Таъиноти кадрӣ
18 март Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон кадрҳои ба вазифаҳои роҳбарӣ дар мақомоти гуногуни ҳокимияти давлатӣ таъиншударо барои суҳбат ба ҳузур пазируфтанд.
Бо фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва қарорҳои Ҳукумати кишвар дар ҳайати роҳбарии Вазорати маориф ва илм, Вазорати нақлиёт, Кумитаи забон ва истилоҳот, Кумитаи кор бо занон ва оила, Агентии ҳифзи мероси таърихию фарҳангӣ, Хадамоти иҷро, Саридораи ҳифзи сирри давлатӣ, Агентии ҳифзи иҷтимоии аҳолии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ва чанде аз муасссисаҳои таҳсилоти олӣ ва муассисаҳои илмӣ тадқиқотии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон тағйироти кадрӣ анҷом дода шуд. Аз ҷумла кадрҳое, ки ба синни нафақа расидаанд аз вазифа озод ва мутахассисони ҷавону варзида ба вазифаҳои раҳбарӣ таъин шуданд.
Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни суҳбат, аз ҷумла таваҷҷуҳи ҳозиронро ба масоили баланд бардоштани сифати таълиму тарбияи насли наврас, ба талаботи замон мутобиқ ва самарабахш намудани тадқиқоти илмӣ, тақвияти ҳамоҳангӣ миёни илму истеҳсолот, беҳтар намудани сифати корҳо дар соҳаҳои тандурустӣ, ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, фарҳанг, кор бо занон ва оила, ба стандартҳои ҷаҳонӣ мутобиқ намудани зербино ва хизматрасониҳо дар соҳаи нақлиёт ва дигар мавзӯъҳои ҳалталаб ҷалб намуда, ба кадрҳои ба вазифаҳои масъули роҳбарӣ таъиншуда супоришҳои мушаххас доданд.
Таъкид гардид, ки ҳар як хизматчии давлатӣ бояд бо ҳисси баланди масъулиятшиносӣ ва содиқонаю софдилона бо қалби поку ниятҳои наку вазифаҳои хизматии худро иҷро намуда, ҳамзамон мудом дар тарбияи кадрҳои ҷавон ҳамаҷониба саҳмгузор бошанд.
Хабарҳои дигар

Тағйироти кадрӣ
16 август Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар вазоратҳои корҳои хориҷӣ, мудофиа, корҳои дохилӣ, кишоварзӣ,

Таъиноти кадрӣ дар мақомоти судӣ ва прокуратура
4 март дар Қасри миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон кадрҳоеро, ки дар мақомоти судӣ ва прокуратура ба

Маросими имзои санадҳои нави ҳамкории Тоҷикистону Чин ва нишасти матбуотӣ
Пас аз анҷоми мулоқоту музокироти сатҳи олии Тоҷикистону Чин дар Қасри миллат маросими имзо ва табодули санадҳои нави ҳамкорӣ баргузор гардид. Дар

ФАРМОНИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
Дар бораи тадбирҳои тақвият бахшидани сатҳи ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, зиёд намудани маоши амалкунандаи вазифавии хизматчиёни давлатӣ, кормандони

Имзои санадҳои нави ҳамкорӣ миёни Тоҷикистону Эрон
Аз рӯйи натиҷаҳои мулоқоти музокироти сатҳи олии Тоҷикистону Эрон бо иштирок ва дар ҳузури Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам