Анҷоми сафари корӣ дар Ҷумҳурии Узбекистон

5-04-2025, 07:44
82
0
4 апрел Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пас аз анҷоми сафари корӣ ва иштирок дар Ҳамоиши “Осиёи Марказӣ ва Иттиҳоди Аврупо” ва Форуми “Осиёи Марказӣ дар баробари мушкилоти ҷаҳонии иқлим: муттаҳидшавӣ барои шукуфоии умумӣ” аз шаҳри Самарқанд ба Ватан баргаштанд.
​Дар фурудгоҳи байналмилалии Самарқанд меҳмони олиқадр Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро Сарвазири Ҷумҳурии Узбекистон Абдулло Орипов ва дигар намояндагони воломақом гусел намуданд.
​Ёдовар мешавем, ки зимни сафар ба Ҷумҳурии Узбекистон Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар чорабиниҳои сатҳи олӣ иштирок ва суханронӣ намуданд.
Дар ҳошияи ин ҳамоишҳо Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Ҷумҳурии Узбекистон, Президенти Комиссияи Иттиҳоди Аврупо, Президенти Шурои Иттиҳоди Аврупо ва Президенти Бонки аврупоии таҷдид ва рушд мулоқот карда, масоили рушду густариши муносибатҳои ҳамкориро баррасӣ намуданд.

Хабарҳои дигар
Оғози сафари корӣ дар шаҳри Самарқанди Ҷумҳурии Узбекистон
Оғози сафари корӣ дар шаҳри Самарқанди Ҷумҳурии Узбекистон
3 апрел Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади иштирок дар Ҳамоиши сарони давлатҳои “Осиёи Марказӣ –
Сафари корӣ ба шаҳри Самарқанди Ҷумҳурии Узбекистон
Сафари корӣ ба шаҳри Самарқанди Ҷумҳурии Узбекистон
3 апрел Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои иштирок дар Ҳамоиши сарони давлатҳои “Осиёи Марказӣ – Иттиҳоди
Мулоқот бо Президенти Комиссияи Иттиҳоди Аврупо хонум Урсула фон дер Ляйен
Мулоқот бо Президенти Комиссияи Иттиҳоди Аврупо хонум Урсула фон дер Ляйен
3 апрел дар шаҳри Самарқанд дар ҳошияи Ҳамоиши “Осиёи Марказӣ ва Иттиҳоди Аврупо” Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ
Мулоқот бо Президенти Ҷумҳурии Узбекистон Шавкат Мирзиёев

Мулоқот бо Президенти Шурои Иттиҳоди Аврупо Антониу Кошта