Ба истифода додани марҳилаи дуюми Боғи фарҳангию фароғатӣ ва тақдими туҳфаҳо ба ятимон дар ноҳияи Нуробод
11 сентябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳраки Дарбанди ноҳияи Нуробод марҳилаи дуюми Боғи фарҳангию фароғатиро мавриди истифода қарор доданд.
Боғи мазкур дар масоҳати умумии 12,6 гектар аз ҷониби Муассисаи давлатии “Мудирияти минтақаи зериобшавандаи НБО-и “Роғун” бо тарҳи муосир бунёд шуда, яке аз маконҳои асосии сайру гашти сокинону меҳмонони ноҳия ва минтақа ба ҳисоб меравад.
Ба Сарвари давлат иттилоъ доданд, ки корҳои сохтмонӣ дар Боғи фарҳангию фароғатӣ аз моҳи апрели соли 2022 оғоз ёфта, дар муҳлати муайянгардида ва бо сифати баланд ба анҷом расид. Ҳангоми бунёди иншоот беш аз 50 нафар сокини маҳаллӣ ба кори доимӣ ва мавсимӣ ҷалб гардиданд.
Маблағи харҷшуда дар марҳилаи дуюми бунёди боғи фарҳангию фароғатии шаҳраки Дарбанд 32 млн. 190 ҳазор сомониро ташкил медиҳад.
Бо мавриди истифода қарор гирифтани марҳилаи дуюми иншооти фарҳангӣ, ки ба ҳусни ноҳия зебоии дигар зам кардааст, иловатан 15 нафар бо кор таъмин гардид.
Дар ҳудуди боғи нав амфитеатр бо 250 ҷойи нишаст, чойхона барои 40 ҷой, қаҳвахона, 5 атраксион барои дилхушии кӯдакон, 8 айвончаи сояафкан, ду майдончаи хурди варзишӣ барои бозиҳои футбол ва тенис, ду майдончаи бозии наврасон, ҳайкалчаҳои ҳайвонот, суҳбаткадаҳо сохта шудааст.
Бо мақсади зебову назаррабо гардондани боғи фарҳангию фароғатӣ даромадгоҳ ва роҳравҳои он сафолакпӯш гардида, дар боғ гулҳои рангоранги садбарг, мавсимӣ ва дарахтони нодири ороишию ҳамешасабз шинонида шудааст.
Мувофиқи нақшаи асосӣ дар ҳудуди боғ фаввора ва дигар таҷҳизоти дилхушӣ насб гардидааст, ки сокинону меҳмонони ноҳияи Нуробод дар ин макон метавонанд ба таври шабонарӯзӣ истироҳату фароғат намоянд.
Сарвари давлат ба сифати корҳои анҷомёфта баҳои баланд дода, ҷиҳати боз ҳам ободу зебо гардонидани ин макони дилфиреби фароғатӣ ба масъулон супоришҳои судманд доданд.
Пас аз ифтитоҳи марҳилаи дуюми боғи фарҳангию фароғатии шаҳраки Дарбанди ноҳияи Нуробод дар ҳамин ҷо Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо 34 нафар ятим мулоқот намуда, ба онҳо туҳфаҳо тақдим карданд. Туҳфаҳои Президенти кишвар аз бастаи китобҳои дарсию бадеӣ, аёниятҳои хониш, либос ва кумаки пулӣ иборат буд.
Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни суҳбати самимӣ бо ятимон таъкид намуданд, ки ҳар як нафари онҳо таҳти ғамхории бевоситаи давлат қарор доранд ва барои тарбияву ба камол расиданашон Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тамоми тадбирҳоро амалӣ менамояд.
Аз ҷавонону наврасон танҳо хониши аъло, муҳаббат ба Ватан, гиромӣ доштани арзишҳои миллӣ ва дар заминаи дониши баланд ба роҳ мондани зиндагии шоистаро талаб карданд.
Хабарҳои дигар

Ба истифода додани хати оби нушокии “Шолидара-Дарбанд” дар ноҳияи Нуробод
11 сентябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳраки Дарбанди ноҳияи Нуробод хати оби нӯшокии

Ифтитоҳи “Корхонаи металлургии тоҷик” дар шаҳри Гулистон
7 сентябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни сафари корӣ ба вилояти Суғд дар минтақаи саноатии шаҳри

ШИНОСОИИ РАИСИ ВИЛОЯТ АЗ НАШЪУНАМОИ БОҒИ ИНТЕНСИВӢ ДАР ХОҶАГИИ ДЕҲҚОНИИ “БОБОИ ШАМС”
28 июн, раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид зимни сафари корӣ дар ноҳияи Шамсиддин Шоҳин бо нашъунамои боғи интенсивии хоҷагии деҳқонии “Бобои Шамс”

Боздид аз корхонаи дӯзандагии Тоҷикистону Корея ҶДММ “Ориён Ҷей Текстайл” ва гузоштани санги асоси марҳилаи дуюм
9 сентябр дар доираи сафари корӣ ба вилояти Суғд Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар маҳаллаи Темурмалики

ҲАМАДОНӢ: ИФТИТОҲИ МАРҲИЛАИ ДУЮМИ ФАБРИКАИ ПАРВАРИШИ МУРҒИ ГУШТӢ
5 сентябр, дар доираи сафари кории Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба вилояти Хатлон раиси вилоят Давлаталӣ Саид ва сардори