МАРКАЗИ ТЕХНОЛОГИЯИ ИНФОРМАТСИОНӢ ВА КОММУНИКАТСИЯИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН » Президент » Ифтитоҳи бинои мактаби санъат дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ

Ифтитоҳи бинои мактаби санъат дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ

8-11-2024, 11:17
68
0
8 ноябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар идомаи сафари корӣ ба шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон дар деҳаи Сарироҳи шаҳракаи Балхӣ бинои нави Мактаби санъати ноҳияи Ҷалолиддини Балхиро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.
Иттилоъ дода шуд, ки Мактаби санъати ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ бо мақсади тарбия ва омодасозии ҷавонони соҳибистеъдод дар соҳаи фарҳангу санъат дар муҳлати кӯтоҳ сохта шуда, дорои шароити муосири таълимӣ мебошад.
Иттилоъ дода шуд, ки дар мактаби санъати ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ хоҳишмандон аз синни 10 сола боло ҷалб карда мешаванд.
Дар бинои навсохт хонандагон дар шуъбаҳои хореографӣ, санъати тасвирӣ, сарояндагӣ ва навозандагӣ ба таҳсил фаро гирифта шуда, пас аз хатм соҳиби шаҳодатнома мегарданд.
Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аснои шиносоӣ бо шароити корӣ ва раванди таҳсил дар ин муассисаи навбунёд, ба масъалаи тарбияи дуруст ва соҳибкасб гардонидани ҷавонон таваҷҷуҳ намуда, хонандагонро барои аз худ кардани нозукиҳои асбоби мусиқӣ ва санъати навозандагию овозхонӣ ҳидоят намуданд.
Мактаби санъат, ягона иншооти замонавии соҳавӣ дар ҳудуди ноҳияи Ҷалолиддин Балхӣ мебошад, ки дар асоси ҳадафҳои созандаи Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз ҳисоби буҷети маҳаллӣ бунёд гардида, барои омодасозии ҷавонони соҳибзавқ дар соҳаи санъат пешбинӣ шудааст.
Дар ин ҷо дорои таҳсилоти олӣ олидошта ба хонандагон навохтани асбобҳои торӣ, нафасӣ ва зарбиро меомӯзонанд. Донишомўзони ин муассиса баъди 5 соли хатми ин даргоҳ метавонанд вобаста ба касби интихобкардаашон таҳсилро дар муассисаҳои таҳсилоти олӣ идома диҳанд.

 

 

 

 

 

 

 

 

 
Хабарҳои дигар
Ифтитоҳи МД «Мактаби бачагонаи санъат ба номи Одина Ҳошим» дар шаҳри Душанбе
Ифтитоҳи МД «Мактаби бачагонаи санъат ба номи Одина Ҳошим» дар шаҳри Душанбе
27 август дар кӯчаи Шамсии ноҳияи Синои пойтахт бо иштироки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси Маҷлиси
Ифтитоҳи Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 20 ва Мактаби санъати бачагонаи ба номи Мухтор Ашрафии ноҳияи Рӯдакӣ
Ифтитоҳи Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 20 ва Мактаби санъати бачагонаи ба номи Мухтор Ашрафии ноҳияи Рӯдакӣ
26 октябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар деҳаи Ҳаёти нави деҳоти Лоҳури ноҳияи Рӯдакӣ бинои иловагии
- СЕМИНАР ОМӮЗИШ  SCRATCH -
- СЕМИНАР ОМӮЗИШ SCRATCH -
---
Бо мақсади иҷрои қарори раиси вилояти Хатлон аз 9 ноябри соли 2022, №333 ҷиҳати татбиқи қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 31 августи соли 2022,
Ифтитоҳи мактаби таҳсилоти миёнаи умумии № 70 дар ноҳияи Кӯшониён
Ифтитоҳи мактаби таҳсилоти миёнаи умумии № 70 дар ноҳияи Кӯшониён
8 ноябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар идомаи сафари корӣ ба вилояти Хатлон дар деҳаи Механизатори ноҳияи
Ифтитоҳи бинои иловагии таълимӣ дар назди Литсей-интернати шаҳри Турсунзода, 4 мактаби таҳсилоти миёнаи умумӣ ва 2 муассисаи томактабии хусусӣ
Ифтитоҳи бинои иловагии таълимӣ дар назди Литсей-интернати шаҳри Турсунзода, 4 мактаби таҳсилоти миёнаи умумӣ ва 2 муассисаи томактабии хусусӣ
17 октябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси