МАРКАЗИ ТЕХНОЛОГИЯИ ИНФОРМАТСИОНӢ ВА КОММУНИКАТСИЯИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН » Президент » Оғози мавсими ҷамъоварии картошка ва боздид аз намоишгоҳи маҳсулоти кишоварзӣ ва ҳунарҳои мардумӣ дар ноҳияи Лахш

Оғози мавсими ҷамъоварии картошка ва боздид аз намоишгоҳи маҳсулоти кишоварзӣ ва ҳунарҳои мардумӣ дар ноҳияи Лахш

12-09-2024, 12:28
60
0
12 сентябр дар идомаи сафари корӣ дар ноҳияи Лахш Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар хоҷагиҳои деҳқонии “Майдонтерак”-и деҳаи Кӯҳдоман ба мавсими ҷамъоварии картошка оғоз бахшиданд.
Иттилоъ дода шуд, ки масоҳати заминҳои хоҷагиҳои деҳқонии Майдонтерак ба 78,50 гектар баробар буда, 40,43 гектари онро заминҳои обӣ, беш аз 33 гектарро заминҳои хоҷагиҳои ёрирасон ва 2 гектарро боғ ташкил медиҳад. Дар ин мавзеъ асосан картошка парвариш карда мешавад.
Соли равон дар хоҷагиҳои деҳқонии ноҳия майдони умумии картошка 5 ҳазору 457 гектарро ташкил дода, тибқи интизории мутахассисон, имсол ҳосилнокии он ба 250-270 сентнер аз гектар мерасад. Тибқи иттилои раёсати кишоварзии ноҳияи Лахш, майдони кишти картошка дар ноҳия сол ба сол зиёд гардида, ҳосили дилхоҳ ба даст оварда мешавад. Аз ҷумла, имсол майдони кишт нисбат ба соли гузашта 89 гектар зиёд буда, истеҳсоли зиёда аз 107 ҳазор тонна дар назар аст.
Шароит ва иқлими ноҳияи Лахш барои картошкапарварӣ хеле мусоид аст ва ноҳия дар таъмини бозорҳои дохилӣ бо ин навъи маҳсулот саҳми назаррас дорад. Хоҷагидорони ноҳияи Лахш асосан навъҳои тухмиҳои “Тоҷикистон”, “Пикассо”, “Покистон”, “Сурхоб”, “Эвалюшн”, “Аризона”, “Элита”, “Гала”, “Бигроза” ва ғайраро кишт мекунанд, ки серҳосиланд.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни суҳбат бо деҳқонон, истифодаи самараноки заминро омили асосии таъмини амнияти озуқаворӣ ва фаровонии дастархони мардум номида, онҳоро ба фаъолияти пурсамар ва истифодаи оқлилонаи ҳар ваҷаб замин ҳидоят намуданд.
Дар ҳамин ҷо Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз намоишгоҳи маҳсулоти кишоварзӣ дидан намуда, бо дастовардҳои кишоварзони ноҳия шинос шуданд. Тавре иттилоъ дода шуд, имсол 1 ҳазору 803 хоҷагии деҳқонии ноҳияи Лахш дар майдони 8 ҳазору 246 гектар зироатҳои гуногун кишт карда, ҳосили фаровон ҷамъоварӣ намуданд.
Ҳамзамон соли равон деҳқонон тибқи дурнамо дар майдони 10 гектар боғҳои нави мевадиҳанда бунёд карданд, ки ин иқдом дар таҳкими иқтидори содиротии кишвар замина хоҳад гузошт. Дар маҷмуъ, майдони боғот дар ноҳия 1 ҳазору 740 гектарро ташкил медиҳад.
Деҳқонон аз ҳосили фаровони имсолаи себу нок ва дигар намуди мева изҳори қаноатмандӣ менамоянд.
Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои зиёд намудани ҳаҷми маҳсулот ва интихоби тухмии серҳосил ба кишоварзону масъулини ноҳияи Лахш дастурҳои мушаххас доданд.
Дар қисми дигари намоишгоҳ занону духтарони ҳунарманд номгӯи зиёди ҳунарҳои мардумӣ ва маҳсулоти дӯзандагӣ, аз ҷумла зардӯзӣ, гулдӯзӣ, чодардӯзӣ, қӯроқдӯзӣ, чакандӯзӣ, тоқидӯзӣ ва ғайраро ба намоиш гузоштанд.
Зимни боздид аз намоишгоҳ Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ҳунари бонувон баҳои баланд дода, онҳоро ба рушди бештари ҳунарҳои мардумӣ, ки бозгӯи таъриху фарҳанги миллати тоҷик аст, ҳидоят намуданд.
Бо мақсади эҳё ва рушди ҳунарҳои мардумӣ бонувону ҷавондухтарон дар ноҳияи Лахш ҳамеша аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дастгирӣ ёфта, ба онҳо имтиёзу имкониятҳои зиёд, аз қабили грантҳои Президентӣ дода мешавад.
Дар ноҳияи Лахш ҳамзамон ҳунармандон ба кандакорӣ, дутортарошӣ, табақтарошӣ, оҳангарию бофандагӣ ва ғайра машғул буда, дар рушд ва эҳёи ҳунарҳои мардумӣ саҳми худро мегузоранд ва аз ҳисоби маҳсулоти дастии омоданамудаи хеш зиндагиашонро пеш мебаранд.
Маҳсулоти нонӣ, аз қабили гирдача, хушкфатир, чапотӣ, кулча, кулчақанд, шириниҳои гуногун ва хӯрокҳои лазизи миллӣ, ки аз ҷониби нонпазон ва кадбонуҳои моҳир омода карда шудаанд, ба намоишгоҳ шаҳомати хоса зам намуданд.
Бояд таъкид намуд, ки давоми солҳои соҳибистиқлолии кишвар дар ноҳияи Лахш ба рушди ҳунарҳои мардумӣ эътибори ҷиддӣ зоҳир гардида, тавассути ташкил кардани курсҳои кӯтоҳмуддати омӯзишӣ занону бонувони хонашин ва ҷавондухтарон ба ҳунаромӯзӣ ҷалб карда мешаванд.
Иттилоъ дода шуд, ки сол то сол дар ин ноҳияи дурдасти кишвар ҳунарҳои мардумӣ ривоҷу равнақ меёбанд.
Бо ҳидояти бевоситаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамчунин дар ноҳия қолинбофии дастӣ низ аз нав эҳё гардид ва он ба занону духтарони хонашин дар марказ ва деҳоти он омӯзонида мешавад.
Ҳангоми боздид аз намоишгоҳ Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар суҳбат бо ҳунармандон таъкид намуданд, ки ташкил кардани бахшҳои ҳунаромӯзӣ, бунёди коргоҳҳои дӯзандагӣ дар ноҳия ва ҳамчинин дар шароити хона ба омӯзиши ҳунарҳои мардумӣ ҷалб кардани ҷавондухтарону занони бешуғл манфиатовар буда, ба ин восита дар оянда даҳҳо ҷойи нави корӣ муҳайё карда мешавад.

