Ифтитоҳи ҶДММ “Неъматҳои Рӯшон”
12 октябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикисон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба фаъолияти Корхонаи ҶДММ “Неъматҳои Рӯшон” оғоз бахшиданд.
ҶДММ “Неъматҳои Рӯшон” дар доираи дастуру ҳидоятҳои Роҳбари давлат барои рушди истеҳсолоти ватанӣ, таъсиси ҷойҳои кории нав ва таъмини зиндагии шоистаи шаҳрвандон аз ҷониби соҳибкори ватандӯст Ниёзбегим Абдулова таъсис ёфт.
Корхона аз рӯи самти фаъолият дар ноҳия аввалин буда, иқтидори истеҳсолии он дар як сол 1200 тонна меваи хушк ва 500 ҳазор қуттии шартии консерваи меваю сабзавотро ташкил медиҳад.
Зимни шиносоӣ ба Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ доданд, ки иншооти нави саноатӣ дорои 4 хати истеҳсолӣ буда, дар он 12 номгӯи маҳсулоти аз лиҳози экологӣ тоза бо риояи стандартҳои ватанию ҷаҳонӣ бароварда мешавад.
Бо бунёд ва ба фаъолият оғоз намудани ҶДММ “Неъматҳои Рӯшон” 25 сокини маҳаллӣ, аз ҷумла 15 зан бо кор ва маоши хуб таъмин шуда, шумораи умумии коргарон дар ояндаи наздик ба 100 нафар расонида мешавад.
Ашёи хом, яъне меваю сабзавот аз хоҷагиҳои деҳқонии ноҳия харидорӣ шуда, дар 6 сардхона нигоҳдорӣ мешавад. Сардхонаҳо, ки дар маҷмуъ иқтидори ғунҷоиши 1000 тонна маҳсулотро доранд, ба таъмини фаъолияти муназзами корхона дар ҳама фасли сол мусоидат менамоянд.
Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иқдоми соҳибкорро барои дар шароити кӯҳистон бунёд намудани чунин корхонаи саноатӣ намунаи ибрат гуфта, аз ҷумла иброз доштанд, ки ин тадбир метавонад ба истифодаи оқилонаи замин, гирифтани ҳосили зиёд ва беҳтар шудани сатҳи зиндагии шаҳрвандон мусоидат намояд.
Дар ҳамин ҷо Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз намоиши маҳсулоти корхона дидан намуда, ба масъулин барои зиёд намудани номгӯйи маҳсулот ва ғановати бозори истеъмолӣ маслиҳатҳои муфид доданд.
Сипас ба Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон лоиҳаи бунёди маркази савдо ва хизматрасонӣ, ки дар шафати ҶДММ “Неъматҳои Рӯшон” сохта мешавад, муаррифӣ карда шуд.
Иншоот бо тарҳи замонавӣ бунёд шуда, дорои ошхона, маркази фурӯши армуғонҳо, меҳмонхона ва дигар иншооти ёрирасон мебошад.
Хабарҳои дигар

Ифтитоҳи ҶДММ Корхонаи инноватсионии "САМО" дар шаҳри Хуҷанд
9 сентябр Президентии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Хуҷанд ба фаъолияти ҶДММ Корхонаи инноватсионии

Ифтитоҳи гармхонаи ҶДММ “Сабзавоти Кӯҳистон” дар ноҳияи Рӯшон
12 октябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар идомаи сафари корӣ дар ноҳияи Рӯшон аз гармхонаи ҶДММ “Сабзавоти

Муаррифии лоиҳаҳои бунёди бинои панҷошёнаи истиқоматӣ барои хизматчиёни давлатӣ ва корхонаи “Сендвич Панел” дар ноҳияи Рӯшон
12 октябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Рӯшон ба лоиҳаи ангоравии бинои панҷошёнаи истиқоматӣ

Ифтитоҳи ҶДММ “ТОҶИК ГЛОБАЛ ИНВЕСТ” дар шаҳри Норак
30 август дар шаҳри Норак Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба фаъолияти Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди

Ифтитоҳи корхонаи бандубасти меваи хушки ҶДММ “Неруи Канд” дар шаҳри Конибодом
10 сентябр дар идомаи сафари корӣ дар шаҳри Конибодом Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон корхонаи бандубасти