МАРКАЗИ ТЕХНОЛОГИЯИ ИНФОРМАТСИОНӢ ВА КОММУНИКАТСИЯИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН » Президент » Мулоқот бо Президенти Бонки аврупоии таҷдид ва рушд хонум Одил Рено-Бассо

Мулоқот бо Президенти Бонки аврупоии таҷдид ва рушд хонум Одил Рено-Бассо

3-04-2025, 16:22
66
0
Дар шаҳри Самарқанд Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамчунин бо Президенти Бонки аврупоии таҷдид ва рушд хонум Одил Рено –Бассо мулоқот намуданд.
Тавре таъкид гардид, дар давраи ҳамкорӣ аз ҷониби Бонки аврупоии таҷдид ва рушд дар Тоҷикистон 184 лоиҳа мавриди татбиқ қарор гирифтааст, ки маблағи умумии онҳо ба беш аз як миллиард доллар мерасад. Ин лоиҳаҳо асосан дар самтҳои таҳкими низоми молиявӣ, рушди бахши хусусӣ ва соҳаҳои нақлиёту энергетика татбиқ мегарданд.
Лоиҳаҳои марбут ба таъмини аҳолӣ бо об ва баланд бардоштани сатҳи хизматрасонии коммуналӣ аз бахшҳои дигари ҳамкории Тоҷикистон бо Бонки аврупоии таҷдид ва рушд арзёбӣ гардида, алоқамандии Тоҷикистон ба рушди ҳамкорӣ таъкид гардид.
Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сатҳи ҳамкорӣ бо бонкро баланд арзёбӣ намуда, изҳор доштанд, ки татбиқи лоиҳаҳои муштарак бо назардошти таъсири манфии омилҳои беруна ба иқтисодиёти Тоҷикистон дар шароити кунунӣ басо муҳим мебошад.
Зарурати густариши ҳамкорӣ барои идомаи ислоҳоти иқтисодӣ ва тобовар намудани иқтисодиёти Тоҷикистон ба хатарҳои имрӯза ва ҷалби маблағҳои грантӣ ва имтиёзноки шарикони рушд таъкид гардид.
Изҳори бовар карда шуд, ки ҳамкории Тоҷикистон бо Бонки аврупоии таҷдид ва рушд дар татбиқи лоиҳаҳои афзалиятнок дар доираи “рӯзномаи сабз” минбаъд тақвият меёбад.

 

 

 

 
Хабарҳои дигар
МУЛОҚОТИ РАИСИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН ДАВЛАТАЛӢ САИД БО НОИБИ ЯКУМИ ПРЕЗИДЕНТИ БАТР
МУЛОҚОТИ РАИСИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН ДАВЛАТАЛӢ САИД БО НОИБИ ЯКУМИ ПРЕЗИДЕНТИ БАТР
2 октябр, дар шаҳри Бохтар раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид бо ноиби якуми Президенти Бонки аврупоии таҷдид ва рушд (БАТР) Марк Боуман мулоқот
МУЛОҚОТИ РАИСИ ВИЛОЯТ БО РОҲБАРИ БОНКИ АВРУПОИИ ТАҶДИД ВА РУШД (БАТР) ДАР ТОҶИКИСТОН
МУЛОҚОТИ РАИСИ ВИЛОЯТ БО РОҲБАРИ БОНКИ АВРУПОИИ ТАҶДИД ВА РУШД (БАТР) ДАР ТОҶИКИСТОН
29 май, дар толори Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид бо роҳбари Бонки аврупоии таҷдид ва рушд
Мулоқот бо Директори идории Бонки Ҷаҳонӣ оид ба амалиётҳо хонум Анна Бйерде
Мулоқот бо Директори идории Бонки Ҷаҳонӣ оид ба амалиётҳо хонум Анна Бйерде
23 сентябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Ню-Йорк бо Директори идории Бонки Ҷаҳонӣ оид ба амалиётҳо
Мулоқот бо Президенти Гурӯҳи Бонки исломии рушд доктор Муҳаммад Сулаймон Ал-Ҷассер
Мулоқот бо Президенти Гурӯҳи Бонки исломии рушд доктор Муҳаммад Сулаймон Ал-Ҷассер
10 июн Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳошияи Конфронси сеюми
МУЛОҚОТИ РАИСИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН ДАВЛАТАЛӢ САИД БО ШАРИКОНИ РУШД
МУЛОҚОТИ РАИСИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН ДАВЛАТАЛӢ САИД БО ШАРИКОНИ РУШД
Имрӯз, 18 июн, дар толори Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон таҳти раёсати раиси вилоят Давлаталӣ Саид Ҷаласаи Шурои ҳамоҳангсозии