МАРКАЗИ ТЕХНОЛОГИЯИ ИНФОРМАТСИОНӢ ВА КОММУНИКАТСИЯИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН » Президент » Мулоқот бо Вазири сармоягузории Арабистони Саудӣ Холид Ал-Фолиҳ

Мулоқот бо Вазири сармоягузории Арабистони Саудӣ Холид Ал-Фолиҳ

11-11-2024, 08:07
66
0
10 ноябр дар шаҳри Риёз Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳошияи Саммити муштараки ғайринавбатии арабию исломӣ бо Вазири сармоягузории Арабистони Саудӣ Холид Ал-Фолиҳ мулоқот намуданд.
Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид доштанд, ки рушду тавсеаи робитаҳо дар соҳаи тиҷорату иқтисод яке аз самтҳои асосии ҳамкорӣ мебошад.
Ҷонибҳо масъалаҳои густариши ҳамкории сармоягузорӣ, техникӣ ва фарҳангиро муҳокима намуданд.
Баргузории мунтазами нишастҳои Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистону Арабистони Саудӣ ва анҷуманҳои соҳибкорӣ, намоишгоҳҳои маҳсулот ва таъсиси Фонди муштараки Тоҷикистону Арабистони Саудӣ оид ба маблағгузории лоиҳаҳои сармоягузорӣ бар суди кор номида шуд.
Гуфта шуд, ки миёни ду кишвар оид ба татбиқи лоиҳаҳои муштараки сармоягузорӣ дар самтҳои саноати сабук, хӯрокворӣ, металлургӣ, дорусозӣ, инчунин энергетика ва кишоварзӣ имкониятҳои зиёд мавҷуд аст.Бунёди марказҳои логистикии муосир, корхонаҳои муштараки саноатӣ амри зарурӣ дониста шуд.
Роҳандозии хатсайри мустақим дар масири Душанбе-Ҷидда-Душанбе аз моҳи марти соли 2023 натиҷаи хуб барои густариши робитаҳои судбахш арзёбӣ гардид. Изҳори умед карда шуд, ки хатсайри мустақим дар масири Душанбе-Риёз-Душанбе низ роҳандозӣ шуда, дар ин замина сафари сайёҳони саудӣ ба Тоҷикистон афзоиш хоҳад ёфт.

 

 

 

 
Хабарҳои дигар
Сафари корӣ ба Подшоҳии Арабистони Саудӣ
Сафари корӣ ба Подшоҳии Арабистони Саудӣ
10 ноябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати иштирок дар Саммити муштараки изтирории арабию исломӣ ба
Оғози сафари корӣ дар Подшоҳии Арабистони Саудӣ
Оғози сафари корӣ дар Подшоҳии Арабистони Саудӣ
10 ноябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои иштирок дар Ҳамоиши муштараки изтирории арабию исломӣ вориди
Мулоқоту музокироти сатҳи олии Тоҷикистону Кувайт
Мулоқоту музокироти сатҳи олии Тоҷикистону Кувайт
3 ноябр дар Қасри Девони Амир мулоқоту музокироти сатҳи олии Тоҷикистону Кувайт дар вохӯрии хосаи сарони давлатҳо оғоз шуда, бо иштироки ҳайатҳои
Мулоқот бо Валиаҳди Давлати Кувайт Шайх Сабоҳ ал-Холид Ал-Ҳамад ал-Муборак Ал-Сабоҳ
Мулоқот бо Валиаҳди Давлати Кувайт Шайх Сабоҳ ал-Холид Ал-Ҳамад ал-Муборак Ал-Сабоҳ
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Ню-Йорк бо Валиаҳди Давлати Кувайт Шайх Сабоҳ ал-Холид Ал-Ҳамад
Мулоқот бо Муовини Раиси Ҳукумати Федератсияи Русия Марат Хуснулин
Мулоқот бо Муовини Раиси Ҳукумати Федератсияи Русия Марат Хуснулин
4 октябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Муовини Раиси Ҳукумати Федератсияи Русия, ҳамраиси Комиссияи