ ТОМАКТАБИИ ХУСУСИИ «ДОНОЯК»
Дар доираи сафари кории Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба вилояти Хатлон дар шаҳри Бохтар раиси вилоят Давлаталӣ Саид ва вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Саидзода Раҳим Муассисаи томактабии хусусии «Донояк»-ро мавриди истифода қарор доданд.
Муассисаи томактабии “Донояк” барои 100 нафар тарбиятгиранда пешбинӣ шудааст. Бинои мазкур дуошёна буда, масоҳати қитъаи замини он 800 метри квадратиро ташкил медиҳад.
Дар бино утоқҳои корӣ, ҳуҷраҳои хоб, майдонча барои бозии кӯдакон, 4 адад айвонча, ошхона ва утоқҳои санитарӣ ҷойгир буда, сохтмони он аз ҷониби соҳибкор Салимов Комил ба маблағи умумии 950 ҳазор сомонӣ бо сифати баланд ва ба талаботи замони муосир ҷавобгӯ ба роҳ монда шудааст.
Таълиму тарбия дар ин муассиса бо забонҳои русӣ ва англисӣ ба роҳ монда шуда, маблағи моҳонаи барои як нафар кӯдак 850 сомониро ташкил медиҳад.
Хабарҳои дигар

Ифтитоҳи бинои нави Муассисаи томактабии хусусии «Бибиоиша» дар шаҳри Турсунзода
17 октябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси

Ифтитоҳи бинои Муассисаи томактабии «Ворисон» дар деҳаи Алиҷони деҳоти Пушинги ноҳияи Данғара
19 сентябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси

Ифтитоҳи Муассисаи таълимии томактабии «Дурахшон» дар деҳоти Булёни поёни ноҳияи Данғара
19 сентябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси

Ифтитоҳи бинои иловагии таълимӣ дар назди Литсей-интернати шаҳри Турсунзода, 4 мактаби таҳсилоти миёнаи умумӣ ва 2 муассисаи томактабии хусусӣ
17 октябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси

Ифтитоҳи Муассисаи таҳсилоти томактабии №2 дар шаҳри Конибодом
10 сентябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар маркази шаҳри Конибодом бинои Муассисаи таҳсилоти томактабии