Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар варзишгоҳи «20-солагии Истиқлолияти Тоҷикистон»
31 март муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, муҳтарам Садир Жапаров ва муҳтарам Шавкат Мирзиёев дар тантанаҳои ҷашни байналмилалии Наврӯз дар варзишгоҳи «20-солагии Истиқлолияти Тоҷикистон» иборат аз барномаи муштараки фарҳангии аҳли ҳунари се кишвар пешкаш гардид, иштирок намуданд.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронӣ дар маросими тантанавӣ меҳмонони олимақом – сарони давлатҳои Қирғизистону Узбекистон, мардумони ҳарсе кишвар, инчунин, намояндагони дигар давлатҳои дӯст ва шарикони байналмилалиро, ки ба Хуҷанди бостонӣ ба ин муносибат ташриф овардаанд, бо ҷашни байналмилалии Наврӯз самимона табрик намуданд.
Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар бораи мақом ва расму оини устувори Наврӯз ҳарф зада, изҳор доштанд, ки ин ҷашн «ҳамчун ҷузъи таркибии таъриху фарҳанги мо аз қаъри қарнҳо моро ба таҳкими сулҳу субот, муносибатҳои дӯстӣ ва ҳамкорӣ водор месозанд».
Сарвари давлати мо инро низ «комилан возеҳ» номиданд, ки имрӯз ҳам талошҳои муштараки мо ба истифодаи ҳамаҷонибаи асосҳои башардӯстӣ ва рамзҳои олии ҷашни таърихии Наврӯз ба нафъи наслҳои имрӯзаву оянда равона шудаанд.
Президенти кишвари мо муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Шартномаи байни Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷумҳурии Қирғизистон ва Ҷумҳурии Узбекистон дар бораи нуқтаи пайвастшавии сарҳадҳои давлатии се кишвар баимзорасидаро «санади таърихӣ» номида, таъкид доштанд, ки «ҳамин тавр, мо бори дигар қатъиян эълон намудем, ки аз арзишҳои сулҳ ва усулҳои ҳалли ҳамаи масъалаҳои мавҷуда аз роҳи муколама, дар рӯҳияи ҳусни ҳамҷаворӣ, ҳамдигарфаҳмӣ, самимият, эҳтиром ва эътимоди ҳамдигар пуштибонӣ мекунем».
Дар идома муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон изҳори итминон намуданд, ки «аз имрӯз эътиборан марзҳои се кишвар ба марзҳои дӯстии абадӣ, ҳамсоягии воқеан нек ва шарикии созанда табдил хоҳанд ёфт».
Сарвари давлати мо тавофуқоти бадастомадаро азми табиии мардумони се кишвар арзёбӣ намуда, таъкид доштанд: «мо вазифадорем, ки минбаъд низ дар ин самт саъю талоши муштарак ба харҷ диҳем».
Сарони давлатҳои Қирғизистон муҳтарам Садир Жапаров ва Узбекистон муҳтарам Шавкат Мирзиёев низ ба муносибати ҷашни Наврӯз бо табрикот ва таманниёти нек суханронӣ карданд.
Сипас тантанаҳои бошукуҳ ба ифтихори Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар Варзишгоҳи марказии шаҳри Хуҷанд бо барномаи пурмуҳтавои фарҳангии ҳунармандон ва гурӯҳҳои эҷодии Тоҷикистон, Қирғизистон ва Узбекистон идома ёфтанд, ки намунаи наздикии маънавию фарҳангии мардумони се кишвар гардид.
Хабарҳои дигар

Маросими гусели сарони давлатҳои Қирғизистон ва Узбекистон
Шоми 31 март пас аз иштирок дар чорабиниҳои фарҳангӣ ба ифтихори ҷашни байналмилалии Наврӯз ва анҷоми сафари корӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон сарони

Мулоқоти сеҷонибаи сарони давлатҳои Тоҷикистон, Қирғизистон ва Узбекистон
31 март дар шаҳри Хуҷанди бостонӣ мулоқоти сеҷонибаи сарони давлатҳои Тоҷикистон, Қирғизистон ва Узбекистон баргузор шуд. Президенти Ҷумҳурии

Ташрифи Президенти Узбекистон ба Тоҷикистон
31 март Президенти Ҷумҳурии Узбекистон Шавкат Мирзиёев барои анҷом додани мулоқоту музокироти сеҷонибаи сарони давлатҳои Тоҷикистон, Қирғизистон ва

Оғози сафари корӣ ба вилояти Суғд
29 март Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати иштирок дар тантанаҳои ҷашни байналмилалии Наврӯз, вохӯрии

Ташрифи Президенти Қирғизистон ба Тоҷикистон
31 март Президенти Ҷумҳурии Қирғизистон муҳтарам Садир Жапаров барои мулоқоту музокироти сеҷонибаи сарони давлатҳои Тоҷикистон, Қирғизистон ва