Иштирок дар Ҳамоиши тиҷоративу иқтисодӣ, сармоягузорӣ ва гардишгарии Тоҷикистону Эрон
Нимаи дуюми рӯз дар доираи сафари давлатии Президенти Ҷумҳурии Исломии Эрон дар бинои Маркази Оши шаҳри Душанбе Ҳамоиши тиҷоратӣ, сармоягузорӣ ва гардишгарии ду кишвар баргузор гардид, ки дар кори он сарони ҳарду давлат – муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва муҳтарам Масъуд Пизишкиён иштирок ва суханронӣ намуданд.
Иштироки бевоситаи сарони ду давлат дар ин ҳамоиш худ бозгӯй аз аҳамияти бориз ва авлавият доштани робитаҳои иқтисодиву тиҷоратӣ, сармоягузорӣ ва гардишгарӣ дар маҷмуи муносибатҳои гуногунҷанбаи ду кишвари ҳамзабону ҳамфарҳанг аст.
Сарвари давлати Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Президенти Ҷумҳурии Исломии Эрон Масъуд Пизишкиён, ҳайати ҳамроҳи ӯ ва ҷамъи тоҷирону соҳибкорон ва сармоягузорони эрониро ба Тоҷикистон ва ба ин ҳамоиши басо муҳим хайрамақдам гуфта, муҳимтарин имкону афзалиятҳои гардишгарӣ, сармоягузорӣ ва тиҷорат бо кишвари моро шахсан муаррифӣ намуданд.
Тавре зикр гардид, дар соли 2024 ҳаҷми тиҷорат миёни ду кишвар тақрибан то 50 дарсад нисбат ба соли 2023 афзоиш ёфт, ки “аз мавҷудияти зарфиятҳои кофӣ барои тавсеаи минбаъдаи робитаҳои иқтисодии ду ҷониб гувоҳӣ медиҳад”.
Муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз вуҷуди сарватҳои фаровони табиӣ ба мисли об, маъданҳо, фулузоти нодир, имконоти беандозаи истеҳсоли энергияи “сабз” ва рушди иқтисоди “сабз”, роҳандозии ҳамкории судовар дар бахшҳои саноати кӯҳӣ, ғизоӣ, нассоҷӣ, кимиё, дорусозӣ, истеҳсоли маводи сохтмон, соҳаҳои энергетика, металлургӣ, мошинсозӣ, кишоварзӣ ва истифода аз зарфиятҳои зиёди гардишгарӣ ёдовар шуда, ҳозиринро ба ҳамкории самарабахш даъват намуданд.
Таъкид гардид, ки “Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои сармоягузорон 110 имтиёз ва сабукиҳои молиётиву гумрукӣ, дар маҷмӯъ беш аз 240 номгӯи замонатҳои ҳуқуқӣ муқаррар намудааст”.
Президенти Ҷумҳурии Исломии Эрон Масъуд Пизишкиён низ дар навбати худ омодагӣ ва алоқамандии Ҳукумат ва доираҳои соҳибкорию сармоягузории Эронро ба таҳким ва густариши робитаҳо бо Тоҷикистон таъкид намуда, ҳарду ҷонибро ба дарёфти роҳҳои наву судовари ҳамкорӣ даъват намуданд.
Қобили зикр аст, ки Ҳамоиши тиҷоративу иқтисодӣ, сармоягузорӣ ва гардишгарии Тоҷикистону Эрон рӯзи 15 январ бо Муколамаи намояндагони бахши хусусии ҷонибҳо оғоз ёфта, 16 январ бо ҳузури сарони давлатҳо идома ва ҳусни анҷом ёфт.
Хабарҳои дигар

Оғози сафари давлатии Президенти Ҷумҳурии Исломии Эрон Масъуд Пизишкиён ба Тоҷикистон
15 январ Президенти Ҷумҳурии Исломии Эрон муҳтарам Масъуд Пизишкиён бо сафари давлатӣ ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ташриф оварданд.Президенти Ҷумҳурии

Мулоқоту музокироти сатҳи олии Тоҷикистону Эрон
Баррасии маҷмуи васеи масоили вобаста ба таҳкиму густариши робитаҳои дӯстӣ ва ҳамкории Тоҷикистону Эрон дар мулоқоти хоссаи сарони ду давлат –

Изҳороти матбуотии сарони давлатҳои Тоҷикистону Эрон
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Ҷумҳурии Исломии Эрон муҳтарам Масъуд Пизишкиён пас аз мулоқоту

Иштирок дар маросими савгандёдкунии Президенти навиинтихоби Ҷумҳурии Исломии Эрон Масъуди Пизишкиён
Дар шаҳри Теҳрон Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар маросими савгандёдкунии Президенти навиинтихоби Ҷумҳурии Исломии Эрон

ДАВЛАТАЛӢ САИД: “АЛОҚАМАНДИ РУШДИ ҲАМКОРӢ БО ХУРОСОНИ РАЗАВӢ ҲАСТЕМ”
Барои тавсеаи ҳамкорӣ ва афзоиши ҳаҷми гардиши мол байни вилоятҳои Хатлони Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Хуросони Разавии Ҷумҳурии исломии Эрон таъсиси