Мулоқот бо Вазири корҳои хориҷии Давлати Кувайт Абдуллоҳ Алӣ Абдуллоҳ Солеҳ Ал-Яҳё
3 ноябр дар шаҳри Ал-Кувайт Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Вазири корҳои хориҷии Давлати Кувайт Абдуллоҳ Алӣ Абдуллоҳ Солеҳ Ал-Яҳё мулоқот намуданд.
Дар вохӯрӣ ҳолати кунунӣ ва дурнамои муносибатҳои гуногунҷанбаи ду кишвар баррасӣ шуд.
Ба саҳми Фонди кувайтии рушд дар татбиқи лоиҳаҳои давлатии сармоягузории Тоҷикистон баҳои баланд дода шуд.
Таъкид гардид, ки ҳамкории ду кишвар дар соҳаҳои фарҳанг ва илму маориф тавсеа меёбад.
Зимни муҳокимаи масоили байналмилалӣ ва минтақавӣ аз ҳамкории судманди Тоҷикистону Кувайт дар доираи Созмони Милали Муттаҳид, Созмони ҳамкории исломӣ, Муколамаи ҳамкории Осиё ва ғайра изҳори қаноатмандӣ карда шуд.
Таъкид гардид, ки кишварҳо оид ба аксари масъалаҳои рӯзномаи байналмиллалӣ ва минтақавӣ мавқеъҳои наздик ва ё ҳамсон доранд.
Ҳарду ҷониб ба татбиқи босамари ташаббусҳои байналмилалии Тоҷикистон дар масъалаҳои обу иқлим изҳори алоқамандӣ карданд.
Сарвари давлати мо ба ташаббуси Тоҷикистон, ки дар иҷлосияи 79-уми Маҷмаи Умумии СММ доир ба қабули қатъномаи махсуси Созмони Милали Муттаҳид оид ба эълони Даҳсолаи «Таҳкими сулҳ барои наслҳои оянда» пешниҳод гардид, таваҷҷуҳи хоса зоҳир намуданд.
Хабарҳои дигар

Мулоқот бо муовини якуми Сарвазир, вазири мудофиа ва вазири корҳои дохилии Давлати Кувайт Шайх Фаҳд Юсуф Сауд ас-Сабоҳ
3 ноябр дар шаҳри Ал-Кувайт Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо муовини якуми Сарвазир, вазири мудофиа ва

Мулоқот бо Валиаҳди Давлати Кувайт Шайх Сабоҳ Ал-Холид Ал-Ҳамад Ал-Муборак Ас-Сабоҳ
3 ноябр дар шаҳри Ал-Кувайт Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Валиаҳди Давлати Кувайт Шайх Сабоҳ Ал-Холид

Мулоқот бо Валиаҳди Давлати Кувайт Шайх Сабоҳ ал-Холид Ал-Ҳамад ал-Муборак Ал-Сабоҳ
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Ню-Йорк бо Валиаҳди Давлати Кувайт Шайх Сабоҳ ал-Холид Ал-Ҳамад

Мулоқоту музокироти сатҳи олии Тоҷикистону Кувайт
3 ноябр дар Қасри Девони Амир мулоқоту музокироти сатҳи олии Тоҷикистону Кувайт дар вохӯрии хосаи сарони давлатҳо оғоз шуда, бо иштироки ҳайатҳои

Мулоқот бо Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Мардумии Чин Ван И
18 май дар Қасри миллат Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Вазири корҳои хориҷии