Оғози сафар ва маросими истиқболи расмӣ дар Давлати Кувайт
3 ноябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо сафари расмӣ вориди Давлати Кувайт шуданд.
Дар толори махсуси фурудгоҳи байналмилалии амирии пойтахти ин кишвар - шаҳри Ал-Кувайт Сарвари давлати Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро Амири Давлати Кувайт Шайх Мишъал Ал-Аҳмад Ал-Ҷобир Ас-Сабоҳ ва Валиаҳди Давлати Кувайт Шайх Сабоҳ Ал-Холид Ал-Ҳамад Ал-Муборак Ас-Сабоҳ истиқбол гирифтанд.
Барои пазироии меҳмони олимақом дар фурудгоҳи Ал-Кувайт, ҳамчунин намояндагони воломақоми ин кишвар, ашхоси аршади Девони Амирӣ ва роҳбарияти олирутбаи Горди амирӣ ҳузур доштанд.
Маросими истиқболи расмӣ бахшида ба сафари расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Давлати Кувайт дар толори бузурги амирии фурудгоҳи байналмилалии Ал-Кувайт баргузор шуд.
Баъди пазироии гарму самимии меҳмони олимақом Амири Давлати Кувайт Шайх Мишъал Ал-Аҳмад Ал-Ҷобир Ас-Сабоҳ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро ба болои шоҳсуфаи ифтихорӣ даъват намуданд.
Ба ин муносибат дар толор ҷузъҳои горди фахрӣ ва оркестри асбобҳои нафасии амирӣ ва ҳайатҳои расмии ду ҷониб саф оростанд ва сурудҳои миллии ду кишвари дӯст садо дод.
Сипас фармондеҳи горди фахрии амирӣ ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон гузориш дод.
Дар ҳамин ҷо Сарвари давлати Тоҷикистон ва Амири Давлати Кувайт бо ҳайатҳои расмии ду ҷониб шинос шуданд.
Хабарҳои дигар

Мулоқот бо Валиаҳди Давлати Кувайт Шайх Сабоҳ ал-Холид Ал-Ҳамад ал-Муборак Ал-Сабоҳ
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Ню-Йорк бо Валиаҳди Давлати Кувайт Шайх Сабоҳ ал-Холид Ал-Ҳамад

Мулоқоту музокироти сатҳи олии Тоҷикистону Кувайт
3 ноябр дар Қасри Девони Амир мулоқоту музокироти сатҳи олии Тоҷикистону Кувайт дар вохӯрии хосаи сарони давлатҳо оғоз шуда, бо иштироки ҳайатҳои

Сафари расмӣ ба Давлати Кувайт
3 ноябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои анҷом додани боздиди расмӣ ва иштирок дар Конфронси

Мулоқот бо Амири Давлати Қатар шайх Тамим ибни Ҳамад оли Сонӣ
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳошияи мубоҳисаҳои Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид бо Амири Давлати

Мулоқот бо Амири Давлати Қатар Шайх Тамим ибни Ҳамад Оли Сонӣ
3 октябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Давҳа дар ҳошияи Нишасти сеюми Муколамаи Ҳамкории Осиё