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 
Хабарҳои дигар
ПАНҶ. БОЗДИДИ РАИСИ ВИЛОЯТ АЗ САМАРАНОК ИСТИФОДАБАРИИ ЗАМИН ВА ҶАМЪОВАРИИ ҲОСИЛИ КАРТОШКА ДАР ХОҶАГИИ ДЕҲҚОНИИ ДАВРОН
ПАНҶ. БОЗДИДИ РАИСИ ВИЛОЯТ АЗ САМАРАНОК ИСТИФОДАБАРИИ ЗАМИН ВА ҶАМЪОВАРИИ ҲОСИЛИ КАРТОШКА ДАР ХОҶАГИИ ДЕҲҚОНИИ ДАВРОН
Имрӯз, 16 май, раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид зимни сафари корӣ дар ноҳияи Панҷ аз самаранок истифодабарии замин ва ҷамъоварии ҳосили картошка
ҶАЙҲУН. БОЗДИДИ РАИСИ ВИЛОЯТ АЗ ҶАМЪОВАРИИ КАРТОШКА ДАР ХОҶАГИИ ДЕҲҚОНИИ “ИБРОҲИМ”
ҶАЙҲУН. БОЗДИДИ РАИСИ ВИЛОЯТ АЗ ҶАМЪОВАРИИ КАРТОШКА ДАР ХОҶАГИИ ДЕҲҚОНИИ “ИБРОҲИМ”
Субҳи имрӯз, 16 май, раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид дар маъракаи ҷамъоварии ҳосили картошка дар хоҷагии деҳқонии “Иброҳим”, воқеъ дар деҳаи
ЁВОН. БОЗДИДИ РАИСИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН АЗ ХОҶАГИИ ДЕҲҚОНИИ “САХОВАТ”
ЁВОН. БОЗДИДИ РАИСИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН АЗ ХОҶАГИИ ДЕҲҚОНИИ “САХОВАТ”
30 май, раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид аз рафти ҷамъоварии картошка ва намоиши маҳсулотҳои кишоварзӣ дар хоҷагии деҳқонии «Саховат», воқеъ дар
ШИНОСОИИ РАИСИ ВИЛОЯТ АЗ НАШЪУНАМОИ БОҒИ ИНТЕНСИВӢ ДАР ХОҶАГИИ ДЕҲҚОНИИ “БОБОИ ШАМС”
ШИНОСОИИ РАИСИ ВИЛОЯТ АЗ НАШЪУНАМОИ БОҒИ ИНТЕНСИВӢ ДАР ХОҶАГИИ ДЕҲҚОНИИ “БОБОИ ШАМС”
28 июн, раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид зимни сафари корӣ дар ноҳияи Шамсиддин Шоҳин бо нашъунамои боғи интенсивии хоҷагии деҳқонии “Бобои Шамс”
ҶАЙҲУН. БОЗДИД АЗ ХОҶАГИИ ДЕҲҚОНИИ “ИҚБОЛ”
ҶАЙҲУН. БОЗДИД АЗ ХОҶАГИИ ДЕҲҚОНИИ “ИҚБОЛ”
Имрӯз, 4 май, раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид дар деҳаи Тоҷикистони ноҳияи Ҷайҳун аз самаранок истифодабарии замин ва ҷамъоварии ҳосили пиёз дар