Мулоқот бо Раиси Шӯрои директорони корпоратсияи саноати кӯҳкории “Зиҷин”-и Ҷумҳурии Мардумии Чин Чен Ҷингхе
12 август дар Қасри миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Раиси Шӯрои директорони корпоратсияи саноати кӯҳкории “Зиҷин”-и Ҷумҳурии Мардумии Чин Чен Ҷингхеро ба ҳузур пазируфтанд.
Дар мулоқот масоили ҳамкории кунунии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ин ширкати чинӣ ва нақшаҳои ояндаи муштарак баррасӣ шуд.
Тавре зикр гардид, ин ширкат дар Тоҷикистон ба истеҳсоли мис ва дигар металҳои гаронбаҳою ранга машғул буда, дар корхонаҳои он беш аз 2700 нафар аз аҳолии маҳаллӣ соҳиби кор мебошанд.
Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид доштанд, ки ҷониби Тоҷикистон аз татбиқи лоиҳаҳои нави сармоягузории барои иқтисоди кишвар муҳим истиқбол менамояд.
Хабарҳои дигар

Мулоқот бо Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Мардумии Чин Ван И
18 май дар Қасри миллат Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Вазири корҳои хориҷии

Мулоқот бо ноиби Президенти Бонки умумиҷаҳонӣ Антонелла Бассани ва ноиби Президенти Корпоратсияи Байналмилалии Молиявӣ Хела Шейхроуху
1 июл Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ноиби Президенти Бонки умумиҷаҳонӣ

Ифтитоҳи корхонаи истеҳсоли равған дар заминаи ҶДММ “Сирдарё” дар шаҳри Хуҷанд
Дар идомаи сафари корӣ Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Минтақаи саноатии

Боздид аз корхонаҳои халтаҳои полипропиленӣ, платаҳои чопӣ ва фурӯзонакҳои диодии ҶДММ “Ғаюр Гуруҳ” дар шаҳри Душанбе
16 июл Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии

Мулоқот бо Президенти Гурӯҳи Бонки исломии рушд доктор Муҳаммад Сулаймон Ал-Ҷассер
10 июн Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳошияи Конфронси сеюми