Ифтитоҳи корхонаи коркарди маҳсулоти ширии ҶДММ “Панҷ” дар шаҳри Хоруғ
13 октябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Хоруғ Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Панҷ”-ро ба истифода доданд.
Дар корхонаи саноатӣ дар як рӯз то 2 тонна шир коркард ва 11 номгӯйи маҳсулот, аз қабили сметана, қаймоқ, творог, ёгурт ва кефир истеҳсол карда мешавад.
Дар корхонаи шир ҳоло наздики 30 нафар бо кор таъмин шудааст ва ояндаи наздик бо боло рафтани иқтидори истеҳсолии корхона зиёда аз 100 ҷойи корӣ ташкил карда мешавад.
Технология аз Русияву Чин ворид карда шуда, корхона имкон дорад, ки дар як сол то 700 тонна ширро коркард намояд.
Дар ноҳияҳои Рӯшон, Шуғнон, Роштқалъа ва шаҳри Хоруғ ҷой барои қабули шир аз чорвои аҳолӣ ташкил карда шуда, баъди санҷидани сифат он коркард карда мешавад. Таъсиси корхона дар баробари пешниҳоди маҳсулоти босифат ба бозор, ҳамзамон тавассути истифодаи имкониятҳои шаҳру ноҳияҳои кӯҳистон ба рушди чорводорӣ ва аз ин ҳисоб ба даст овардани даромади иловагӣ барои аҳолӣ мусоидат мекунад.
Дар анбори корхона мувофиқ ба талабот барои нигоҳдории 4 тонна маҳсулот шароит мавҷуд аст.
Ҳамчунин дар ҳамин рӯз намудҳои гуногуни маҳсулоти дар корхона истеҳсолшаванда муарифӣ карда шуд, ки натиҷаи татбиқи нақшаҳои Ҳукумати мамлакат ва афзоиши истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ дар шаҳри Хоруғи вилояти Бадахшон мебошад.
Тибқи маълумот давоми 8 моҳи соли 2024 истеҳсоли маҳсулоти ширӣ дар вилоят 2,5 маротиба зиёд шудааст.
Хабарҳои дигар

Ба истифода додани корхонаи коркарди санги ҶДММ «Помир Стоун» дар шаҳри Хоруғ
13 октябр дар идомаи сафари корӣ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Хоруғи Вилояти Мухтори Кӯҳистони

Ифтитоҳи корхонаи истеҳсоли равған дар заминаи ҶДММ “Сирдарё” дар шаҳри Хуҷанд
Дар идомаи сафари корӣ Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Минтақаи саноатии

Ифтитоҳи ҶДММ “Ҷавоҳироти заргарии Зарафшон” дар шаҳри Душанбе
16 июл Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии

Ифтитоҳи корхонаи коркарди ангати ҶДММ “Гулчеҳра-80”-и ноҳияи Ишкошим
13 октябр сафари кории Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар деҳаи Дашти ноҳияи Ишкошими Вилояти Мухтори

Ифтитоҳи “Корхонаи металлургии тоҷик” дар шаҳри Гулистон
7 сентябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни сафари корӣ ба вилояти Суғд дар минтақаи саноатии шаҳри