Ифтитоҳи Маркази ташхисию табобатӣ ва барқарорсозии бемориҳои асаб дар ноҳияи Кӯшониён
7 ноябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳраки Бустонқалъаи ноҳияи Кӯшониёни вилояти Хатлон Маркази ташхисию табобатӣ ва барқарорсозии бемориҳои асабро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.
Маркази ташхисию табобатии “Авитсена” дар доираи тадбирҳои ободонию созандагӣ ба истиқболи ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ аз ҷониби соҳибкори маҳаллӣ Расулҷон Ашуров бунёд шуда, дар он шароити муосири ташхису табобат барои аҳолии ноҳия фароҳам оварда шудааст.
Тавре ба Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ доданд, корҳои сохтмонӣ дар ин иншооти соҳаи тандурустӣ, ки аз се ошёна ва таҳхона иборат мебошад, соли 2021 оғоз гардида, бо тарҳи муосири меъморӣ бунёд шудааст.
Дар Маркази ташхисию табобатӣ ва барқарорсозии бемориҳои асаб 30 нафар, аз ҷумла 10 табиб, 12 корманди миёнаи тиббӣ ва 8 корманди ёрирасон ба кор ҷалб гардидаанд.
Барои фаъолияти пурсамари марказ бо маблағи 3 миллион сомонӣ таҷҳизоти муосири тиббӣ харидорӣ ва насб карда шудааст.
Дар таҳхонаи иншоот дорухона, ҳуҷраи ташхиси рентгени рақамӣ ва дигар ҳуҷраҳои ёрирасон ҷойгир шудааст.
Дар ошёнаи якуми бино бо мақсади пешниҳоди хизматрасонии босифати тиббӣ ба ниёзмандон ҳуҷраҳои қабули беморон, муоина ва сабти барқии дил, ташхиси ултрасадоӣ, муоинаи сабти мағзи сар ва ҳуҷраи рухсати беморон ҷойгир мебошанд.
Дар ошёнаи дуюм ва сеюм ҳуҷраҳои табобатӣ ҷойгир гардида, дар онҳо барои беморон шароити мусоид фароҳам оварда шудааст. Марказ ҳамчунин дорои 30 кати хоб аст.
Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни шиносоӣ бо шароиту имконоти ин муассисаи тиббӣ ба корҳои сохтмонӣ ва шароити фароҳамгардида баҳои баланд доданд.
Дар оянда бо истифода аз имконияти ин марказ бо ҷалби мутахассисони сатҳи минтақа ва ҷумҳуриявӣ муоина ва табобати мураккаби сактаи майнаи сар ва дигар усулҳои муоина, ташхис ва табобати бемориҳои гуногуни асаб ба роҳ монда мешавад.
Хабарҳои дигар

Ифтитоҳи бинои Маркази ташхису табобатӣ ва стоматологӣ дар ноҳияи Мир Саид Алии Ҳамадонӣ
5 сентябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Мир Саид Алии Ҳамадонӣ Бинои маркази ташхису табобатӣ ва

Ба истифода додани бинои беморхонаи марказии ноҳияи Ховалинг
5 сентябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Ҷамоати шаҳраки Ховалинги ноҳияи Ховалинг бо бардоштани парда аз

РАИСИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН АЗ ВАЗЪИ МУАССИСАҲОИ СОҲАИ ТАНДУРУСТӢ
Имрӯз, 11 сентябр, раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид аз вазъи фаъолияти муассисаҳои соҳаи тандурустӣ дар шаҳри Бохтар огоҳ гардиданд.

Ифтитоҳи бинои Беморхонаи марказии шаҳри Норак пас аз таъмиру навсозӣ
30 август Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Норак бинои Беморхонаи марказиро пас аз таъмиру навсозӣ

Ифтитоҳи Беморхонаи марказии ноҳияи Рашт
13 сентябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Рашт бинои маркази саломатӣ, беморхонаи марказии дуошёна